Зимни суҳбати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу низ муносиботи ояндаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дорои дурнамои густурда номида шуд.
Аз татбиқи босамари барномаҳои Иттиҳоди Аврупо ба монанди БОМКА/КАДАП, «Темпус» ва «Эразмус Мундус» ва дастгирии макромолиявию техникии Тоҷикистон арзи қаноат карда шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки мулоқотҳои имрӯза бо роҳбарияти олии сохторҳои марказии Иттиҳоди Аврупо ба густариши муносиботи судманди ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат ва амният, иқтисоду савдо, сармоягузорӣ, иҷтимоиёт, илму техника ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Бино ба таъкиди Жозе Маннуэл Баррозу, “Тоҷикистон оянда ҳам, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Стратегияи таҳияшавандаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ барои солҳои 2014-2020 ва барномаю лоиҳаҳои сершумори мо дар Афғонистон чун кишвари калидӣ дар ин минтақа боқӣ хоҳад монд”.
Аз Президенти Комиссияи Аврупо Жозе Маннуэл Баррозу даъват карда шуд, ки барои идома додани муколамаи созандаи ду ҷониб ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.