Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот оид ба натиҷаҳои мулоқоти СҲШ

13.09.2013 19:00, Қирғизистон

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Пеш аз ҳама мехоҳам ба суханони миннатдоронае, ки ин ҷо ба мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Президенти кишвар Алмазбек Шаршенович Атамбаев барои сатҳи олии ташкили мулоқотамон ва меҳмоннавозии анъанавӣ садо доданд, ҳамроҳ шавам.

Ҷониби Тоҷикистон аз мубодилаи афкор оид ба такмили минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхай, масоили муҳими минтақавию байналмилалӣ, ки дар руҳияи эътимодбахш ва созандагӣ доир гардид, қаноатманд аст.

Баёнияи сарони давлатҳо дар Бишкек гуфтугӯи судбахши тарафайнро, ки дар мулоқот доир шуд, ҷамъбаст намуд. Дар ин ҳуҷҷати сиёсӣ он мавқеияте ифода шудааст, ки муносиботи байналмилалӣ давраи ҷиддии тағйирёбӣ, афзоиши шумораи омилҳои номуайяниро аз сар гузаронида истодааст, сарони давлатҳо таҳкими минбаъдаи асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ ва нақши ҳамоҳангсозии марказии СММ дар корҳои байналмилалиро ҷонибдорӣ намуданд. Дар ин замина мо бори дигар зарурати ислоҳоти СММ-ро бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти минбаъдаи он эътироф кардем ва бар онем, ки бояд ин раванд бидуни тезонидани он роҳҳои ислоҳоте иҷро шавад, ки ҷонибдории аксар кишварҳои Созмони Милали Муттаҳидро ба даст намеорад.

Шояд, қадами устувор дар оянда Нақшаи амалиёт дар солҳои 2013-2017 оид ба татбиқи нуктаҳои Созишнома дар бораи ҳамсоягии бардавом, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни давлатҳои аъзо гардад.

Дар мулоқот Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори зарурати таҳияи лоиҳаи Стратегияи рушди СҲШ то соли 2025 буд. Мо бовар дорем, ки ин масъала, беш аз пеш, муҳим аст. Воқеан, сухан дар бораи мутаносиб намудани фаъолияти Созмон меравад.

Соли гузашта дар мулоқоти Пекин мо аллакай Самтҳои асосиеро қабул намудем, ки метавонанд заминаи минбаъдаи Стратегия шаванд. Ҷалби беҳтарин олимон ва коршиносони кишварҳои аъзои СҲШ-ро ба кор оид ба таҳияи лоиҳа муҳим мешуморем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти анҷомёфта ҳамкории мутақобилаи мақомоти босалоҳияти кишварҳои аъзоро дар соҳаҳои амният, пеш аз ҳама дар мубориза бо терроризми байналхалқӣ, экстремизм ва сепаратизм, ки сол то сол густариш меёбанд, бо қаноатмандӣ қайд намуд.

Фикр мекунам, ки ҳамкории самарабахши сохторҳои марбутаи Тоҷикистону Афғонистон дар мубориза бо истеҳсол ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчунин саҳми мушаххас ба кори якҷояи мо мебошад.

Дар рӯёрӯи ҳодисаҳои сиёсии соли 2014 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва баровардани нерӯҳои байналмилалии амниятӣ аз кишвар ин давлати дӯст дастгирии моро интизор аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо давлатҳои дӯсти халқи афғон дар кори барқарор намудани иқтисодиёт ва рушди кишвари ҳамсоя гузоштани ҳиссаи амалии худро бо имконоти мавҷуда идома медиҳад.

Дар доираи Созмони мо дар соҳаи иқтисод нақшаҳо ва лоиҳаҳои умедбахш қабул гардидаанд. Муҳим аст, ки татбиқи амалии онҳо таъмин шавад.
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Аз кори дастаҷамъона анҷомдодаамон дар мулоқоти Бишкек изҳори қаноатмандӣ намуда, мо бори дигар тасдиқ мекунем, ки Тоҷикистон амиқан ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа дар доираи Созмонамон ҳавасманд аст.

Раисии Созмони ҳамкории Шанхай дар давраи оянда ба Тоҷикистон гузашт. Аз ин рӯ, барои боварӣ ва ба роҳбарии СҲШ дар давраи оянда интихоб шудани Тоҷикистон мехоҳам миннатдории самии хешро ба ҳама давлатҳои аъзо баён дорам.

Бо кӯмак ва дастгирии давлатҳои аъзо, нозирон ва шарикон барои муколама кишвари мо тамоми имконотро барои рушди минбаъдаи СҲШ, кушоиши иқтидорҳои он ва табдил додани минтақаамон ба қаламрави сулҳ, дӯстӣ, ҳамгироӣ, рушди устувор ва ба ҳам мувофиқ равона хоҳад кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520