Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев

27.05.2013 18:08, Қирғизистон

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафари расмии дурӯза анҷом дод.

Дар чаҳорчӯбаи сафар ҷаласаи аввалини Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, дар он масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуда, самтҳои афзалиятноки таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманд ва ҳамсоягии нек муайян гардиданд, оид ба мавзӯоти байналмилалӣ ва минтақавии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба 20-солагии оғози муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон рост омада, дар густариши равобити дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон иқдоми назаррас гардид.

Сарони ду давлат бо қаноатмандӣ қайд карданд, ки аз оғози робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар ҳамкории дуҷонибаашон дар ҳамаи соҳаҳо пайгирона густариш ёфта, пойдевори устувори институтсионалии (ниҳодии) он – Шӯрои байнидавлатии ҳамоҳангсози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии ду давлат ва инчунин комиссияҳои байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба ва оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ – эъмор гардид.

Таҳкими минбаъдаи ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҳамсоягии нек ва иттифоқчигии Тоҷикистону Қирғизистон ба манфиатҳои миллии ду давлат ҷавобгӯ буда, ба амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ мусоидат менамояд.

Ҳамаи инро ба инобат гирифта ва ҳамчунин:

- ҷонибдории доимиро ба муқаррароти Аҳднома дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон аз 12 июни соли 1996 ва Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи муносибатҳои ҳамсогии нек ва шарикӣ аз 26 майи соли 2004 собит намуда,

- ба умумияти фарҳангиву таърихӣ, анъанаҳои амиқи дӯстӣ ва ҳамсоягии неки халқҳои бародари ду давлат бар асоси эҳтирому эътимоди мутақобила ва кӯшиши тарафайн ба қаробати бештар такя намуда,

- сарони давлатҳо (минбаъд Тарафҳо) изҳор менамоянд:

1. Тарафҳо саъйю кӯшиши муштаракро оид ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар ҳамаи арсаҳои фаъолият ба хотири таъмиқ ва баровардани он ба сатҳи баландтари шарикӣ идома хоҳанд дод.
Ҳадафҳои дарозмӯҳлатро ба роҳбарӣ гирифта, Тарафҳо сатҳи баланди ҳосилгардидаи муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро ғанӣ гардонда, болотар мебаранд. Ҷиҳати амиқрафти муносибатҳои дуҷониба ва баровардани онҳо ба сатҳи нави шарикӣ ва ҳамсоягии нек Тарафҳо робитаҳои зичро дар сатҳи олӣ ва баланд амалӣ сохта, василаҳои байнипарлумонӣ, байниҳукуматӣ ва байниидории ҳамкориро такмил хоҳанд дод.
Тарафҳо ҷонибдории хешро аз паймонҳои қаблан ҳосилшуда ва созишномаҳои имзошуда дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба собит намуда, дар мавриди эътибор пайдо кардан ва татбиқ намудани санадҳои миёни тарафҳо басташуда кори заруриро анҷом хоҳанд дод.

2. Тарафҳо инкишофи босуръати робитаҳои байнипарлумониро миёни Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ, ки дурнамои ҳамкории парлумонҳои ду кишварро муайян сохтаанд, тазаккур доданд.

3. Ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ дахл намуда, Тарафҳо кӯшиши муштаракро ҷиҳати мусоидат ва таҳкими сулҳу субот ва эҷоди фазои эътимоду ҳусни тафоҳум дар миқёси минтақа ва ҷаҳон таъкид карданд.
Тарафҳо садоқати кишварҳои худро ба меъёру қоидаҳои ҳуқуқи байналмилалӣ тазаккур дода, бар нафъи шарикии зич ва пуштибонии мутақобила дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СААД ва дигар ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавии ҳамкории бисёрҷониба, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон онҳоянд, изҳори назар карданд.

4. Ба хотири таъмини амнияти мутақобила, ҳамкории муассир дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккил, қочоқ, истеҳсол ва хариду фурӯши маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар хатару таҳдидҳо ба амнияти миллӣ Тарафҳо азм доранд, ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, таъмини амният ба хотири ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии ду давлат таҳким таъмиқ бахшанд, такмили асоси қарордодиву ҳуқуқӣ ва таҳияи роҳу василаҳои самарадеҳи ҳамкориро дар ин самтҳо идома диҳанд.

5. Масъалаҳои равобити тиҷоративу иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор дода, Тарафҳо аҳамияти ҳамкориро дар ин соҳа тазаккур доданд ва майли худро ба таҳкиму густариши шарикии иқтисодӣ бар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ ва суди мутақобила баён доштанд.
Азми қавии худро оид ба баровардани ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тиҷорату иқтисод ба сатҳи нав таъйид намуда, Тарафҳо зарурати беҳдошти назоратро аз болои ба татбиқу иҷрои пурраи қарорҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯии масъалаҳои дуҷониба тазаккур доданд.

Ҷониби Қирғизистон ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро муборакбодӣ намуд. Бо дарназардошти саъйю талоши мутақобила ҷиҳати таъмини афзоиши устувори ҳаҷми тиҷорати дуҷониба, диверсификатсияи сохтори он ва густариши шаклҳои дарозмӯҳлати ҳамкории иқтисодӣ, Тарафҳо тасмим гирифтанд, ки оид ба ин масъалаҳо муколамаи доимӣ дошта бошанд.

