Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат дар соли 2012-ум ва вазифаҳо барои соли 2013

15.01.2013 20:58, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Ҳукумат!

Ҳозирини гиромӣ!

Натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2012 собит менамоянд, ки соли гузашта барои мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистон дар маҷмӯъ соли пурфайзу бобарор буд.

Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки минбаъд низ бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳо пешрафти ҳамаҷониба ва устувору дарозмуддати иқтисодиву иҷтимоии мамлакатро таъмин намоем.

Яъне ба Ҳукумати мамлакат зарур аст, ки ба хотири таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишвар мунтазам чораҷӯӣ намояд.

Соли 2012 бо вуҷуди омилҳои идомаёбандаи бӯҳронӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва дигар тамоюлҳои манфии ҷойдошта рушди бонизоми иқтисодӣ дар кишварамон таъмин гардид, аз ҷумла саноат ва кишоварзӣ вусъат ёфта, дар натиҷа суботи макроиқтисодӣ нигоҳ дошта шуд.

Ин аст, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2012–ум 7,5 фоиз афзоиш ёфта, ҳаҷми он ба 36,2 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Инчунин сатҳи таваррум дар ҳолати мӯътадил қарор дошта, 6,4 фоизро ташкил намуд ва қурби пули миллӣ устувор нигоҳ дошта шуд.

Бо вуҷуди ин, ба Ҳукумати мамлакат зарур аст, ки ҷараёни ислоҳоту дигаргунсозиҳоро дар тамоми самтҳо, бахусус дар таъмини беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ, афзун намудани самаранокии истифодаи моликияти давлатӣ, инчунин дастрасӣ ба бозорҳои сармоя ва молу маҳсулот ҳамаҷониба амалӣ намоянд.

Ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди муҳими соли гузашта арзёбӣ мегардад.

Узвият дар ин созмони бонуфуз ба субъектҳои соҳибкории ватанӣ дастрасии бозорҳои молу хизматрасониҳои минтақавию ҷаҳониро осон гардонида, тавассути ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва воридоти технологияҳои муосир ҷиҳати ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат ва қобили рақобат ба рушди иқтисоди миллӣ мусоидат хоҳад намуд.

Таъкид бояд кард, ки воситаву имкониятҳои дохилии боз ҳам суръат бахшидани рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои бахши воқеии иқтисодиёт тавассути зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар кишварамон хеле зиёданд.

Аз соли 2004 инҷониб дар мамлакат ҷиҳати роҳандозӣ намудани рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар беш аз 160 барномаи гуногуни тараққиёти соҳаҳои иқтисоди миллӣ қабул карда шудаанд. Вале дар самти амалишавии онҳо як қатор камбудиву норасоиҳо ба назар мерасанд.

Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки ҷараёни татбиқи ҳамаи барномаҳои давлатиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.

Вобаста ба ин, тамоми сохтору мақомоти давлатиро зарур аст, ки татбиқи сифатноку саривақтии барномаҳои соҳавӣ ва маҳаллии мамлакатро мунтазам таъмин намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

Инчунин бо дарназардошти вазъи ноустувор ва зудтағйирёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, буҳронҳои идомаёбандаи иқтисодиву сиёсӣ, коҳишёбии нархҳо ба молҳои асосии содиротии кишвар дар бозорҳои молу ашёи ҷаҳонӣ мо бояд тамоюлҳои рушди иқтисоди ҷаҳониву минтақавӣ ва талаботи бозорҳои молиро мунтазам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои пешгирии таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти мамлакат чораҳои саривақтӣ андешем.

Дӯстони азиз!

Дар давоми соли гузашта низоми идоракунии молияи давлатӣ зери назорати доимӣ қарор дошта, даромади буҷети давлатӣ, инчунин суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барзиёд иҷро гардида, чорабиниҳои дар буҷет пешниҳодшуда аз рӯи нақша таъмин карда шуданд.

Илова бар ин, мутобиқи Фармони Президенти мамлакат аз 1 сентябри соли 2012 музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, нафақа ва стипендия зиёд шуда, барои маблағгузории он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1,9 миллиард сомонӣ равона гардид.

Умуман ба соҳаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 5 миллиард сомонӣ равона карда шуд, ки ин 50 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Аммо бо вуҷуди чораҳои андешидашуда ҳоло ҳам дар пешбурди сиёсати фискалӣ ва идоракунии самараноки молияи давлатӣ камбудиву норасоиҳо ҷой доранд.

Аз ҷумла, буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯи 5 намуди андоз ва буҷети маҳаллии 5 шаҳру ноҳияи мамлакат таъмин карда нашудааст.

Ҳамзамон бо ин, бақияпулиҳои андоз дар соли 2012 ба маблағи 125 миллион сомонӣ зиёд гардидаанд.

