Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии Наврӯз

21.03.2014 10:43, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Мояи ифтихори мо - тоҷикон аст, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ 21-уми марти ҳар сол фарорасии соли нави аҷдодиамон - Наврӯз якҷо бо айёми эҳёи табиат ва оғози корҳои кишоварзӣ дар сатҳи давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Ба муносибати ин рӯзи саид ва ҷашни барои ҳар яки мо бузургу муқаддас, ки чанд сол инҷониб мақоми байналмилалӣ гирифтааст, тамоми мардуми саодатманди Тоҷикистон, кулли ҳамватанони бурунмарзӣ, тоҷикону форсизабонони ҷаҳон, мардумони кишварҳоеро, ки ин ҷашнро гиромӣ медоранд, инчунин ҳамаи сокинони пойтахт ва шумо - иштирокдорони ҳамоиши имрӯзаи идонаро сидқан табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хуррамиву хушҳолии наврӯзӣ, файзу нусрати баҳорӣ ва тандурустиву баракати рӯзгор орзу менамоям.

Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо зуҳур кардааст.

Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму ойинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо созгоранд.

Дар ин рӯз табиат ва инсон нерӯи тоза пайдо карда, дилу андешаҳо ба ҳам меоянд, одамон некиву накӯкорӣ ва амалҳои хайру савобро тарғиб месозанд, ки ҳамаи онҳо аз рисолати фарҳанги оламшумули сулҳофар ва ваҳдатгарои халқи мо шаҳодат медиҳанд.

Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузурги мардум мебошад.

Дар Наврӯз мардум гирди хони идона ҷамъ омада, нақшаҳои ободкориву созандагӣ мекашанд, хонаву кошона ва макони зисташонро поку озода намуда, ба зиндагӣ бо диду андешаи нав менигаранд, ки ин навгониву навсозӣ ҷузъе аз фарҳанги қадимаи тамаддунсози мо - тоҷикон буда, нишонаи кӯшиш барои беҳтар зистан, шукронаи табиат ва неъматҳои онро ба ҷо овардан мебошад.

Тавре аз сиришту таърихи ин ҷашн бармеояд, Наврӯз борҳо бо ҳодисаву монеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ дучор гардида, бо мазмуну мӯҳтавои зиндагисози худ ҳамчун ойини покиву зебоипарастӣ ва ҷашни хоси табиат побарҷо мондааст.

Ин ҷашни бостонӣ дар замони давлатдории хонадони Сомониён бо тамоми русуму суннатҳои худ дубора эҳё гардидааст, ки шаҳодати эътирофу гиромӣ доштани он дар осори аҳли адаби ин давра, бахусус дар эҷодиёти устод Рӯдакӣ тараннум ёфтааст.

Дар давраҳои баъдина низ суннатҳои наврӯзӣ ривоҷу густариш пайдо карда, бо сиришти поки худ то замони мо боқӣ мондааст.

Бузургдошти Наврӯз – умуман бузургдошти таърих ва тамаддуни башарист, ки дар тӯли садсолаҳо арзишҳои неки инсониро дар худ таҷассум кардааст.

Ҷаҳонишавии Наврӯз воқеияти таърихии ба асолати худ баргаштану эътироф шудани ин суннати аҷдодиро барқарор намуд.

Дӯстони гиромӣ!

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳад. Бахусус дар арафаи Наврӯз дар сатҳи давлатӣ баргузор намудани Рӯзи модар, мулоқоти Роҳбари давлат бо зиёиёни кишвар, Рӯзи байналмилалии Наврӯз ва дар остонаи ин ҷашн вусъат додани корҳои ободонӣ аз ҷумлаи иқдому амалҳои неки наврӯзӣ мебошанд.

Дар ин раванд, бояд ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ҷиҳати ободии Ватани азизамон содиқонаву софдилона заҳмат кашида, кӯшиш намояд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо аз Наврӯз то Наврӯз боз ҳам ободу зебо ва нерӯманду пешрафта гардад.

Толеъи баланди миллати сарбаланди тоҷик аст, ки баҳори бистусеюмини давлатдории мустақил ва ҷашни бузурги байналмилалии Наврӯзро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати милливу ҳамрайъии сокинони кишвар истиқбол менамояд.

Аз ин лиҳоз, мову шумо низ орзу менамоем, ки Наврӯзи оламафрӯз ҳамасола бо қабои сабзи худ чун мунодии сулҳу оромӣ ва пиндору гуфтору рафтори нек моро ба сӯйи рӯзгори орому осуда, сулҳу субот ва ободии Ватани азизамон раҳнамун созад.

Бигзор, Наврӯзи ҷаҳонӣ дар хотираи аҳли ҷомеаи ҷаҳон ҳамчун намунаи хиради бузурги гузаштагони некноми мо ва чун зеботарин ҷашни башарӣ то ҷовидон боқӣ монад.

Бори дигар ба ҳамаи шумо бахту саодати наврӯзӣ, фараҳу шодӣ, иқболи баланд ва тансиҳативу рӯзгори осуда орзу менамоям.

Наврӯзи хуҷастапай муборак, ҳамватанони азиз!

 

 

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520