Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.07.2006 17:00, шаҳри Душанбе

Рӯзи 25 июл Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод баргузор гашт.

Маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷонибаи ду кишвари дорои муштаракоти зиёди фарҳангию таърихӣ нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.

"Мо аз оғози истиқлоли Ватан дӯстӣ ва ҳамкории васеъ бо Ҷумҳурии Исломии Эронро самти муҳимми стратегияи минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистони соҳибистиқлол эълом доштем ва барои таъмини он доиман талош намудем ва имрӯз метавон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки равобит ва ҳамкории дӯстонаи ду кишвар ва ду халқ сатҳ ва мазмуни баланд ва матлуби таърихӣ касб менамоянд ва ба иродаи мардумон ва панди ниёгон бештару бештар созгор мешаванд", изҳор дошт зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди равобити мутақобилан судбахши ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои ду кишвари дӯст изҳори қаноатмандӣ намуда, иштироки сармоя ва мутахассисони Ҷумҳурии Исломии Эронро дар бунёди нақби мошингарди Анзоб, нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-2 ва чанд иншооти дигар намунаи хуби ҳамкориҳои иқтисодӣ арзёбӣ намуданд.
Татбиқи амалии лоиҳаҳои стратегии соҳаи гидроэнергетика ва роҳсозии Тоҷикистон дорои аҳамияти бузург барои кулли кишварҳои минтақа маънидод карда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва савдо, таҳкими равобити байнипарлумонӣ, ҳамкории иттилоотӣ, марзбонӣ, низомӣ, саҳмгузории муштарак дар бозсозии баъдиҷангии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо мубодилаи афкор сурат гирифт.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба муносибатҳои ҳамкории иқтисодӣ, дипломатӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки суръати густариш ва таҳкими равобити ду кишвар минбаъд низ боло хоҳад рафт, зеро ки мо мехоҳем Тоҷикистони ҳамзабону ҳамфарҳанги худро ба ҳайси як давлати қавию сарватманд ва пешрафта бубинем, - таъкид намуд ӯ.

Зимни мулоқоти пурмӯҳтаво, ки дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум оид ба тамоми масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷонибҳо ҷараён гирифт, тарафҳо омодагии худро баҳри таҳкиму тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯст таъкид намуданд.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барои рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи дуҷониба пешниҳод намуд, ки як телевизиони муштараки фарҳангии форсизабонон, як муассисаи муштараки таълимии фарҳангӣ бунёд карда шавад. Ӯ ҳамчунин изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон омода аст барои таълим додани мутахассисони ҷавони Тоҷикистон 100 ҷой дар муассисаҳои олии таълимии кишвараш ҷудо намояд.

Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин пешниҳодҳои муфид ва дорои аҳамияти бузурги минтақавии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро дар бораи истихроҷ ва коркарди газу нафти Тоҷикистон ва рушди ҳамкориҳои нақлиётию энергетикӣ мавриди дастгирӣ қарор дод.

Баъди анҷоми мулоқотҳо маросими имзои санадҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкориҳои дуҷониба баргузор гардид, ки зимни он шаш санади муҳим ба имзо расид.

Ба баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имзо гузоштанд.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи адлияро Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Халифабобо Ҳамидов ва Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ имзо намуданд.

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокир Вазиров ва Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттаки ба имзо расид.

Барномаи иҷроии ҳамкориҳои туризм байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон барои солҳои 2006-2009-ро Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солеҳов ва Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ имзо намуданд.

Ба Созишномаи тиҷорати имтиёздор байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солеҳов ва Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Миркозими имзо гузоштанд.

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрондар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодиро Вазири иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаким Солеҳов ва Вазири бозаргонии Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Миркозими имзо намуданд.

Дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорони васоити ахбори умум, ки пас аз имзои санадҳои ҳамкории байни ду кишвари дӯст баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов иброз намуд, ки дар меҳвари ҳамаи мулоқоту музокирот дарёфти роҳу василаҳои рушди ҳамкории дуҷониба қарор дошт ва дар ин росто ба ҳамкории бунёдии иқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бунёди нақби мошингарди Анзоб, нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-2-ро намунаи намоёни ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар арзёбӣ намуда, бо қаноатмандӣ мужда расонд, ки ҷониби Эрон омодааст, дар бунёди туннели Чормағзак низ бо маблағгузории имтиёзӣ саҳмгузор бошад ва ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барои ҳусни назар ва мусоидати дӯстона арзи сипос кард.