Як қатор субъектҳои хоҷагидорӣ, аз ҷумла корхонаҳои азим низоми молиявиро риоя накарда, ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷет сари вақт таъмин накардаанд. Масалан, аз ҷониби Ширкати “Барқи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳҳомии “Сангтӯда-1” ӯҳдадорӣ дар назди буҷет ба маблағи 53 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст. Дар натиҷа талафи даромади буҷетҳои шаҳрҳои Норак, Сарбанд ва Роғун аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда шуд.

Агар ҳамаи ин манбаъҳои даромад ва дигар захираҳои мавҷудаи молиявӣ пурра ба буҷети давлатӣ ворид карда мешуд, иҷрои он иловатан зиёда аз 400 миллион сомониро ташкил мекард.

Аз ин лиҳоз, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки сиёсати устувори буҷету андозро таъмин намуда, ҷиҳати иҷрои босифати буҷети давлатӣ, дарёфти сарчашмаҳои нави даромад ва васеъ кардани манбаъҳои мавҷудаи он тадбирҳои зарурӣ андешанд, инчунин доир ба кам кардани бақияпулиҳои андоз ва воридоти саривақтии маблағҳо ба буҷети давлатӣ чораҳои қатъӣ андешанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола музди меҳнати ҳадди ақал, маоши хизматчиёни давлатӣ ва дигар кормандони соҳаҳои буҷетӣ зиёд гардида, дар баробари ин, дар мамлакат ҷойҳои зиёди корӣ таъсис ёфта истодаанд. Вале ҳаҷми пардохти андози иҷтимоӣ зиёд нагардида истодааст.

Бинобар ин, ба роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазоратҳои молия, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи андоз бо мақсади таъмини иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ ва қонеъ сохтани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба нафақа ва кӯмакпулиҳо ҳангоми тасдиқи нишондиҳандаҳои буҷети маҳаллӣ нақшаи воридоти андози иҷтимоиро дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дақиқ пешбинӣ карда, ҷиҳати иҷрои он чораҷӯӣ намоянд.

Ҳамзамон бо ин, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор, инчунин ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, бори дигар вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати нигоҳ доштани ҷойҳои мавҷудаи корӣ, зиёд намудани шумораи коргарон ва баланд бардоштани музди меҳнати онҳо пайваста чораҷӯӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки дар раванди амалӣ гардидани Кодекси нави андоз даромади буҷети давлатӣ метавонад коҳиш ёбад. Вале талафоти даромади буҷет тавассути баланд бардоштани маърифати ҳар як андозсупоранда, масъулияти роҳбарони ташкилоту корхонаҳо, маъмурикунонии андоз, васеъ намудани заминаи андозбандӣ, таъмини пурраи ӯҳдадориҳои ташкилоту корхонаҳо, аз ҷумла корхонаҳои азим дар назди буҷет бояд ҷуброн карда шавад.

Бинобар ин, ба Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки дар ин самт чораҷӯӣ карда, омӯзиш ва корҳои фаҳмондадиҳии муқаррароти Кодекси андоз дар таҳрири навро барои тамоми андозсупорандагон таъмин намоянд.

Дар сиёсати буҷети давлатӣ масъалаи таъмини ӯҳдадории давлат оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум минбаъд низ ҳамчун яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа боқӣ монда, дар соли ҷорӣ хусусияти иҷтимоии буҷети давлатӣ боз ҳам баланд бардошта мешавад.

Барои дар амал татбиқ намудани ин сиёсат мо бояд ба истифодаи мақсадноки маблағҳо, сарфакориву самаранокӣ ва сифату натиҷаи ниҳоии ҳар як лоиҳа ва барнома диққати ҷиддӣ диҳем.

Ҳамзамон бо ин, бори дигар таъкид менамоям, ки хароҷоти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатиро зери назорати қатъӣ қарор дода, дар ин самт аз ҳар гуна хароҷоти иловагии бесамар, аз қабили хариди таҷҳизот ва нақлиёт, таъмир ва дигар хароҷоти дуюмдараҷа худдорӣ карда шавад.

Бо мақсади паст намудани фишор ба буҷет бояд захираҳои дохилии мавҷуда бо дарназардошти устувор намудани низоми молиявӣ барои рушди соҳаҳои афзалиятнок сафарбар карда шаванд, ки онҳо дар оянда натиҷабахш бошанд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ супориш дода мешавад, ки идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва мутобиқсозии хароҷотро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, истифодаи мақсаднок ва самараноки ҳар як сомонии аз буҷет ҷудошударо таъмин намоянд.

Яке аз самтҳои муҳимтарини таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат татбиқи саривақтиву босифати лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ мебошад.

Ҳоло дар Тоҷикистон 57 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва роҳсозӣ, кишоварзиву обтаъминкунӣ, маорифу тандурустӣ ва бунёди дигар иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ба маблағи умумии қариб 9,5 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар баробари имкониятҳои дохилӣ мо ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда, танҳо дар соли 2012 ҷиҳати амалисозии 15 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ созишномаҳои маблағгузориро ба маблағи беш аз 1,3 миллиард сомонӣ ба имзо расонидем.

