Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев

13.09.2013 18:46, Қирғизистон

Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бишкек бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбаев мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамсоягии накӯ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуд.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар соли 2012 ба 80 миллион доллари амрикоӣ расида, нисбат ба соли 2011 43 миллион афзун шуд. “Танҳо дар шаш моҳи соли равон бошад, ин нишондод ба 94 миллион доллари амрикоӣ расид, ки нишонаи афзоиши бесобиқаи робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду кишвар аст”, – таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҳамзамон таъкид гардид, ки имконот барои боз ҳам бештар намудани ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз зиёд аст.

Ҳарду ҷониб мавқеи созандаи худро дар робита ба истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ ва таъсиси бозори минтақавии нерӯи барқ таъйид намуда, таъкид доштанд, ки дар ин самти муносибот дар ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангӣ фаъолият хоҳанд кард.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз натиҷаҳои ҷаласаи якуми Шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон, ки моҳи майи соли равон зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бишкек баргузор гардида буд, зарурати омодасозӣ ва баргузор намудани ҷаласаи дуюми он ба миён гузошта шуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои муносиботи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии ду кишвар гуфтугӯй сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520