Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздид аз ноҳияи Ғончӣ

18.06.2013 09:56, ноҳияи Деваштич

Сафари кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд имрӯз дар ноҳияи Ғончӣ идома ёфт.

Дар ин ноҳия бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст қисмати дуюми маркази хизматрасонӣ ва тиҷоратии Файз ифтитоҳ ёфт.

Зимни шиносоӣ бо марказ, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки сохтмони он соли 2009 аз ҷониби соҳибкорзани маҳаллӣ Сабоҳат Файзуллоева оғоз ёфта буд.

Қисмати якуми он, ки аз шифохона бо 34 кат, чойхонаи дорои 36 ҷои нишаст, ҳаммом, нуқтаҳои таъмири воситаҳои нақлиёт, нуқтаи фурӯши гази моеъ, масолеҳи сохтмонӣ ва ангиштсанг иборат аст, соли 2012 ба кор даромада будааст.

Қисмати дуюми маркази Файз, ки имрӯз бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, аз толорҳои фурӯши маҳсулоти гуногун, толори фароғату дилхӯшии кӯдакон, толори варзишӣ, тӯйхона ва мағозаи фурӯши китобу матбуоти даврӣ иборат аст. Дар толори калони ошёнаи аввал Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба 25 нафар ятимони ноҳияи Ғончӣ, ки аз падару модар маҳрум мондаанд, кӯмаки моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Тавре аён гардид, толори варзишӣ, аз ҷумла утоқи фитнеси он бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз гардонда шудааст. Мавриди зикри хос аст, тамоми асбобу олоти варзишӣ ва обутоби бадан аз ҷониби як ҷавони бистсолаи маҳаллӣ Саддам Ҳомидов бо истифода аз оҳану оҳанпораҳои партовгоҳҳо сохта шудааст. Тавре маълум шуд, ин ҷавон, ки худ кафшергар ва ҳам дӯстдори варзиш аст, аввал чунин олотро барои худаш сохтааст. Имрӯз бошад, шумораи зиёди дигар соҳибкорон сохтани асбобу олоти варзишӣ ва тарбияи ҷисмониро аз Саддам Ҳомидов дархост мекунанд.

Дар тӯйхонаи марказ аз ҷониби ин соҳибкорони саховатпешаи маҳаллӣ дар пайравӣ ба дастуру ҳидоятҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тӯйи хонадоршавии ду ҷуфти ҷавон ва хатнасури 20 писарча дастаҷамъона гузаронда шуд. Ба ҳар яки онҳо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Зимни боздид аз қисмати ташхису табобати марказ, аз ҷумла аён гардид, ки он техникаю таҷҳизоти замонавӣ ва табибони соҳибтаҷриба таъмин мебошад. Хизматрасонии тиббӣ дар ин ҷо, албатта ба таври тиҷоратӣ пулакӣ аст, вале ба кӯдакони то сесола ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ройгон хизмат расонда мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз коргоҳи дӯзандагии марказ ҳам дидан карда, пешниҳод намуд, ки чунин коргоҳҳо зиёд карда шаванд, ки тамоми либоси мактабӣ, либосҳои корӣ ва дигар либосворӣ оянда дар дохили кишвар дӯхта шавад.

Чунонки иттилоъ доданд, сохтмони қисматҳои дигари ин марказ идома меёбад ва тибқи нақшаи умумӣ он аз 19 бахш иборат хоҳад буд. Дар сурати пурра ба кор даромадан дар ин марказ наздики 300 нафар бо кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҳоло бошад, дар ин ҷо наздики 250 нафар соҳиби кор шудаанд.

Бояд таъкид дошт, ки атрофи биноҳои маркази хизматрасонӣ ҳам бо тарҳу намои зебою дилкаш ороста гардидааст.

Дар маркази ноҳияи Ғончӣ бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мумфаршкунии роҳҳои дохилии он оғоз ёфт.

Тавре зикр гардид, 5 км роҳҳои 9 кӯчаи маркази ноҳия дар муддати кӯтоҳ пурра навсозӣ хоҳанд шуд.

Хотиррасон гардид, ки тайи чанд соли охир аз 198 км роҳҳои аҳамияти маҳаллии Ғончӣ 148 километраш бо имкониятҳои ноҳия ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ мумфарш карда шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии ноҳия бо ҷаҳду талоши роҳбарияти кишвар пурра навсозӣ шуд, роҳҳои маҳаллӣ бошад бояд бо имконоти маҳаллӣ аз нав обод шаванд.

Роҳбарияти ноҳия посух доданд, ки дар муҳлати кӯтоҳи оянда 20 км роҳҳои боқимондаи маҳаллӣ низ навсозӣ хоҳанд шуд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии Ороста бевосита шинос шуд. Тавре зикр гардид, ин корхона соли 2005 аз ҷониби ширкати Ноҳиди шаҳри Истаравшан харидорӣ шуда, бо ворид намудани таҷҳизоту технологияи нав дар он фаъолияти ресандагӣ, бофандагӣ ва дӯхти либос ба роҳ монда шуд.

Тавре таъкид гардид, ашёи хоми дар ин ҷо коркардшаванда сад дар сад ватанӣ аст. Бо иқтидори ҳозирааш ин корхона дар як сол аз 100 тонна нахи пахта маҳсулоти тайёри ниҳоӣ истеҳсол менамояд. Ҳоло дар ин ҷо 40 нафар соҳиби кори доимиӣ мебошанд. Роҳбарияти корхона азм доранд, корро оянда дар се баст ба роҳ монда, ҳам ҳаҷми истеҳсол ва ҳам шумораи коргаронро 3 баробар афзун намояд.

Тавре аён гардид, дар коргоҳи дӯзандагии он, асосан дӯхти либоси кӯдакона, ки харидорони зиёд ва бозори гарм дорад, ба роҳ монда шудааст.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таъкид дошт, ки дӯхти дигар анвои либосворӣ, пеш аз ҳама либоси мактабӣ ҳам ба роҳ монда шавад, то ки оянда бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шавад.

/p

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520