Илова бар ин, ба иқтисоди мамлакат ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ сармоягузориҳои мустақим ҷалб карда шудаанд.

Вале дар фаъолияти баъзе вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва махсусан марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ҳолатҳои камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, хароҷоти ғайримақсадноки маблағҳо, бо сифати паст иҷро кардани корҳои сохтмони ва изофанависӣ ба назар мерасанд.

Дар соли 2012 аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ба маблағи 166 миллион миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гардидааст, ки аз он 37 миллион сомонӣ изофанависии ҳаҷми корҳои таъмиру сохтмон, 16 миллион сомонӣ камомад ва тасарруфи воситаҳои пуливу молӣ, 19 миллион сомонӣ хароҷоти ғайриқонунии захираҳои пуливу молӣ, 25 миллион сомонӣ талафи воситаҳои пуливу молӣ ва 63 миллион сомонӣ маблағи кам ҳисобгардида ва рӯйпӯш намудани андозҳо мебошад.

Бинобар ин, Вазорати молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия якҷо бо сохтору мақомоти дахлдор вазифадоранд, ки шаффофият ва хароҷоти мақсадноки маблағҳои буҷети давлатӣ, аз ҷумла лоиҳаҳои сармоягузориро ҳамаҷониба таъмин намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Таъмини фаъолияти мураттаби корхонаҳои саноатӣ, рушди соҳибкории истеҳсолӣ, ҳавасмандгардонии молистеҳсолкунандагони ватанӣ, таъмини рақобатпазирии мол ва кору хизматрасониҳо ва дар ин замина ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ вазифаи муҳими сохтору мақомоти давлатӣ мебошад.

Ҳарчанд дар соли сипаригардида аз 971 корхонаҳои истеҳсолӣ 604 корхона нисбат ба соли 2011 бештар маҳсулот истеҳсол намудаанд, вале 81 корхона фаъолият накардааст.

Инчунин дар ин давра аз 89 намуди муҳимтарин маҳсулоти саноатӣ истеҳсоли 33 номгӯи маҳсулот кам гардида, 7 номгӯй умуман истеҳсол нашудааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар татбиқи барномаҳои вобаста ба рушди саноати сабук дар мамлакат як қатор норасоиву камбудиҳо ба назар мерасанд. Махсусан истеҳсоли калоба ва газворҳои пахтагӣ, ресмон ва матои абрешимӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, пойафзоли чармӣ ва қолин нисбат ба нишондиҳандаи барнома дар сатҳи паст қарор дошта, инчунин коркарди пашм ба ҷои 6 ҳазор тоннаи пешбинишуда дар соли 2012 ҳамагӣ 126 тонна коркард гардидааст.

Бинобар ин, Вазорати энергетика ва саноат бояд якҷо бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба татбиқи саривақтии барномаҳои соҳавӣ ҷиҳати барқарорсозии корхонаҳои азкормонда, бунёди корхонаҳои саноатии коркарди ашёи хоми ватанӣ ва дар ин асос таъмин намудани рушди саноати сабук, хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмон чораҳои иловагӣ андешад.

Мувофиқи маълумот соли 2012 умуман дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 668 корхонаҳои нав дар соҳаҳои гуногун ташкил карда шуда, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 132 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шудааст.

Соли сипаришуда дар доираи татбиқи нақшаву супоришҳои Ҳукумати мамлакат 332 корхонаи саноатӣ бо шумораи умумии қариб 9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст.

Вале иҷрои нақшаи мазкур на дар ҳама шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Имкониятҳои воқеии ташкили корхонаҳои саноатӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҳанӯз ба пуррагӣ истифода намегарданд.

Бинобар ин, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои нави дорои технологияҳои пешқадам, истеҳсоли молҳои рақобатпазир ва хизматрасониҳои баландсифат тадбирҳои мушаххас андешанд.

Дар ин самт Бонки миллиро зарур аст, ки барои идомаи ислоҳоти соҳаи бонкӣ ҷиҳати таъмин намудани устувории низоми бонкӣ, зиёд кардани шаклҳои хизматрасонии муосир, фароҳам овардани захираҳои васеи қарзиву сармоягузорӣ ба бахши воқеии иқтисодиёт, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ чораҳои мушаххас андешад.

Ҳарчанд ки дар соли 2012 аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда (6,2 миллиард сомонӣ) беш аз 50 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост меояд, вале ин ҳоло ҳам қонеъкунанда нест.

Аз ин лиҳоз, бори дигар таъкид месозам, ки Бонки миллӣ якҷо бо Бонки давлатии “Амонатбонк”, инчунин бонкҳои тиҷоратӣ ба масъалаи васеъ ба роҳ мондани қарздиҳӣ ба соҳибкории истеҳсолӣ, аз ҷумла ба соҳибкорони ноҳияҳои дурдасту кӯҳистони мамлакат аҳамияти зарурӣ диҳанд.

