Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоту музокироти расмии Тоҷикистону Туркия дар сатҳи олӣ

18.12.2012 17:42, Туркия

Аз субҳи имрӯз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Анқара идома ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст оромгоҳи Мустафо Камол Отатуркро зиёрат намуда, ба арзишҳои волои таърихию фарҳангии роҳбарият ва мардуми Ҷумҳурии Туркия ҳусни эҳтиром ба ҷо овард.

Маросими истиқболи расмӣ дар назди қасри Президенти Туркия баргузор гардид. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими расмии истиқбол бо садо додани сурудҳои миллии ду давлат, парондани 21 шиллик аз тӯпхонаҳо ва дигар муқаррароти протоколӣ бо шукӯҳи хоса ҷараён гирифт.

Зимни мулоқоти хоса сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, мӯҳтавои муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ду ҷониб судбахш изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб масоили ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, илму техника ва ҷалби сармоя баррасӣ шуд.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ сурат гирифт.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар ҳузури сарони ду давлат 9 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид:

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Туркия;

Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизион ва радиои Туркия;

Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва чорводории Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;
Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати маъданҳои кӯҳӣ;

Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Туркия;

Барномаи табодули фарҳангӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия;

Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2013 ва 2014;

Дар охир аз ҷонибаи сарони ду давлат Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия ба имзо расид.

Хотиррасон бояд намуд, ки то ин вақт заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Туркия иборат аз 50 санад буд. Тайи ин сафар дар маҷмӯъ боз 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз натиҷаҳои умедбахши ин боздид гувоҳӣ медиҳанд.

Ин аст, ки сарони ҳарду давлат зимни нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия изҳори хушнудӣ карда, онро таконбахши рушди минбаъдаи муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахш маънӣ доданд.

“Мо аз имконоти фарохи Тоҷикистон, хусусан дар соҳаҳои гидроэнергетика ва маъданҳои кӯҳӣ хуб огоҳем ва ба густариши ҳамкорӣ дар ин бахшҳо манфиатдорем” - изҳор дошт Абдулло Гул ва афзуд, ки «Туркия аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба истифодаи босамари захираҳои обиаш низ пуштибонӣ мекунад”.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Абдулло Гул ва дигар мақомоти роҳбарии Туркия барои ҳусни ният ва ҳавасмандӣ ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун арзи сипос карда, дурнамои муносиботи дӯстии ду кишварро умедбахш номид.

Аз Абдулло Гул даъват карда шуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари дӯстона ташриф биёрад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520