МИРЗО Шералӣ
Вазири мудофиаи Ҷумҳурии ТоҷикистонМирзо Шералӣ соли 1967 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1989 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии фармондеҳии муҳандисӣ- ракетии ба номи маршал В.И. Чуйков, соли 2004 Академияи умумиқӯшунии Қӯшунҳои Мусаллаҳи Федератсия Россияро бо медали тилло хатм кардааст.
Фаъолияти меҳнатиашро соли 1989 аз мансаби ёрдамчии сардори техникӣ-истифодабарӣ оиди кор бо ҳайати шахсии қисми низомии шаҳри Перми Федератсияи Россия оғоз намуда, сипас дар вазифаҳои афсари калони шӯъбаи тайёрии умумиқушунии Раёсати омодагии ҷангӣ, командири баталёни 7-уми алоҳидаи тирандозӣ, командири бригадаи зудамали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, командири бригадаи якуми тирандозии қӯшунҳои хушкигард, сардори Ситод – муовини якуми Фармондеҳи қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Солҳои 2005-2006 муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард ва аз моҳи декабри соли 2006 дар мансаби муовини аввали Раис – сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Рутбаи ҳарбии генерал лейтенант дошта, бо орденҳои «Шараф», «Спитамен», «Зарринтоҷ» дараҷаи II ва медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.