Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими расмии Ҷашни байналмилалии Наврӯз

27.03.2014 18:51, Афғонистон

Ба номи Худованди ҷону хирад,

Ҷалолатмаоби муҳтарам Ҳомид Карзай, Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон!

Ҷалолатмаобон раҳбарони давлатҳо, парлумонҳо ва ҳукуматҳо, аъзои муҳтарами ҳайатҳои расмӣ, фарҳангиён,

Ҳунармандон ва равшанфикрони арҷманд, хонумҳо ва ҷанобон,

Дӯстони гиромӣ ва кулли ҳозирини арҷманд,

Мову шумо дар ин хиттаи зебои доманаҳои Ҳиндукуши сафедпӯш, сарзамини ишқи Рустами Дастон ва бузургмардони кушонӣ, сарзамини мардхез ва қаҳрамонпарвар ба манзури таҷлили зеботарин ва дилангезтарин ҷашни инсонӣ - Наврӯзи оламафрӯз гирди ҳам омадаем.

Иҷозат диҳед нахуст ҳар яки шумо, мардуми шарифу муборизи Афғонистон, мардумони ҳавзаи бузурги Наврӯз ва тамоми афроди фарҳанггустар ва тамаддунписанди ҷаҳонро ба ифтихори ин ҷашни бузург сидқан табрик намоям.

Наврӯзатон пирӯз бод!
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Наврӯз падидаест, ки ҷаҳони маъниро дар худ нуҳуфта ва розҳои фалсафии он ковишу таҳқиқоти ҷомеъ ва амиқро тақозо доранд.

Наврӯз дар зоти худ шинохти ақлӣ ва сиратии инсон аз низоми малакутӣ ва табиии ҷаҳон аст. Назму низоме, ки дар шинохти ориёиҳои бостонӣ бар мабнои ростӣ, некӣ, озодагӣ, эътидол ва созандагӣ устувор аст ва маънии воқеии ҳастии инсонро таъйин менамояд.

Наврӯз тайи тақрибан 6000 соли таърихи пуршебу фарози хеш мазмуни васеъ ва амиқи иҷтимоӣ ва амалӣ касб намудааст.

Дар раванди таърих Наврӯз нахуст қадимтарин ва дақиқтарин ҷашни соли нав ё ба таъбири алломаи бузург Абӯрайҳони Берунӣ "пешонии соли нав" аст. Маҳз таъйини соли нав, ки мабдаи дақиқи кайҳонӣ дошт, таърихро чун сарнавишти инсон дар дарозои замон маънии воқеӣ бахшид.

Наврӯз аз сароғоз шаҳсутунҳои ҳастии иҷтимоӣ ва тамаддунии инсонро мушаххас ва муайян намуд.

Наврӯз амали созанда ва халлоқро чун нахустунсури фаъолияти инсон муаррифӣ кард, ки баёнгари возеҳтарини он барзгарӣ ва кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ фаъолияти иқтисодӣ ва созандаи иҷтимоист. Маҳз ҳамин амал имкон медиҳад, ки ҷомеа ба пешрафт ва рушди матлуб ноил гардад.

Шаҳсутуни дигари ҷомеа дар фалсафаи Наврӯз озодагӣ мебошад. Он баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори афроди ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳати инсон, парвариши рӯҳи солим аз меъёрҳои ҳастии инсонист.

Ҳатмӣ медонанд, ки дар вуруди ин хуҷастаҷашн инсонҳо қалбҳои худро аз ҳама гуна душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва пиндору андешаҳои номатлуб пок намоянд ва қалбҳоро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ созанд. Амре, ки барои кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз чун обу ҳаво ҳаётист.

Имрӯз, ки Афгонистон Наврӯзгоҳи ҷаҳон аст, мо аз ҳама фарзандони ин хиттаи бостонӣ даъват менамоем, ки манфиатҳои волои кишвар ва мардуми худро аз манофеи сиёсӣ, миллӣ, қавмӣ, минтақавӣ бартар донанд ва ба хотири таълими зиндагии шоистаи мардум ва дурнамои неки кишварашон масъулона ва хирадмандона гом бардоранд.

