Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози боздид аз шаҳри Кӯлоб

28.10.2013 21:31, шаҳри Кӯлоб

Боздиди кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб аз деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Зарбдор оғоз ёфт.

Дар ин ҷо бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон санги асоси сохтмони як мактаби замонавӣ гузошта шуд, ки бо харҷи беш аз 8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори зодаи ҳамин деҳа Комилҷон Каримов дар зарфи 2 соли оянда сохта, ба мардуми ин деҳа ҳадя карда мешавад.

Аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои мактаб аён гардид, ки он сеошёна буда, барои 1300 хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст. Ин мактаб бо тарҳу усулҳои замонавӣ бунёд ёфта, дорои тамоми шароити муосири таълиму тарбияи насли наврас, аз ҷумла синфхонаҳои муҷаҳҳази фаннӣ, озмоишгоҳҳо, устохонаҳои ҳунаромӯзӣ, толори барҳавои маҷлисӣ, ошхона, толори универсалии варзишӣ, майдони стандартии футбол, корти теннис ва ғайра хоҳад буд.

Мавриди зикри хос аст, ки то ҳоло ин деҳа танҳо як мактаби ибтидоӣ доштааст. Хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил ҳар рӯз 2 километр масофаро тай карда, ба мактаби деҳаи дигар мераванд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520