Рӯзҳои 6 ва 7-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Форуми 12-уми байналмилалии иқтисодӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия қарор дошт.
Гуфтугӯи муфассал оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ва мавзӯъҳои муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия дар мулоқоти алоҳидаи сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев идома ёфт.
Ҷонибҳо аз ҷараёни робитаҳои гуногунсоҳаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-1-ро намунаи ҳамкории бунёдии Тоҷикистону Россия арзёбӣ намуданд.
Ба гуфти Дмитрий Медведев ҷониби Россия манфиатдор аст, ки ҳамчунин дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон иштироки фаъол дошта бошад ва изҳори боварӣ намуд, ки аз кори Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Газпром» дар ҷустуҷӯ ва баровардани газ дар ду кони минтақаҳои марказӣ ва ҷанубии Тоҷикистон натиҷаҳои хуб ҳосил мешаванд.
Сарони ду давлат ҳамчунин аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қаноатмандӣ зоҳир намуда, ба натиҷаҳои фаъолияти муштараки онҳо дар мубориза бо терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд доданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму техника ва маориф воситаи хуби рушди муносибатҳои байни давлатҳо ва мардумони онҳо маънидод гашт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев барои омодагӣ баҳри кушодани филиалҳои як зумра донишгоҳу донишкадаҳои обрӯманди Россия дар шаҳри Душанбе арзи сипос намуд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ, авзои кунунии Афғонистон, таҳкими ҳифзи сарҳад бо он ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.
Бо ҳамин барномаи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ба поён расид.
Бояд таъкид намуд, ки зимни ин сафар байни Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев баҳри густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи ду кишвар заминаи боэътимоди дӯстона эҷод гардид.