Қобили зикри хос аст, ки Наврӯз бар мабнои ризоияти умум ҷашне чунин шоиста шуд. Ва ризоияту тафоҳум, машвараву маслиҳат ва муҳимтар аз ҳама - раъйи озод ва масъулонаи шаҳрвандон ва низоми мардумсолор бар мабнои ин раъй ва иродаи умумии мардум маҳсули мантиқи Наврӯз аст.

Наврӯз дар низоми ҷомеа ва фаъолияти иҷтимоии инсон асли эътидолро чун асли бунёдӣ ва мизони возеҳ арзёбӣ намудааст.

Мову шумо хуб медонем, ки Худованди азза ва ҷалла уммати мусулмонро уммати васат хондааст ва васат баёнгари силсилаи бузурги сифатҳои воло ва фазилатҳост. Васат ё эътидол – роҳи хирад, созандагӣ, рушд ва саодати инсонҳо мебошад. Баръакс, ифрот ва тафрит дар пиндор, гуфтор ва кирдор бунёди тамаддунӣ ва фарҳангии ҷомеаро халадор намуда, муҷиби бадбахтиҳо ва фоҷиаҳои инсонӣ мегардад.

Ҷовидонагии Наврӯз ба ҳайси қадимтарин ҷашни зиндаву пойдори ҷаҳон дар пайванди ногусаста бо ниёзҳои ҳаётӣ ва сиратии инсон - зиндагии озодаву шоиста, пешрафти иҷтимоӣ ва бахусус камоли маънавии инсон аст.

Мо қодирем ба илҳом аз суннати Наврӯз ва корбурди ниҳодҳо ва шеваву василаҳои навини ҳамкорӣ рушди ҳамагонии кишварҳои худ ва сатҳи сифатан нави ҳамкориву ҳамгироиро дар минтақаи таърихии Осиёи Марказӣ ва тамоми ҳавзаи Наврӯз таъмин намоем.

Намунаи мисол, бунёди ҳамагӣ чанд неругоҳи обӣ, хатҳои бузурги интиқоли барқ ва лӯлаи газ имкони онро фароҳам меорад ки талаботи рӯзафзуни минтақа ва берун аз он бо барқи арзон ва пок, газ, оби ширин ва оби зироатӣ таъмин гардад, садҳо ва ҳатто ҳазорҳо коргоҳҳо эҷод шаванд, миллионҳо ҳектор замин обёрӣ шаванд, миллионҳо нафар соҳиби ҷои кор ва маоши муносиб гарданд, суръати рушди иқтисодӣ ҳадди ақалл ду баробар афзоиш ёбад ва нақши геоиқтисодву геостратегии минтақаи мо ҷиддан боло равад.

Ба тариқи мисоли дигар сохтмони як чанд қитъаҳои роҳи оҳан дар қаламрави кишварҳои мо имкони онро муяссар месозад, ки транзити мол байни минтақаҳои таърихии Авруосиё ва бахусус байни ду маркази бузургтарини иқтисодии ҷаҳон - Осиёи Шарқӣ ва Урупо аз тариқи кӯтоҳтарин таъмин гардад ва нақши транзитии кишварҳои минтақа бамаротиб боло равад.

Ман мутмаинам, ки мо бо ҳусни ният, ҳамкории содиқонаву созанда, посдорӣ аз фарҳанги арзишманди дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва кумаку мусоидати дӯстона, ки аз суннати бузурги Наврӯз баҳравар ва ғаноманд шудаанд, метавонем ба ахдофу ормонҳои волои мардумони худ ноил оем.

Дар ин шоиста ҷашне ва дар ин шоиста рӯзе орзуманди хушрӯзӣ, сарсабзӣ ва саодати наврӯзии ҳамагон ҳастам.

Наврӯзи якояки шумо пирӯз, ҷовидон ва дурахшон бод!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520