Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон доктори ифтихории Донишгоҳи Мавлоно шуд

17.12.2012 16:52, Туркия

Дар шаҳри Қуния Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи Мавлоно ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот намуд.

Дар даромадгоҳи Донишгоҳ меҳмони олимақомро Ректори ин муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии Туркия Баҳаттин Адам истиқбол гирифт.

Пас аз ворид шудани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба толори маҷлисии донишгоҳ сурудҳои миллии ду кишвари дӯст садо дод.

Дар оғози мулоқот қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи Мавлоно доир ба сарфароз гардондани Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори ифтихории ин муассисаи бонуфузи илмию таълимӣ дар бахши муносибатҳои байналмилалӣ қироат карда шуда, шаҳодатномаи ин унвони ифтихорӣ ба ӯ тақдим гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо барои чунин қадршиносии олӣ арзи сипос карда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Т оҷикистону Туркия, аз ҷумла дар бахшҳои илму маориф ва фарҳангу маънавиёт ҷаҳду талош мекунад.

Дар суханронии Эмомалӣ Раҳмон ба нақши таълимоти ҷаҳоншумули Мавлоно дар рушди робитаҳои Тоҷикистону Туркия баҳои баланд дода шуд. Аз ҷумла таъкид гардид: “Мавлавии Рум боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар яки мо ва умуман тамоми башарият аст. Ва ба яқини комил осори адабӣ ва фалсафию ирфонии ӯ минбаъд ҳам роҳи мову шуморо ба сӯи оянда мунаввар хоҳад кард. Рӯҳи бузурги Мавлавӣ дар ҳамбастагӣ бо пайвандҳои таърихии мардумони Тоҷикистон ва Туркия робитаҳои хайрхоҳона ва созандаи кишварҳои моро низ шодоб менамояд”.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520