Зеро истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда, ҳарчи бештар сохта, ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ, ташкили коркарди пурраи ашёи хоми ватаниву партовҳои истеҳсолӣ ва дар ин асос ба роҳ мондани истеҳсоли молҳои воридотивазкунандаву ба содирот нигаронидашуда, инчунин диверсификатсияи истеҳсолот аз ҷумлаи роҳҳои вусъатбахшии рушди устувори иқтисодиёти миллӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ба ҳисоб меравад.

Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, дигар вазорату идораҳо супориш дода мешавад, ки барномаҳои қабулгардидаи соҳавӣ, аз ҷумла Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар давраи то соли 2015, ки ба рушди истеҳсолот ва афзунсозии нерӯи содиротии мамлакат нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба таҳлил намуда, вобаста ба ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ намоянд.

Дар ин ҷода, сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини шаффофият, бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ дар содироту воридоти молҳо доир ба суръат бахшидан ба масъалаи ҷорисозии тартиби барасмиятдарории воридот ва содироти молҳо тавассути усули “равзанаи ягона” чораҳои саривақтӣ андешанд.

Дар баробари ин, бо мақсади рушди босуботи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дар ин асос васеъ намудани имкониятҳои истеҳсолии кишвар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо супориш дода мешавад, ки лоиҳаи Консепсияи рушди минтақаҳои озоди иқтисодиро таҳия ва пешниҳод намояд.

Дӯстони азиз!

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон, яъне таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамаи имкониятҳоро сафарбар намуда истодааст. Вале таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар моро водор месозад, ки мушкилоти норасоии барқу маводи сӯзишвориро ҳарчи зудтар ҳал намоем.

Бинобар ин, аз як тараф бунёду барқарор намудани иқтидорҳои истеҳсоли нерӯи барқ ва аз ҷониби дигар истихроҷ ва истифодаи васеи дигар манбаъҳои энергетикии ватанӣ, аз ҷумла ангишт дар истеҳсолоти саноативу эҳтиёҷоти иҷтимоиву маишӣ ва насбу истифодаи таҷҳизоту технологияҳои каммасрафи барқӣ, кам кардани талафоти технологии барқ ва таъмини истифодаи сарфакоронаи он аз ҷумлаи роҳҳои асосии ҳалли масъалаи мазкур дар марҳалаи ҳозира мебошад.

Бояд гуфт, ки талафоти технологии барқ дар соли 2012 нисбат ба соли 2011-ум бетағйир боқӣ монда, вазъи ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда қаноатбахш нест ва ҳамагӣ 92 фоизи маблағи ҳисобишуда ҷамъоварӣ шудааст.

Яъне мушкилоти пардохти қарзи нерӯи барқи истифодашуда ҳамчун масъалаи ҳалталаби соҳа боқӣ мондааст.

Ба ҳолати 1-уми январи соли 2013 аз 282 нерӯгоҳҳои хурди мавҷуда 63 адади онҳо дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд.

Аз ин лиҳоз, ба Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати “Барқи Тоҷик” супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои иловагии маблағгузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду миёна, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷоти иқтисодиёт ва аҳолии мамлакат бо нерӯи барқ, оқилона истифода гардидани захираҳои обиву энергетикии кишвар, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти шабакаҳои энергетикӣ дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам, сарфаҷӯии нерӯи барқ ва кам кардани талафоти технологии он чораҳои мушаххас андешанд.

Махсусан, зарур аст, ки ҷиҳати солимгардонии вазъи иқтисодиву молиявии Ширкати «Барқи Тоҷик» ва татбиқи ислоҳоти сохтории он тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Вазорати энергетика ва саноат, Ширкати “Барқи Тоҷик” ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз кардани нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда - 2”, вусъат бахшидани корҳо дар самти азхудкунии конҳои нафту газ, инчунин якҷо бо Ҳукумати шаҳри Душанбе то тирамоҳи соли 2013 барқарор намудани дегхонаи “Ғарбӣ” ва ба итмом расонидани сохтмони навбати якуми маркази дуюми барқу гармидиҳии шаҳри Душанберо таъмин созанд.

Инчунин ҳамаи сохтору мақомотро зарур аст, ки ҷиҳати таъмин намудани зимистонгузарони соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар доир ба таъминоти ангишт, гази моеъ ва риояи реҷаи интиқоли барқ ба аҳолӣ ва иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ чораҳои саривақтиро амалӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Рушди соҳаи кишоварзӣ ва дар ин асос таъмин намудани амнияти озуқавории мамлакат яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти Ҳукумат ва сохтору мақомоти давлатӣ ба ҳисоб меравад.

Соли гузашта дар тамоми шаклҳои хоҷагидории мамлакат ба маблағи 16,5 миллиард сомонӣ истеҳсол гардидани маҳсулоти кишоварзӣ ва дар сатҳи 10,4 фоиз таъмин гардидани рушди соҳа далолат медиҳад, ки имкони афзоиши бештари истеҳсоли маҳсулоти мавриди ниёзи мардум ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ мавҷуд аст.

