Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи
раиси вилояти Хатлон таъин намудани
Гулмаҳмадов Д.Қ.


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин карда шавад.


Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ш. Душанбе
27 ноябри соли 2013
№55


Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич
иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон


Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич 10 январи соли 1961 дар ноҳияи Данғара таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1987 Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи Тошкентро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1987 пас аз хатми Донишкада ба ҳайси сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои раиси кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара, раиси кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон, муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2001-2006 раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан то соли 2008 Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз соли 2008 то 2010 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Аз марти соли 2010 раиси шаҳри Турсунзода мебошад.

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Бо ордени «Шараф» дараҷаи I ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520