Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао

18.08.2007 17:00, Қирғизистон

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мулоқот намуд, ки зимни он масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дўсту ҳамсоя баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкориҳои судбахши ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда, ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао барои кўмаку дастгирии молиявӣ ва техникию технологӣ дар татбиқи як қатор лоиҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвари мо арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Зикр гардид, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки моҳи январи соли равон сурат гирифта буд ва ба имзо расидани Аҳдномаи ҳусни ҳамсоягӣ , дўстӣ ва ҳамкории дарозмуддат байни ду кишвар ба рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо такони ҷиддӣ бахшид.

Таъкид гашт, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар соли гузашта қариб ба 160 миллион доллари амрикоӣ расид. Дар 6 моҳи соли равон бошад, ин нишондод аллакай аз 100 миллион доллари амрикоӣ гузашт, ки ин зиёда аз 60 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Мусоҳибон атрофи масоили татбиқи амалии санадҳои ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, саноати кўҳӣ , ҳамгироиҳои молиявию байнибонкӣ ва ғайра мубодилаи судманди афкор анҷом дода, омодагии худро баҳри таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанба таъкид намуданд.

Чин Ху Ҷинтао изҳор дошт, ки ҷониби Чин барои татбиқи амалии ҳамаи санадҳои ҳамкории ду кишвар саъю кўшиш намуда, омода аст ба Тоҷикистон иловатан дар бунёди корхонаҳои коркарди амиқи нахи пахта ва дар дигар соҳаҳо низ кўмаки амалӣ расонад.

Эмомалӣ Раҳмон аз Ху Ҷинтао даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин даъватро бо қаноатмандӣ пазируфта, таъкид дошт, ки соли оянда ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак дар сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир табодули назар карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520