Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Владимир Путин

06.10.2005 17:00, Русия

Дар ҷараёни сафари корӣ ба шаҳри Маскави Федератсияи Россия нахуст дар Қасри Кремл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмоновро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин истиқбол гирифт.

Сипас мулоқоти ҷонибҳо бо фарогирии муҳимтарин масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангӣ баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз инкишофи равобити гуногунсоҳаи Тоҷикистону Россия қаноатмандии комил изҳор дошта, ёдрас гардид, ки гардиши моли миёни ду давлат дар соли гузашта ба 400 миллион доллари ИМА расида дар 8 моҳи соли 2005 200 миллион доллари амрикоро ташкил дод ва далели боварибахши ояндаи бобарори ҳамкориҳо мебошад.

Дар ҳамин замина оғози сохтмонҳои азиму стратегии нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва Роғун ҳамчун парчамбардори ҳамкориҳои ба ҳар ду тараф манфиатнок марҳилаҳои сифатан наву эътимоднокро ифтитоҳ намуд, - таъкидан гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов.

Сардори давлати Тоҷикистон ба масъалаҳои таҳкимбахши робитаҳои мақомоти қудратии ҳарду ҷониб дахл намуда, зикр кард, ки табодули доимии иттилоот, ташкили амалиётҳои муштарак, ҳамдастию ҳамкории сарҳадчиён, вусъати таъсиси базаи ҳарбӣ, таҳкими асосҳои техникию таъминотии артиши ҷавони Тоҷикистон ва татбиқи амалии созишномаҳои бисёрҷониба дар доираи ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва ташкилоти аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи талаби марҳилаи нави инкишоф аст.

Дар мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин доир ба аҳамияти таърихӣ ва зарурати воқеии ташкили рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, инчунин як қатор масоили дорои характери минтақавию ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар намуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520