Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

29.11.2008 18:00, Эрон

Аз 27-ум то 29-уми ноябри соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дошт.

Сафар ба Ҷумҳурии Исломии Эрон боздиди дӯстонаи корӣ буд, вале натиҷаҳои он аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бештар аз натоиҷи як сафари давлатӣ арзёбӣ гардид.

Дар фурӯдгоҳи байналмилалии Меҳрободи шаҳри Теҳрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми роҳбарияти ин давлати дӯст истиқбол гирифтанд.

Сафари дӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Теҳрон бо мулоқоти расмии ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод оғоз ёфт.

Масоили ҷорӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти хосса ва сипас дар гуфтушунидҳои васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб баррасӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Исломии Эронро шарики стратегии табиии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, аз сатҳи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар, дар маҷмӯъ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Ҳамзамон бо ин Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рушди ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар, аз ҷумла суръати сохтмони нерӯгоҳи обии Сангтӯда-2, ки парчамбардори робитаҳои иқтисодии ду кишвар аст, изҳори норозигӣ кард. Тезондани корҳои ниҳоии сохтмони нақби Истиқлол, оғози сохтмони нақби Чормағзак ва лоиҳакашии нерӯгоҳи обии Шӯроб низ матлуб арзёбӣ гардид.

Мусоҳибон оид ба бунёди хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва роҳҳои оҳану мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистону Эрон ҳавасмандии худро бори дигар таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ба ин корҳо бояд суръати бештар бахшида шавад.

Таъкид гардид, ки ба тасмимоти муштараки Тоҷикистону Афғонистону Эрон дар роҳи азхуднамоии захираҳои обию энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ ва бунёди роҳҳои оҳану мошингард ҳамчунин Қирғизистону Чин ва дигар кишварҳои манфиатдор низ метавонанд ҳамроҳ шаванд.

Қарор дода шуд, ки якчанд корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон сохта шаванд, аз ҷумла оид ба таъмири вагонҳо барои қатораҳои роҳи оҳан, металгудозӣ, истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасраф ва ғайра. Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар Тоҷикистон як маркази муштараки илмию зилзиласанҷӣ ва як маркази бузурги савдо сохта шавад. Қарор шуд, ки сохторҳои дахлдори ду кишвар дар бунёд ва рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамкории наздик дошта бошанд.

Масоили густариши робитаҳои таҳсилотӣ ва илмию фарҳангӣ низ аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат буд.

Дар мулоқот ҳамчунин атрофи ҳамгироиҳои муштарак дар чаҳорчӯби Созмони конфронси исломӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ гуфтугӯ сурат гирифт.

Зимни сафари дӯстонаи худ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Манучеҳри Муттакӣ, Вазири дифоъ ва пуштибонӣ аз нерӯҳои мусаллаҳаш Мустафо Муҳаммади Наҷҷор ва Вазири нерӯи он Парвизи Фаттоҳ низ мулоқотҳои судманд анҷом дода, тафсилоти ҳамкориҳои сиёсӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва энергетикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дод.

Дар фароварди сафар бо иштироки сарони ду давлат ду санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид: Баёнияи муштараки ПрезидентиҶумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод оид ба густариши муносибатҳои дуҷониба ва Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамлу нақл миёни Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати роҳ ва таробарии Ҷумҳурии Исломии Эрон.

Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Маҳмуди Аҳмадинажод барои доираи васеи хабарнигорони дохилию хориҷӣ нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои сафар ва мулоқотҳо изҳори қаноатмандию хушнудӣ карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла таъкид дошт: - «Натиҷаҳои ин сафарро метавон бештар аз натиҷаҳои як сафари давлатӣ маънидод кард».

Ба иттилои сарони ду давлат, ҳарду ҷониб тасмим гирифтаанд, ки баҳри сохтмони роҳи оҳани миёни Эрону Чин тавассути қаламрави Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ва ҳамчунин баҳрабардории муштарак аз захираҳои обию энергетикии минтақа мулоқотҳои сатҳи олии сеҷониба (Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон) ва панҷҷониба, бо иштироки Чину Қирғизистон созмон бидиҳанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯби барномаи сафари дӯстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчунин аз ширкати азими мошинсозии САЙПО дидан карда, бо иқтидорҳои истеҳсолии он ва имконоти ба роҳ мондани ҳамкории дуҷониба аз наздик шинос шуд.

Баҳри ташкил ва густариши ҳамкориҳои судманд қарор дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе намояндагии ширкати Сайпо ва маркази савдои мошинҳояш кушода шавад. «Оянда мо метавонем бо ширкати Сайпо истеҳсоли муштараки мошинҳоро дар Тоҷикистон ба роҳ монем», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз бурҷи Мелоди Теҳрон дидан кард, ки баландтарин нуқтаи тамошои шаҳр ва як маркази бузурги баргузории чорабиниҳои гуногун аст.

Баландии он, то нуктаи охиринаш 435 метр аст, ки дар ҷаҳон дар ҷойи 4-ум меистад. Дар баландии наздики 300 метр ин бурҷ толору утоқҳои гуногуни маҷлисӣ ва тарабхонаи чархзананда дорад.

Лоиҳакашӣ ва бунёди ин иншооти мураккаби меъморию муҳандисӣ пурра аз ҷониби мутахассисони эронӣ сурат гирифтааст. Эмомалӣ Раҳмон ва муҳандисону меъморони эронӣ ба қарор омаданд, ки баҳри дар Тоҷикистон низ бунёд кардани чунин иншоот ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.

Нимаи дуюми рӯзи 29 ноябр пас аз анҷоми сафари пурмаҳсули дӯстонааш ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар Саммити ғайрирасмии Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии масъалаҳои вобаста ба бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба маблағгузории рушд ба Давлати Қатар сафар кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520