Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок ва суханронӣ дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

13.09.2013 12:26, Қирғизистон

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ба кори худ шурӯъ намуд.

Барои иштирок дар он сарони ҳамаи давлатҳои аъзо, намояндагони воломақом аз кишварҳои нозир ва шарикон барои муколама  ба ҳам омаданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ аз ҷумла изҳори қаноат кард, ки “тайи 12 соли фаъолияти пурсамар Созмони ҳамкории Шанхай ба ниҳоди воқеан фаъол ва дорои обурӯ ва нуфузи байналмилалӣ табдил ёфт”.

Барои таъмини фаъолияти бештар муассири созмон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дар бораи таҳия ва қабули “Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои то соли 2025” –ро дастгирӣ намуд.

Бо таваҷҷуҳ ба дурнамои авзои Афғонистон пас соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла изҳор дошт: “Мо вазифадорем, ки дар ин марҳилаи тақдирсоз ба Афғонистон кумаки моддию маънавии муассир расонем, то ки сулҳу субот дар ин кишвари дорои таъриху фарҳанги пурғановат барқарор гардида, ҳаёти иҷтимоию иқтисодии он рушди бонизом дошта бошад”.   

Дар робита ба таҳким ва рушди ҳамкории минтақавӣ дар қаламрави масъулияти Созмони ҳамкории Шанхай Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла таъкид дошт, ки бояд риояи талаботи Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай дар бораи «истифодаи босамари инфрасохтори мавҷуда дар соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, такмили имконоти транзитии кишварҳои аъзо ...” таъмин карда шавад.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси ояндаи Созмони ҳамкории Шанхай аз сарони ҳамаи давлатҳои аъзо ва нозири созмон ва шарикони муколама даъват намуд, ки соли оянда ба Тоҷикистон ташриф биёранд. Сарони давлатҳо даъвати Эмомалӣ Раҳмонро пазируфта, ба ӯ дар иҷрои ин масъулияти баланд барору комёбӣ таманно намуданд.

Хотиррасон бояд намуд, пас аз ҳамоиши Бишкек раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон мегузарад ва ҳамоиши соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520