Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои сеошёнаи иловагӣ дар мактаби № 13 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

16.09.2013 14:57, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Дар ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 13 бинои сеошёнаи иловагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои 24 синфхона буда, барои 1450 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Тавре зикр гардид, дар баробари сохтмони бинои нав иншооти пешинаи мактаб ҳам мавриди навсозӣ қарор гирифта, дар маҷмӯъ дар ин муассисаи таълимӣ барои 3700 нафар хонанда дар 2 баст шароит муҳайё гардидааст.

Сохтмони бинои навбунёди мактаб моҳи феврали соли 2012 оғоз ёфта, бо харҷи қариб 5 миллион сомонӣ то имрӯз барои баҳрабардорӣ омода гардидааст.

Бинои нави иловагии мактаб дорои синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои дарсҳои физика, кимиё, биология, забонҳои хориҷӣ ва ғайра мебошад. Синфҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо дастгоҳҳои лингофонӣ муҷаҳҳаз аст. Тавре зикр гардид, чунин шароитро то солҳои наздик ҳатто факултаҳои забономӯзии мактабҳои олии ҷумҳурӣ низ надоштанд.

Мактаб, ҳамчунин дорои толори барҳавои маҷлисӣ, ошхонаи зебо, толори бузурги варзишӣ ва майдонҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол ва дигар бозиҳо мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шароити хуби дар ин мактаб муҳайёгардида, изҳори қаноату хушнудӣ карда, омӯзгорон ва падару модарони хонандагонро ба истифодаи босамар аз ин неъматҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ваҳдату дӯстии мардуми кишвар ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520