Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ вориди шаҳри Ашхобод, пойтахти Туркманистон шуд.
Барои иштирок дар тантанаҳои идона ва ҳам мулоқотҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ба Туркманистон, ҳамчунин сарони давлатҳо ва ё намояндагони воломақом аз Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Туркия ва дигар кишварҳои ҷашнгирандаи Наврӯзи оламафрӯз ташриф меоранд.
Пас аз чанд лаҳзаи ворид шудан ба Ашхобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов мулоқот намуд.
Эмомалӣ Раҳмон Гурбонгули Бердимуҳаммадовро ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Туркманистон табрик гуфта, ба сатҳи омодагӣ ва пазироии кишвари мизбон баҳои баланд дод.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин маҷмӯи васеи масоили вобаста ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар баррасӣ шуд.
“Ҳамкорӣ бо Туркманистон дар сиёсати хориҷии минтақавии Тоҷикистон мақоми афзалиятнок дорад”, - изҳор намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Лоиҳаи пайвастани роҳҳои оҳани Тоҷикистону Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон, ки тайи 2-3 соли оянда бояд амалӣ гардад, дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ номида шуд.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ҳоло лоиҳаи боз 17 санади нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркманистон дар ҳоли омӯзиш ва мувофиқасозӣ қарор дорад.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.