Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон



ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР


аз 30 ноябри cоли 2013 № 542
ш. Душанбе

Дар бораи Сардори Саридораи геологияи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Ҷумъаев М.Х.


Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ҷумъаев Мурод Холович Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон


ҶУМЪАЕВ МУРОД ХОЛОВИЧ
Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷумъаев Мурод Холович – 1 январи соли 1963 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишкадаи техникии шаҳри Тошкентро бо ихтисоси муҳандис кӯҳкан ва соли 2010 Академиияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси менеҷери идораи давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 ба ҳайси коргари кӯҳкани Экпедитсияи ҷустуҷӯии геологии ҷануби Тоҷикистон оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои нақбкани корҳои зеризаминӣ, усто, сардори қитъа, муҳандис, сардори партияи геологии Экпедитсияи ҷустуҷӯии геологии ҷануби Тоҷикистон, сармуҳандиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Тоҷикгеология» ва муовини сардори Саридораи геологияи назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 1996 то 2004 Директори Комбинати маъдантозакунии Такоб ва солҳои 2004-2006 дар вазифаи Раиси ноҳияи Варзоб фаъолият дошт.

Аз декабри соли 2006 то имрӯз Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз шудааст.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520