Дар робита ба масоили амнияти байналмилалию минтақавӣ ва вазъи кунунии минтақаи Шарқи Наздик ҳар ду ҷониб таъкид доштанд, ки масоили мавҷуди баҳснок бояд фақат аз тариқи муколама ва музокироти сиёсӣ бар асоси усулу арзишҳои эътирофшудаи байналмилалӣ, ҳусни ният ва бо дарки масъулияти таърихӣ ҳаллу фасл шаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ин робита изҳор дошт: "Ба назари мо, ки узви Созмони Конфронси Исломӣ ва ҷомеаи бузурги мусулмонони ҷаҳон мебошем, амалиёти мусаллаҳона ва харобиовар дар Лубнон бояд ҳарчи зудтар қатъ гардад ва мушкилоти мавҷуда ба роҳи сиёсӣ бо дарназардошти ҳаққи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Лубнон ва дурнамои сулҳу субот дар Шарқи Наздик ҳаллу фасл шаванд".

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҳамчунин ба суолҳои хабарнигорони дохилию хориҷӣ посух доданд.

Субҳи рӯзи 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани туннели мошингарди Анзоб ба ноҳияи Айнии вилояти Суғд сафар карданд.

Қабл аз ташриф овардан ба маҳалли тантанаҳои ифтитоҳи расмии туннели мошингарди Анзоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бо чархбол аз силсилаи нерӯгоҳҳои хурду бузурги обии барқии боли дарёи Вахш дидан карданд. Сарварони давлатҳои Тоҷикистону Эрон беш аз ҳама ба нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2 таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз захираҳои обию энергетикии пурғановати Тоҷикистон бо чашми худ дидан карда, имконоти мавҷудаи энергетикии Тоҷикистонро васеъу беинтиҳо маънидод кард.

Дар ин вақт атрофи даромадгоҳи қисмати шимоли туннели мошингарди Анзоб қабои идона ба бар дошт. Дар ин ҷо як қатор аъзои Парлумону Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони бархе аз вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагони аҳли илму фарҳанг, шоиру нависандагони маъруфи ҷумҳурӣ, намояндагон аз табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва мардуми ноҳияҳои водии Зарафшон бо ҳисси баланди эҳтирому самимият ба сиёсати бунёдкоронаю созандагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташрифи сарварони Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмонов ва Маҳмуди Аҳмадинажодро мунтазир буданд.

Расо соати нӯҳи субҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба ин мавзеъ омаданд.

Дар маҳалли чорабиниҳои тантанавӣ сарварони ду давлат Эмомалӣ Раҳмонов ва Маҳмуди Аҳмадинажодро Раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов, раиси ноҳияи Айнӣ Мавҷуда Бобоева ва аҳли ҷамоятчигии ноҳия дар фазои тантанавии рӯҳбахш истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар даромадгоҳи туннел лентаи рамзиро бурида, пардаи болои лавҳаи ёдгорӣ аз диловарию матонати кӯҳканони тоҷику эрониро бардоштанд ва ба фаъолияти туннели мошингарди Анзоб, ки имрӯз бо пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов номи Истиқлолро касб намуд, оғози расмӣ бахшиданд.

Қатори мошинҳои Сарварони давлатҳои Тоҷикистону Эрон ва ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баъди ифтитоҳи расмӣ нахустин шуда, аз туннели мошингарди Истиқлол гузашт карданд ва барои кори бобарору бемонеаи ин иншооти бузурги аср фотиҳаи нек доданд.

Баъди ин рӯйдоди бузурги таърихӣ, ки самараи заҳмату талоши шаборӯзии диловарони фарҳодсифати тоҷику эронӣ мебошад, ҳазорон нафар мардуми сипосгузор аз тантанаҳои сиёсати бунёдкоронаю созандагӣ Сарварони давлатҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмонов ва Маҳмуди Аҳмадинажодро гарму ҷӯшон ва бо ҳисси баланди ифтихор аз ободонии Ватани азиз истиқбол гирифтанд.

