Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи 6 корхонаи истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб

29.10.2013 13:11, шаҳри Кӯлоб

Нимаи аввали рӯз дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 6 корхонаи нави истеҳсолӣ ба кор дароварда шуд.

Нахуст дар соҳили чапи дарёи Ёхсу, ки аз паҳлӯи шаҳри Кӯлоб убур мекунад, бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон корхонаи истеҳсолии  Элдорадо расман ба кор дароварда шуд.

Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 3,4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Халил Темуров бунёд ёфтааст. Дар як басти кории ин корхона 40 тонна қуми шуста, 480 тонна шағал, 960 тонна асфалт ва 240 тонна бетон истеҳсол карда мешавад.

Дар ин корхона ҳоло 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши баланд таъмин гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки роҳбарияти ин корхона минбаъд ба сохтмони биноҳои бисёрошёнаи истиқоматӣ, навсозии роҳҳои маҳаллии шаҳри Кӯлоб ва атрофи он машғул шуда, як корхонаи истеҳсоли хишти пухта низ бунёд менамоянд. Сохтмони як бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ аз ҷониби онҳо рӯзҳои наздик оғоз меёбад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз фаъолияти пурсамари имрӯза ва нақшаҳои ояндаи ин соҳибкорон изҳори қаноат карда, ба онҳо арзи сипос кард, зеро ин нахустин корхонаи истеҳсоли масолеҳи гуногнуи сохтмонӣ дар шаҳри Кӯлоб будааст.

Корхонаи дуюми бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳёфта доир ба коркарди аввалияи пахта Тиллои сафед буд, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Фирдавсӣ Муҳаббатов бунёд ёфтааст.

Тавре иттилоъ доданд, иқтидори солонаи ин корхона 20 ҳазор тонна буда, аз пахта 8 намуди маҳсулот истеҳсол мешавад. То имрӯз дар ин корхона 110 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз 1200 то 1500 сомонӣ маоши моҳона мегиранд.

Зикр гардид, ки аз пахтаи дар ин ҷо коркардшаванда 35-40% нах мебарояд. Мавриди зикри хос аст, ки корхона бо технологияи навтарини чинӣ муҷаҳҳаз гардида, аз корхонаҳои пешинаи ин соҳа 3 баробар камтар нерӯи барқ масраф мекунад.

Аз ҳосили имсолаи пахта барои коркард то имрӯз 2,5 ҳазор тонна харидорӣ гардидааст. То охири мавсим онҳо то 6 ҳазор тонна пахта харида, коркард карданианд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки бояд бо хоҷагиҳои пахтакор ҳамкории мутақобилан судманд ба роҳ монда шавад, то ки онҳо ҳам ба истеҳсоли пахта ва ҳам ба ҳамкорӣ бо корхонаҳои саноатии ватанӣ ҳавасманд бошанд. 

Дар назди корхона, ҳамчунин коргоҳи истеҳсоли равған фаъолият мекунад.

Роҳбарияти корхона азм доранд, ки минбаъд як корхонаи омодасозии тухмии пахта ба кишт, яъне алберкунонӣ ва заҳролудсозии он ва корхонаи коркарди аввалияи пашм бунёд намуда, беш аз 100 ҷойи кории иловагӣ муҳайё созанд.

Сипас корхонаи нави коркард ва бастабандии гиёҳҳои шифобахш ва меваи хушк ифтитоҳ ёфт.

Тавре зикр гардид, ин корхона бо харҷи 750 ҳазор сомонӣ аз ҷониби ду соҳибкори маҳаллӣ – Умархӯҷа Шарипов ва Мирзонаим Каримов бунёд ёфта, бо технологияи муосири чинӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар ин корхона 35 нафар бо кори доимӣ таъмин шудаанд. Ғайр аз ин 150 оила ба корҳои мавсимӣ барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш ва меваи хушк ҷалб мешаванд. Маоши моҳона ҳоло 700 сомонӣ аст. Аз соли нав маош ба 1000 сомонӣ расида, минбаъд бо афзун шудани фоидаи корхона боз ҳам зиёд карда мешавад.

Дар як шабонарӯз дар ин корхона то 1 тонна гиёҳҳои шифобахш ва беш аз 3 тонна меваи хушк коркарду бастабандӣ мешавад. Ҳоло истеҳсоли 12 намуд маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Оянда ин шумора ба 25 номгӯй хоҳад расид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фаъолияти ин корхона ва сифати баланду намои бозоргири маҳсулоташ изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки тавсиаи корҳо дар ин самти пурманфиат метавонад ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидати фаъол намояд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки “аз ин неъматҳои бебаҳои табиати биҳиштосои Тоҷикистони азиз бояд васеъ истифода намуд”.  Ба роҳбарияти шаҳри Кӯлоб дастур дода шуд, ки доир ба сохтмони як чойхонаи миллӣ, ки чояш аз гиёҳҳои шифобахш бошад, чораандешӣ кунанд.

Дар маркази шаҳри Кӯлоб 3 корхонаи истеҳсолӣ паҳлӯи ҳам ба кор дароварда шуд, ки аз ҷониби як соҳибкори маҳаллӣ, Иззатулло Ашӯров бо харҷи 5,5 миллион сомонӣ  бунёд ёфтаанд. Дар ин корхонаҳо орд, 8 намуд макарон ва 5 намуд нӯшокии ташнашикан истеҳсол мешавад. Дар се корхона маҷмуан 44 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидааст.

Аввал корхонаи макарон ба кор дароварда шуд, ки бо технологияи олмонӣ муҷаҳҳаз гардида, дар он дар як моҳ 150 тонна маҳсулоти хушсифати бозоргир истеҳсол мешавад.

Дар корхонаи ордбарорӣ, ки бо технологияи навтарин аз Туркия муҷаҳҳаз шудааст, дар як шабонарӯз 24 тонна ғалла коркард мешавад. Дар ин ҷо навъҳои гуногуни орд бо сифати баланд истеҳсол мешавад.

Дар корхонаи нӯшокиҳои ташнашикан бошад, дар як шабонарӯз 700 литр коркард шуда, 5 намуд маҳсулоти хушлаззат истеҳсол мешавад.

Тавре аён гардид, дар ин 6 корхона беш аз 350 нафар бо кор таъмин гардидаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520