Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқоти судманд анҷом дод.
Дар вохӯрӣ масоили гуногуни вобаста ба робитаҳои накӯи ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
«Самимона орзумандам, ки сулҳ, субот ва пешрафти ҳамагонӣ дар Афғонистон ҳарчи зудтар таъмин гардад ва мо вориди марҳалаи нав дар дӯстии таърихӣ ва ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвар гардем», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Аз ҳамкории хуби амниятӣ, сарҳадӣ ва низомии ду кишвар изҳори қаноат карда шуд. Дар ин робита Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Мо метавонем бо саъю талоши муштарак, бахусус дар мубориза бо террористон, ифротгароён, қочоқбарон ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ, марзи ду кишварро ба марзи мутмаини дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем».
Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба густариши робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои энергетика ва роҳсозӣ зоҳир гардид. Ҳарду ҷониб ба тезондани корҳо доир ба бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, хатҳои интиқоли нерӯи барқ ва ба имзо расондани созишномаи сеҷонибаи тиҷоратию транзитӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Ҳомид Карзай ба Эмомалӣ Раҳмон барои омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни Афғонистон дар Тоҷикистон ва изҳори омодагӣ барои густариши чунин ҳамкорӣ арзи сипос кард.
Ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон бо Русия, Чин, Покистон, Эрон, Ҳиндустон ва дигар кишварҳо доир ба таҳкими амну субот ва таъмини тараққиёти бештари иқтисодӣ дар Афғонистон ва минтақа гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.