Ҷамъомади тантанавии ифтитоҳи туннели мошингарди Анзобро Раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов кушода эълон намуда, сухани табрикиро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дод.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ифтитоҳ ва ба истифода додани туннели мошингарди Анзобро барои ҳозирин ва кулли мардуми Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онро нишонаи хуби ҳамкориҳои пурсамари Тоҷикистону Эрон ва идомаи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пайвастани ҳамаи қисматҳои Тоҷикистони ягона ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо кардани он маънидод кард ва ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ва кулли мардуми шарафманди Эрони бостонӣ барои кӯмакҳои беғаразонаи бародарӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод бунёд ва ифтитоҳи туннели мошингарди Анзоб, сохтмони нерӯгоҳи обии барқии Сангтӯда-2 ва чанд иншооти дигарро намунаҳои кӯмаки беғарази Эрон ба кишвари дӯст ва ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон маънидод карда, омодагии худ ва кишварашро барои идома ва вусъати ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ таъкид намуд.

Собиқадори маъруфи меҳнат Субҳон Тӯйғунов низ дар ҷамъомади тантанавӣ суханронӣ намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов барои сиёсати бобарори бунёдкорона ва ҳамчунин ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барои дастгирии беғаразона аз рушди назарраси иқтисодию иҷтимоии давлати ҷавони Тоҷикистон аз номи мардуми ҷумҳурӣ изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ба як зумра нақбканон, ки аз худ матонату корнамоии шоиста зоҳир карданд, тӯҳфаҳои қиматноки хотиравӣ тақдим намуда, ба онҳо арзи сипос кард.

Тибқи расми бобоӣ ба меҳмонони олимақом Эмомалӣ Раҳмонов ва Маҳмуди Аҳмадинажод аз номи мардуми сипосгузори ноҳияи Айнӣ ва вилояти Суғд хилъатҳои миллии тоҷикӣ пӯшонда шуд.

Чорабиниҳои тантанавии бахшида ба ифтитоҳи расмии туннели мошингарди Анзоб бо намоиши театрикунонидашудаи Фарҳоди кӯҳкан ва консерти бошукӯҳи устодони санъат анҷом ёфт.

Шодию нишоти аҳли илму фарҳанг, шоиру нависандагон, мардуми ноҳияҳои водии Зарафшон ва кулли ҳозиринро аз ин рӯйдоди фараҳбахш ҳадду канор набуд. Мардум аз сиёсати бобарори дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов амалӣ гашта, самараи дилхоҳ меорад, изҳори қаноатмандию хушнудӣ мекунанд.

Шоми рӯзи 26 июл мулоқоти хоссаи сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон баргузор гашт.

Дар вохӯрӣ масоили ба роҳ мондани ҳамкориҳои судбахши минтақавӣ дар соҳаҳои алоқаю коммуникатсия, нақлиёти автомобилию роҳи оҳан, бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ, интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистону Покистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказию Ҷанубӣ ва ҳамчунин масъалаи густариш додани равобити илмию фарҳангӣ ва амниятӣ баррасӣ шуд. Ин ва дигар масоили муҳимми сеҷониба ва минтақавӣ нахуст дар мулоқоти хоссаи сарони давлатҳо сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарсе давлат мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар мулоқоти сеҷониба лоиҳаҳои стратегии татбиқшавандаи Тоҷикистон ба мисли бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузурги обии барқӣ, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқи "Тоҷикистон-Мазори Шариф-Машҳад", дар дохили Тоҷикистон хатҳои "Шимол-Ҷануб" ва "Лолазор-Хатлон", пӯлҳои азими мошингард дар болои дарёи Панҷ ва дигар лоиҳаҳои таҳияшаванда дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ маънидод карда шуда, мавриди дастгирии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Пешниҳоди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов оид ба таъсиси Шӯрои ҳамкории иқтисодӣ, бозаргонӣ ва техникӣ, ки дар таркиби он минбаъд гурӯҳҳо ва комиссияҳои соҳавӣ ва ихтисосӣ метавонанд фаъолияти босамари корӣ дошта бошанд, аз ҷониби Сарони Афғонистону Эрон бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Баъди анҷоми мулоқотҳо маросими имзои санадҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкории сеҷониба баргузор гардид.

Баёнияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои сеҷонибаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод имзо намуданд.
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи назорати воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекусорҳои онҳо аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, Вазири мубориза алайҳи маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳабибуллоҳ Қодирӣ ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ ба имзо расид.

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба ҳамкории сеҷониба дар соҳаи мубориза бо терроризмро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров, Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Рангин Додфар Спанто ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Манучеҳри Муттакӣ имзо гузоштанд.

Ойинномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии байнидавлатии масирҳои ҳамлу нақли байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳим Ашӯров, Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Рангин Додфар Спанто ва Вазири роҳ ва таробарии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммади Раҳматӣ имзо намуданд.

Баъд аз маросими имзои санадҳои ҳуқуқию қарордодии ҳамкории сеҷониба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов, Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оростанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов мулоқоту музокироти раисони ҷумҳури се кишвари дорои пайвандҳои амиқ ва муштаракоти зиёди таърихиро, муҳим маънидод карда, ҳамкории бунёдии иқтисодиро самти муҳимтарин ва афзали равобити дарозмуддат номид ва афзуд, ки ҳамкории босамар ва амалӣ дар ҳамлу нақл, таҷдид ва навсозии роҳҳо ва сохтмони шабакаҳои гуногуни васли се кишвар мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор мегирад.

Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба саҳми Тоҷикистон ва нақши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар таҳкиму густариши ҳамкориҳои серҷабҳаи минтақавӣ ва раванди барқарорсозии баъдиҷангии Афғонистони азияткашида намоён арзёбӣ намуда, барои муҳайё намудани шароити хуби корӣ баҳри дарёфти роҳу усул ва имконоти васеи ҳамкориҳои судбахш арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Сарварони давлатҳо оид ба тасмимоти муштараки худ дар ҳаллу фасли масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон, густариш додани робитаҳои илмию фарҳангии се кишвар ибрози андеша намуда, ҳамчунин ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Бегоҳии рӯзи 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар маросими ифтитоҳ ва ба истифода додани корхонаи муштараки Тоҷикистону Эрон "Ҳумо" оид ба истеҳсоли трактор иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи корхона Сарварони давлатҳои Тоҷикистону Эрон Эмомалӣ Раҳмонов ва Маҳмуди Аҳмадинажодро роҳбарияту коргарони коргоҳ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод парда аз болои санги ёдгорӣ бардошта, лентаи рамзиро буриданд ва ба фаъолияти корхонаи мазкур оғози расмӣ бахшиданд.

Сипас Сарварони ду давлат бо ҳайати ҳамроҳонашон аз дохили коргоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон оид ба истеҳсоли трактор дидан карда, бо шароити кории коргарон, тафсилоти техникӣ ва имкониятиҳои истеҳсолии он аз наздик шинос шуданд ва ба роҳбарияту аҳли заҳмати коргоҳ барору комёбӣ таманно карданд.

Зимни сӯҳбат бо аҳли заҳмати корхона Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз ҷумла зикр намуд, ки "ҳамкории бунёдии иқтисодӣ ва истеҳсолӣ тадриҷан самти афзали ҳамкории дуҷониба гардида, пайвандҳои кишварҳо ва халқҳои моро тақвияти матлуб мебахшад" ва фаъолияти амалии коргоҳи навини муштаракро, ки се навъи трактори "Тоҷирон" (TjTm) истеҳсол мекунад, барои кишвари мо муҳим маънидод намуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов изҳори умеду боварӣ намуд, ки тракторҳои хурдҳаҷму камхарҷи дар ин ҷо истеҳсолшаванда ба талаботи агротехникии шароити дашту кӯҳистони ҷумҳурии мо ҷавобгӯ буда, дар бозорҳои Тоҷикистону минтақа харидори зиёд пайдо мекунад. Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки барои самарабахш кор кардани коргоҳ ва дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани тракторҳои "Тоҷирон" (TjTm) бояд истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии он дар назди коргоҳ ба роҳ монда шуда, нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ дар тамоми минтақаҳои мамлакат бунёд ёбанд.

Шоми худи ҳамон рӯз Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод баъд аз боздиди расмӣ аз Тоҷикистон ба Ватан баргашт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520