Дар натиҷаи ислоҳоти гузаронидашуда, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ додани ҳуқуқи интихоби мустақилонаи кишту парвариши намудҳои гуногуни зироатҳо, гузаронидани кишти такрорӣ ва гирифтани ду – се ҳосил аз заминҳои обӣ, ҳамчунин ҳалли масъалаи қарзи хоҷагиҳои пахтакор иқтидори соҳаи кишоварзӣ хеле афзун гардида истодааст.

Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки имкониятҳои воқеии соҳа ҷиҳати боз ҳам афзун гардонидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, татбиқи барномаҳои қабулгардидаи соҳавӣ, коркарди ниҳоии маҳсулот ва дар ин замина таъмин намудани фаровонии бозори истеъмолӣ ва рушди иқтидори содиротии мамлакат хеле зиёданд.

Дар асоси Фармони Президенти мамлакат дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 дар соли сипаришуда дар майдони беш аз 10 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд карда шуда бошад ҳам, вале на ҳамаи шаҳру ноҳияҳо нақшаи пешбинишударо таъмин кардаанд.

Илова бар ин, дар асоси Фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон аз 19 августи соли 2011 ҷиҳати амалишавии “Барномаи рушди соҳаи қутоспарварӣ барои солҳои 2008-2015” ва бо мақсади ташкил намудани хоҷагиҳои зотпарварӣ ва рушди қутоспарварӣ дар ноҳияҳои кӯҳистони мамлакат аз ҳисоби буҷети давлатӣ 2,5 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки дар натиҷаи беназоратӣ ва беаҳамиятии масъулон маблағҳои давлатӣ тасарруф ва қисми зиёди қутосҳо талаф шудаанд ва маблағи зарар қариб 1,5 миллион сомониро ташкил кардааст.

Ба Вазорати кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба ҷараёни татбиқи барномаҳои қабулгардидаи соҳавӣ, бахусус Барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ барои солҳои 2012-2020 чораҷӯӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, зиёд намудани бунёди боғҳо ва токзори нав, рушди соҳаҳои чорводорӣ ва занбӯриасалпарварӣ, сабзавоткорӣ, пахтакорӣ, истифодаи оқилонаи обу замин ва ташкили корхонаҳои коркард чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳамзамон бо ин, зарур аст, ки ҷиҳати дар муҳлатҳои муқарраргардида гузаронидани кишти баҳории зироатҳои кишоварзӣ, зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимӣ, рӯёнидани на кам аз ду ҳосил бо истифода аз тухмиҳои аълосифат, инчунин рушди соҳаи тухмипарварӣ ва гирифтани на кам аз 50 сентнер ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ аз як гектар замини обӣ, афзун намудани истеҳсоли картошка ва ба як миллион тонна расонидани он ва дар ин замина таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар, аз ҷумла таъмин намудани аҳолии мамлакат дар тамоми фасли сол бо маҳсулоти тару тоза тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Инчунин муташаккилона гузаронидани давраи зимистонгузаронии солҳои 2012-2013 ва иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иқтисодии соҳаи кишоварзӣ таъмин карда шавад.

Дигар масъалаи муҳими соҳа, ки ба ташкили ҷойҳои нави корӣ дар деҳоти кишвар ва фаровонии бозори истеъмолӣ мусоидат мекунад, мунтазам зиёд намудани азхудкунии қитъаҳои заминҳои бекорхобида ва аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мебошад.

Ҷиҳати ҳалли ин ва дигар масъалаҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва обтаъминкунӣ ҳоло 16 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии 1,2 миллиард сомонӣ мавриди амал қарор дорад.

Дар робита ба ин, ба Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об ва Вазорати кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки дар соли 2013 доир ба азхудкунии заминҳои нави обёришаванда, барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва иҷрои супоришҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, сари вақт амалӣ намудани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ чораҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати тезонидани раванди ислоҳоти низоми ташкиливу идоракунии соҳаи об ва ҳалли масъалаи пардохти қарзҳои маблағи истифодаи қувваи барқ тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Амалӣ гардидани нақшаҳои Ҳукумати кишвар ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат барои рушди бомароми соҳаи нақлиёт ва беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасониҳо заминаи боэътимод мегузорад.

Дарвоқеъ, бунёди роҳу нақбҳои мошингард имконият дод, ки имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари воҳид табдил ёфт.

Дар мамлакат дар соҳаи нақлиёт ва бунёди роҳу пулҳо 10 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 5 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дошта, дар доираи онҳо танҳо соли 2012 зиёда аз 400 миллион сомонӣ азхуд карда шудааст.

Аз ин лиҳоз, Вазорати нақлиёт ва роҳбарони марказҳои татбиқи лоиҳаҳоро зарур аст, ки сари вақту пурра ва бо сифати баланд татбиқ шудани лоиҳаҳоро таъмин намоянд.

