Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалї Рањмон дар шаҳри Хоруғ ба кӯдакону наврасони аз падару модар ятиммондаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кӯмаки моддӣ расонд.
Тавре зикр гардид, дар тамоми қаламрави ин вилоят 183 нафар кӯдаку навраси аз падар ва ҳам модар ятиммонда ба сар мебаранд. Дар ин ҷо 161 нафар аз шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Шуғнон, Рушон, Роштқалъа, Ишкошим ва Мурғоб аз кумаки моддии Сарвари давлат Эмомалї Рањмон бархӯрдор гардиданд. Ба 22 нафари дигар аз ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ дар ноҳияи Дарвоз кумаки моддии Президенти кишвар дирӯз дастрас гардида буд. Кумак аз маҷмӯи пурраи сару либоси зимистона, дафтарчаҳои амонатӣ аз Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк бо як миқдор маблағи пасандоз барои оянда ва туҳфаҳои хотиравӣ иборат аст. Ба ятимони маъюб, ҳамчунин аробачаҳои маъюбӣ тақдим карда шуд.
Сарвари давлат Эмомалї Рањмон аз кӯдакону наврасони ятим даъват намуд, ки дилшикастаю рӯҳафтода набошанд, зеро онҳо пайваста зери ғамхории давлату ҳукумат қарор мегиранд. Таъкид гардид, ки то хатми мактаби миёна ва муассисаҳои миёнаю олии касбомӯзӣ ва ҳам бо кор таъмин шудан онҳо аз чунин ғамхорӣ бархӯрдор хоҳанд буд.