6 октябри соли 2005 дар таърихи муносиботи дӯстона ва фарҳангии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо ифтитоҳи нахустин рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия саҳифаи хотирмону муассир боз гардид.
Ин тадбири таърихӣ дар толори театри бузурги Маскав ҷараён гирифт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар ифтитоҳи расмии он бо қаноатмандии афзун тазаккур дод, ки баргузории рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари бародар ва шарики стратегӣ рӯйдоди фараҳбахши таърихи навини муносиботи дуҷониба мебошад ва иштироки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин шукӯҳи онро бештар менамояд.
Баъд аз оғози сохтмони иншооти муштараки Сангтуда ва Роғун таъсиси ин чорабинии пурарзиш фоли нек ва собитгари таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию фарҳангии Тоҷикистону Россия мебошад, - гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов ва афзуд, ки талошҳои ҳарду ҷониб аз эҳтирому эътимоди қавӣ эҳсоси баланди садоқату ҳамдилии халқҳои тоҷику рус ибтидо гирифтаанд.
Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов бо назардошти рушд ва мустаҳкамгардонии равобити фарҳангӣ дар тарғиби намунаҳои олитарини маънавӣ, корнамоиҳои шоҳ Исмоили Сомонию Петри Кабир, дастовардҳои оламшумули илмии Абуалӣ Синову Михаил Ломоносов, ашъори ҷовидонаи Рӯдакию Пушкин, офаридаҳои Айнию Шолохов инчунин Бобоҷон Ғафурову Евгений Павловский омилҳои нодиртарини ифтихору шарафмандӣ ва ибратомӯзи наслҳои имрӯзу оянда аст.
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов дар мавриди инкишофи равобити дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки Ҳукумати Федератсияи Россия ҷиҳати амалӣ гардидани кулли лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба талош хоҳад кард.
Сарони ҳар ду давлат ба аҳли ҳунар барору пешрафт таманно карданд. Барномаи ҳунармандони тоҷикро аҳли толор бо самимияти афзун истиқбол намуданд.