6. Тарафҳо имконияти фароху фаровони ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва наздисарҳадиро қайд намуданд, ки унсури муҳимми таркибии робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ ва омили муассири таъмину ҳавасмандгардонии рушди иқтисодии минтақаҳои ҳамҷавори ду кишвар мебошанд.
Тарафҳо мувофиқ бар он намуданд, ки ба таъсиси корхонаҳои самарадеҳи муштараки истеҳсолӣ ва дигар корхонаҳои муштараки наздисарҳадӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳанд кард, кооператсияи саноатиро тавсеа медиҳанд, оид ба ҷойгиркунонии оқилонаи иқтидорҳои истеҳсолии ҷадид ва навсозии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда тадбирҳо меандешанд.

Тарафҳо тазаккур доданд, ки дар ҷодаи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории ду давлат ва фароҳам овардани ояндаи неки онҳо ба итмом расонидани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон хеле муҳим мебошад.

Дар ин робита Тарафҳо аҳамияти кори фаъолтари Комиссияи дуҷонибаи байниҳукуматиро оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дар рӯҳияи муносибатҳои дӯстона, ҳусни тафоҳум ва эътимод, бо дарназардошти манфиатҳои ду ҷониб ва риояи усулҳои созиш кардану розигии мутақобила таъкид намуданд.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои низоию ҷанҷолӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии ду кишвар Тарафҳо ба ҳукуматҳои давлатҳои худ супориш доданд, ки дар мӯҳлати кӯтоҳтарин созишномаи байниҳукуматиро дар бораи манъи сохтмон ва фаъолияти хоҷагӣ қад-қади хатти сарҳад то ба анҷом расидани раванди делимитатсия ва демаркатсия ва барасмиятдарории ҳуқуқии он мувофиқа ва имзо намоянд.

7. Тарафҳо ба густариши минбаъдаи ҳамкории стратегӣ оид ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика ва пешбурди сиёсати мувофиқашудаи обиву энергетикии ду давлат аҳамияти махсус медиҳанд.

8. Тарафҳо ҳуқуқи комилу дахлнопазири давлатҳои худро ба рушди гидроэнергетика ба мақсади таъмини инкишофи устувори иҷтимоиву иқтисодӣ тазаккур медиҳанд.

Тарафҳо таъкид мекунанд, ки дар шароити тағйирёбии глобалии иқлим рушди гидроэнергетика - ҳамчун манбаи нерӯи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва таҷдидшаванда - барои тамоми минтақа ҳаётан муҳим мебошад.

Тарафҳо мавқеи ошкорову возеҳ ва созандаи худро дар мавриди истифодаи захираҳои обу энергетика дар асоси усулҳои эҳтирому суди мутақобила таъйид менамоянд.

Тарафҳо саъйю талоши ҷомеаи байналмилалиро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид ба хотири беҳдошти дастрасии доимӣ ба манбаъҳои энергетикӣ ба таври мусбат арзёбӣ менамоянд.

9. Тарафҳо муҷаддадан дар бораи зарурати такмили пояи шартномавию ҳуқуқии Бунёди байналмилалии наҷоти Арал ба хотири беҳсозии сохтору фаъолияти он дар сатҳи созмони воқеан самарадеҳи минтақавие, ки бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа кору фаъолияти мутавозин бурда тавонад, ибрози назар менамоянд.

10. Ҳамкориро дар соҳаи энергетика яке аз самтҳои калидии ҳамкориҳои дуҷониба эътироф намуда, Тарафҳо зарурати ҳамкории фаъолро дар доираи татбиқи амалии лоиҳаҳои бунёди хатҳои интиқоли барқ, аз ҷумла лоиҳаи бунёди хатти минтақавии интиқоли нерӯи барқи Осиёи Миёна – Осиёи Ҷанубӣ «CASA-1000» таъкид намуданд.

11. Ба хотири рушду тавсеаи тиҷорат ва робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ Тарафҳо изҳори омодагӣ намуданд, ки оид ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилӣ ва оҳан дар қаламрави худ ва ҳамчунин бо кишварҳои сеюм тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар ин иртибот, Тарафҳо муҳим будани фаъолгардонии корҳоро марбут ба анҷоми истиқрору навсозии роҳи мошингарди «Душанбе-Ҷиргатол-Қармиқ-Саритош», ки имкониятҳои иртиботии ду кишвар ба таври қатъӣ фаррох месозад, таъкид намуданд.

12. Тарафҳо нисбат ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қирғизистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти марбута зоҳир намуданд.

13. Тарафҳо нисбат ба мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, аҳамияти калони робитаҳоро миёни муассисаҳои таълимӣ, созмонҳо ва ходимони фарҳангу санъат, марказҳои илмиву тадқиқотӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори умум, густариши онҳоро дар бахшҳои варзишу сайёҳӣ таъкид карданд.
Дар ин қарина Тарафҳо муҳим будани паймони ҳосилшударо дар бораи баргузории рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон ва рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд.

14. Тарафҳо аҳд карданд, ки дар сатҳи олӣ робитаҳои доимии байнидавлатиро амалӣ созанд ва изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон ба раванди таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ бар нафъи ду халқи бародар такони назаррас хоҳад дод.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои пазироии гарм ба роҳбарият ва мардуми Ҷумҳурии Қирғизистон изҳори сипос намуд ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаевро даъват кард, ки бо сафари ҷавобӣ дар замони муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад.

ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ҚИРҒИЗИСТОН  АЛМАЗБЕК АТАМБАЕВ

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520