Дар баробари ин, ба Вазорати нақлиёт супориш дода мешавад, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо истифода аз имконоти молиявии дохилӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ фаъолиятро дар самти банақшагирӣ ва оғози корҳои бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ (ноҳиявӣ ва байниноҳиявӣ) ва роҳи оҳан тақвият бахшад.

Бо вуҷуди вусъати корҳои сохтмонӣ ва бунёди як силсила иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ ҳаҷми сохтмони нотамом сол то сол дар мамлакат тамоюли афзоиш дорад.

Сабаби асосии зиёд гардидани иншооти сохтмонаш нотамом, пеш аз ҳама, ба инобат нагирифтани имкониятҳои молиявӣ ва ғайримақсаднок истифода гардидани маблағҳои ҷудогардида мебошад.

Бо дарназардошти ин, роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҳангоми таҳияи дурнамо, махсусан дар мавриди пешбинӣ намудани сохтмони иншооти нав иҷрои тартиби мавҷударо доир ба самаранок истифода бурдани маблағҳои ҷудогардида, сари вақту босифат ва мутобиқи меъёрҳои замони муосир сохта, ба истифода додани иншоот таъмин намоянд.

Хотирнишон месозам, ки ҳоло низ талаботи қонунгузории мамлакат дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо баъзан риоя карда намешавад. Инчунин тартиби ҷобаҷогузории сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, дигар инфраструктураи иҷтимоиву маишӣ ва фарҳангиву фароғатӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯй нест.

Бинобар ин, ба Агентии сохтмон ва меъморӣ супориш дода мешавад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти назоратӣ иҷрои сифатноки корҳои сохтмонро зери назорати доимӣ қарор дода, доир ба пешгирии қонунвайронкуниву изофанависӣ, роҳ надодан ба сохтмони иншооте, ки бе хулосаи ташхисӣ ва лоиҳаҳои нопурра сохта мешаванд, чораҷӯӣ намояд ва масъалаҳои баланд бардоштани сифати корҳои лоиҳакашӣ, бахусус хонаҳои истиқоматии ба талаботи муосир ҷавобгӯ ва бо дарназардошти истифодаи технологияҳои каммасрафи барқиро ба инобат гирад.

Муҳтарам аъзои Ҳукумат!

Ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мисли ҳарвақта таҳти таваҷҷӯҳи хосаи Ҳукумат қарор доранд ва мо вобаста ба афзоиши имкониятҳои иқтисодии давлат барои рушди онҳо, аз ҷумла ҳалли масалаҳои маориф тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодаем.

Вале бо вуҷуди ин, то ҳанӯз сатҳу сифати таълиму тарбия, дараҷаи маърифатнокӣ ва малакаву маҳорати хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ ва қисме аз омӯзгорон ба талаботи меъёрҳои муосир ҷавобгӯ нест.

Сабабҳои асосии қаноатбахш набудани раванди таълиму тарбия ва донишандӯзии шогирдони мактабҳои миёнаву олии кишвар, пеш аз ҳама, номукаммал будани нақшаву барномаҳои таълимӣ, нокифоя будани таъминоти муассисаҳои таълимӣ, алалхусус муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо мутахассисони ботаҷрибаву баландихтисос, сатҳи начандон кофии мазмуну мӯҳтавои китобҳои дарсӣ, мавҷудияти як силсила камбудиҳо дар самти ба ҷои кор нарафтани омӯзгорони ҷавон ва ба талабот ҷавобгӯ набудани фаъолияти роҳбарони мактабҳо мебошанд.

Бинобар ин, Вазорати маориф вазифадор карда мешавад, ки барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, таъмин кардани муассисаҳои таълимӣ бо асбобҳои аёнӣ ва методӣ, ҳавасмандгардонии мутахассисони ҷавон, истифодаи мақсадноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ ва шартномавӣ, инчунин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва эҳтироми арзишҳои неки милливу умумибашарӣ мунтазам чораҷӯӣ намояд.

Боиси ташвиш аст, ки солҳои охир дар байни хонандагони баъзе муассисаҳои таълимии кишвар зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла задухӯрдҳои гурӯҳӣ дар байни хонандагон зиёд ба мушоҳида мерасад.

Соли гузашта 625 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон, яъне шогирдони мактабҳои миёна содиршуда ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2011 80 ҳолат зиёд буда, афзоиши он 15 фоизро ташкил медиҳад.

Масъалаи дигари ҳалталаби соҳаи маорифи мамлакат ин тайёр кардани кадрҳо аз рӯи касбҳои коргарӣ мебошад.

Аз таҳлили фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бармеояд, ки вазъи тарбияи кадрҳои коргарӣ то ба ҳол қаноатбахш нест.

Ин дар ҳолест, ки талаботи бозори дохилӣ ва хориҷии меҳнат ба ихтисосҳои коргарӣ торафт афзоиш меёбад.

