Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

27.08.2008 13:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯзи 26 август Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин сафари давлатии Роҳбари аввали Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Субҳи рӯзи 27 август Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао дар чаҳорчӯбаи сафари давлатиаш ба Тоҷикистон нахуст ба майдони «Дӯстӣ»-и пойтахт ташриф оварда, зери пояи асосгузори нахустин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошта, ба арзишҳои волои миллию фарҳангии миллати бостонии тоҷик арҷгузорӣ намуд.

Маросими гулчанбаргузорӣ дар фазои пуршукӯҳи тантанавӣ бо иштироку ҳамроҳии ҷузъу томҳои Горди ифтихории Тоҷикистон ва ҳунарнамоии оркестри низомии асбобҳои нафасӣ ҷараён гирифт.

Маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао дар назди бинои навбунёду боҳашамати «Қасри миллат» дар фазои тантанавӣ баргузор гашт.

Ба ифтихори ташрифи давлатии меҳмони олимақом дар назди Қасри миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин афрохта шуда, горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон саф ороста буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтаоро истиқбол гирифта, ӯро ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд. Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ сурудҳои миллии ҳарду кишвар садо доданд. Дар ҳамин асно ба ифтихори сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ба Тоҷикистон садои 21 шиллики тӯпхонаҳо дар фазои шаҳри Душанбе танинандоз гашт.

Сипас фармондеҳи горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод.

Баъд аз он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао аз назди ҷузъҳои горди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашт карданд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ҷониби Парчами давлатии кишвари мо эҳтиром ба ҷо овард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.
Дар маросими расмии истиқболи Раиси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ҳамчунин корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок намуд.

Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин чорабинии расмӣ ва умуман расман ба кор шурӯъ намудани Қасри Миллат аст, ки тайи чанд соли охир бо усулҳои хосси меъмории муосиру бостонӣ ва ороишоти суннатии ниёгони шӯҳратманди ориёии тоҷикон бунёд ёфтааст.

Расми гузашти низомии ҷузъу томҳои Горди ифтихории Тоҷикистон аз назди Сарони ду давлат анҷомбахши маросими истиқболи расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао шуд.

Баъди анҷоми маросими истиқболи расмӣ дар ҳамин бинои боҳашамату пурҷило нахуст мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао баргузор гашт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтаоро бо ҷараёни бобарори Бозиҳои Олимпии Пекин ва натиҷаҳои баланди нишондодаи варзишгарони Чин табрику таҳният гуфт ва изҳор намуд: «Муносибатҳо бо Ҷумҳурии Мардумии Чин аз афзалиятҳои волои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст».

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чин Ху Ҷинтао низ муносибатҳо бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз самтҳои муҳимми сиёсати минтақавӣ ва байналмилалии кишвари худ арзёбӣ намуд.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту ҳамсоя дар доираи муносибатҳои дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ дар гуфтушуниди расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Ҷонибҳо аз сатҳи баланд ва натиҷаҳои намоёни равобити байни сохторҳои дифоии ду кишвар ва болоравии ҳаҷми тиҷорати байниҳамдигарӣ изҳори қаноатмандӣ карданд. Нақши роҳи мустақими мошингарди байни Тоҷикистону Чин аз тариқи Кулма дар болоравии ҳаҷми додугирифти молу маҳсулот бузург маънидод гашт.

Татбиқи босифату босуръати лоиҳаҳои бузурги муштарак оид ба сохтмони роҳҳои мошингард, хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва умуман иштироки беш аз 80 ширкати чинӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон боиси қаноатмандии махсуси сарони ду давлати ҳамсоя шуд.

Таъкид гардид, минбаъд ҳамкории Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои телерадиокоммуникатсия, саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва истифодаи ангишт, уран ва дигар канданиҳои фоиданок ва ҳамчунин дар бунёди нерӯгоҳҳои обию ҳароратӣ боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе ба болоравии боз ҳам бештари нуфузи эътибори созмон дар арсаи ҷаҳонӣ ва таҳкиму тавсиаи ҳамгироиҳои байни аъзои он мусоидати фаъол мекунад.

Баъди анҷоми мулоқотҳои расмӣ маросими имзои асноди ҳамкорӣ баргузор гашт, ки зимни он 13 санади муҳим ба имзо расид.

Нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чин Ху Ҷинтао зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ имзо гузоштанд.

Ҳамчунин ба имзо расиданд:

Барномаи ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои 2008-2013;

Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома оид ба ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишнома байни Донишгоҳи давлатии Миллии Тоҷикистон ва Дафтари Шӯрои байналмилалии забони чинӣ дар бораи ҳамкорӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

Созишномаи заминавӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи вусъат ва таъмиқи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи ҳамкории техникию иқтисодӣ (Кӯмаки бебозгашт ҷиҳати сохмони нақби Шар-Шар);

Санади қабул ва таҳвил (кӯмаки техникии Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 40 млн. юани чинӣ);

Мубодилаи мактубҳо байни Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири тиҷорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар бораи тамдиди ҷуброни қарзи бефоизи пешниҳодгаштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин ба маблағи 50 млн. юани чинӣ;

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ҳамлу нақли автомобилӣ;

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Бонки давлатии рушди Чин:

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Компанияи чинии «Zijin international Mining Co.,Ltd»;

Қобили таъкид аст, ки мутобиқи санади ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин дар солҳои наздик баҳри татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии кишвари мо аз ин бонк 400 миллион доллари амрикоӣ қарзи имтиёзнок ҷудо карда мешавад.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Чин Ху Ҷинтао барои доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ нишасти матбуотӣ оростанд.

Онҳо сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтаоро ба Тоҷикистон рӯйдоди басо муҳим дар таърихи навини муносибатҳои байни ду давлат ва ба имзо расидани санадҳои зиёди ҳамкориро воситаи хуби густариши минбаъдаи робитаҳои пурсамар маънидод карданд.

Бояд зикр намуд, ки боздиди Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао ба Тоҷикистон рӯзи 28 авугст дар чаҳорчӯби баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои Шанхай идома ёфт.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520