Чунончӣ, тибқи нақша дар соли хониши 2012-2013 дар муассисаҳои зикршуда бояд қариб 14 ҳазору 200 нафар хонанда қабул карда мешуд.

Лекин дар ин давра ҳамагӣ 10 ҳазору 150 нафар қабул қабул карда шудааст, ки нисбат ба нақша 4 ҳазору 50 нафар кам мебошад.

Дигар ин, ки қисми зиёди барномаҳо ва маводи таълимӣ барои тайёр кардани кадрҳои коргарӣ ҳанӯз солҳои 80-уми асри гузашта таҳия шуда, ҳам аз лиҳози методӣ ва ҳам аз ҷиҳати техникиву технологӣ кӯҳна шудаанд.

Бо дарназардошти чунин вазъ, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати маориф ва дигар вазорату идораҳо вазифадоранд, ки дар баробари бартараф намудани камбудиҳои зикршуда ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандони кишвар ба омӯзиши касбҳои коргарӣ ва такмил додани малакаи тахассусии онҳо барои зиёд намудани шабакаи марказҳои тайёр кардани кадрҳои коргарӣ бо истифода аз базаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, инчунин ҷалби захираҳои дохилӣ, маблағҳои сармоягузорӣ ва гранту кӯмакҳои молиявии бонкҳову созмонҳои байналмилалӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Мо дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисос, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таъмиру таҷдиди муассисаҳои тиббии мавҷуда ва бунёди бунгоҳу дармонгоҳҳои нав, инчунин таъмин кардани онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ мунтазам чораҷӯӣ менамоем.

Илова бар ин, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббиву санитарӣ ба аҳолӣ як қатор барномаҳои миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемориҳо қабул гардида, давра ба давра амалӣ шуда истодаанд.

Вале бояд гуфт, ки татбиқи барномаҳои миллии қабулшуда то ҳанӯз ба таври бояду шояд ба роҳ монда нашудааст.

Дар асоси дастовардҳои илми муосир ва технологияҳои ҳозиразамон ҷорӣ намудани усулҳои наву самараноки пешгирии бемориҳо ва ташхису табобати онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳа мебошад. Маҳз бо ҳамин мақсад аз ҷониби Ҳукумат дар назди Вазорати тандурустӣ Академияи илмҳои тиб таъсис дода шуд.

Аз ин лиҳоз, Вазорати тандурустӣ вазифадор аст, ки ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти мавҷудаи соҳа, аз ҷумла пешгирии бемориҳои сироятӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таъминоти соҳа бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи касбӣ, хотима бахшидан ба воридоти дорувории пастсифат ба кишвар ва таъмиру таҷдиди муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳозирини гиромӣ!

Аз санаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” беш аз панҷ сол гузашт ва чунонки ҳамаи шумо мушоҳида мекунед, баъди қабули ин санад бисёр паҳлуҳои зиндагии мо ба низом даромада, дар аксари мавридҳо пеши роҳи исрофкорӣ ва хароҷоти беҳуда гирифта шуд. Вале ҳанӯз ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ба қонуншиканиҳо роҳ дода мешавад.

Барои риоя нагардидани муқаррароти қонуни мазкур дар соли 2012 беш аз 180 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба мақомоти судӣ ирсол карда шудааст.

Аз ҷумла ин нишондиҳанда дар вилояти Хатлон 109 адад, вилояти Суғд – 34, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 21 ва дар шаҳри Душанбе 21 адад мебошад.

Бинобар ин, Кумитаи оид ба корҳои дин, Прокуратураи генералӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатиро бори дигар вазифадор месозам, ки ҷиҳати риояи ҳатмии муқаррароти қонуни мазкур тадбирҳои мунтазам ва қатъӣ андешанд, инчунин бо мақсади баланд бардоштани масъулияти кормандони комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо чораҳои судмандро амалӣ созанд.

Бо мақсади бартараф кардани камбудиву мушкилоти ҷойдошта имрӯз зарурат ба миён омадааст, ки дар Дастгоҳи иҷроияи Президент сохтори дахлдор оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз нав таъсис дода шавад.

Қаблан изҳор дошта будам, ки мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, хариду фурӯши одамон, муқовимат бо коррупсия, ошкор ва безарар гардонидани гурӯҳҳои ҷиноятии муташаккил яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам вазъи ҷинояткорӣ дар кишвар ташвишовар боқӣ мондааст.

Аз ин рӯ, бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва суботу оромии ҷомеа мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ, махсусан ҷиноятҳои вазнин, ошкор намудан ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ҷиноят содиркарда фаъолияти худро пурзӯр намуда, дар самти безарар гардонидани гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва пешгирӣ кардани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир чораҳои муассир андешанд.

Илова бар ин, ба вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, маориф, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, телевизион ва радио, оид ба корҳои дин, Шӯрои уламо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот супориш дода мешавад, ки бо ҷалби васеи зиёиён, шахсони обрӯманду рӯзгордида ва ходимони дин ҷиҳати паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва наврасону ҷавонон чораҳои муассир андешида, риояи муқаррароти Қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”-ро таъмин намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ, илму донишандӯзӣ, забондонӣ ва одобу ахлоқи ҳамида кафолати пешрафти маънавии ҷомеа ва дар маҷмӯъ ояндаи ободи кишварамон мебошад.

Бо истифода аз ширкати раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо боз ба як масъалаи муҳим ҷалб намоям.

Тибқи маълумоти Вазорати мудофиа ҳангоми маъракаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ раисони баъзе шаҳру ноҳияҳо вазифаи худро ба пуррагӣ иҷро намекунанд.

Ин аст, ки нақшаи даъват бо сифати паст ва бо кашолкорӣ анҷом меёбад.

Аз ин рӯ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки дар давраи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо комиссариатҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъватӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ ва махсусан ҷавонон васеъ ба роҳ монанд.

Дар баробари ин, бояд қайд намоям, ки ҳанӯз ҳам дар қисмҳои низомӣ ҳолатҳои риоя накардани талаботи оинномаҳои ҳарбӣ ва дағалона вайрон гардидани муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ ба назар мерасанд.

Арзу шикояти аскарон аз тарафи ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ сари вақт ва воқеъбинона баррасӣ карда намешавад. Гузашта аз ин, ҳолатҳои аз ҳадди ваколати хизматии худ баромадани афсарон низ кам нест.

Вобаста ба ин, роҳбарони сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва дигар сохтору мақомот вазифадор карда мешаванд, ки доир ба пешгирӣ кардани амалҳои қонуншиканӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.

Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ ва дигар сохтору мақомоти низомиро зарур аст, ки ҷиҳати аз тарафи хизматчиёни ҳарбӣ ба таври қатъӣ риоя гардидани интизоми хизматӣ ва талаботи оинномаҳои ҳарбӣ тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар вазифадоранд, ки дар баробари таъмин намудани омодабошии ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин дар самти тарбияи ҷисмониву ватандӯстонаи афсарону аскарон ва тоза намудани сафҳои худ аз шахсони бемасъулияту тасодуфӣ мунтазам ҳамаи чораҳои зуруриро амалӣ намоянд.

Ҳозирини арҷманд!

Дар фарҷоми сухан мехоҳам боз ба як самти муҳими фаъолияти ҳаррӯзаи касбии ҳар кадоми мову шумо, ки ба муроҷиати шаҳрвандон ва баррасии саривақтии онҳо иртибот дорад, изҳори назар намоям.

Дар давоми соли сипаришуда ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон беш аз нуҳ ҳазор муроҷиати шаҳрвандон ворид шудааст, ки мазмуни онҳоро бештар масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин, расонидани кӯмаки молиявӣ, шикоят аз қарори судҳо, норозигӣ аз рафтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва амалҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташкил медиҳанд.

Шаҳрвандон дар муроҷиатҳояшон изҳори норозигӣ мекунанд, ки бинобар сабаби дар мақомоти марказиву маҳаллӣ дарёфт накардани ҳақиқат маҷбур шудаанд, ки ба Сарвари давлат муроҷиат намоянд.

Сабаби камбудиҳои ҷойдоштаро аризадиҳандагон дар бемасъулиятии кормандони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидораи шаҳраку деҳот ва корхонаву муассисаҳо мебинанд, ки онҳо дар бисёр ҳолатҳо муҳлати баррасии муроҷиатҳоро риоя намекунанд ё қарорҳои беасосу ғайриқонунӣ қабул мекунанд.

Аз ин рӯ, мақомоти назоратиро зарур аст, ки корро дар ин самт фаъол намуда, ҷиҳати ба ҷавобгарии интизомӣ ва маъмурӣ ҷалб намудани шахсони мутасаддии бемасъулияту фориғбол чораҳои зарурӣ андешанд.

Зеро муайян намудани мушкилоти ҷойдоштаи ин ё он соҳа ба мақомоти давлатӣ ҳамон вақт муяссар мешавад, ки агар масъулон муроҷиати шаҳрвандонро мунтазам мавриди таҳлилу омӯзиш қарор диҳанд.

Итминон дорам, ки аъзои Ҳукумат, роҳбарони сохтору мақомоти ҷумҳуриявӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин мардуми бонангу номус ва меҳанпарасту солори мо имсол низ барои татбиқи нақшаҳои тарҳрезигардида ва вазифаҳои гузошташуда ба хотири таҳкими боз ҳам бештари иқтидори иқтисоди давлати соҳибистиқлоламон ва зина ба зина баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳми арзандаву ватандӯстонаи худро мегузоранд.

Ба ҳамаи шумо дар иҷрои масъулияти пуршарафу муқаддаси шаҳрвандиатон ба нафъи мардуми тоҷик ва давлати тоҷикон барору комёбӣ орзумандам.

Доимо саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520