Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои оби тоза

01.09.2003 14:00, шаҳри Душанбе

Хонумҳо ва ҷанобони мӯҳтарам!
Дӯстони азиз!

Форуми байналмилалии оби тоза дар шаҳри Душанбе кори худро ба анҷом мерасонад. Чанд лаҳза баъд он ба ҳукми таърих медарояд ва мо аз ин рӯзҳо бо ифтихор ёд мекунем.

Метавон гуфт, ки дар давоми се рӯзи кори Форум Душанбе ба як "пойтахти оби ҷаҳон" табдил ёфт ва барҳақ бо Йоҳаннесбург дар Африқои Ҷанубӣ ва Киото дар Япония дар як радиф ҷой гирифт.

Чунонки маълум аст, дар Форум қариб 500 нафар вакил аз 53 кишвари ҷаҳон ва тақрибан 100 созмони байналмилалӣ ширкат намуданд. Зимнан, ҳар иштирокчии дуюми Форум аз минбари он суханронӣ кард.

Муҳим он аст, ки минбар барои ҳар кадом кушода буд ва он фазои мусоиде, ки дар Форум ба вуҷуд омад, барои муҳокимаи масоили ҷиддӣ дар муҳити озод, берун аз толорҳои расмӣ имкон ба вуҷуд овард.

Ба назарам, ҳамагон бо ман розӣ хоҳанд шуд, агар анҷумани моро "Маҳфили ҳамақидагон" номам, ки метавонанд ба тарзи ҳирфаӣ дар мавриди доираи васеи масъалаҳои марбут ба об бо назардошти натиҷаҳои амалии он сӯҳбат ва муколама намоянд.

Ба ақидаи вакилон ба Форуми баргузоршуда бештар мубодилаи афкор ва ҳамкорӣ, ҷустуҷӯи муштараки роҳҳои ҳалли мушкилоти ба вуҷудомада дар шароити ҳамбастагии ҷаҳон хос буданд.

Ин комилан дуруст аст, зеро касе ба танҳоӣ аз ӯҳдаи бартарафсозии хатарҳои нави мураккаб дар чунин соҳаи ҳаётан муҳим, ба мисли об, баромада наметавонад.

Ҳамкорӣ, ҳамдилӣ, дастгирии тарафайн дар соҳаи об - ин аст ҳадафи асосӣ дар суханронии аксари кулли вакилони Форум.

Боиси хупшудист, ки дар чаҳорчӯбаи Форум 18 чорабинии махсус баргузор гардид ва проблемаҳои марбут ба об дар миёни ҳукуматҳо ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, олимон ва коршиносони шинохта мавриди баррасии васеъ қарор гирифтанд.

Маҳз дар ҳамин чорабиниҳо иштирокчиёни Форум ба таври мушаххас комёбиҳо ва мушкилотро дар роҳи амалӣ гардондани ҳадафҳои муштарак дар соҳаи об ба таври мушаххас таҳлил намуданд.

Бидуни шубҳа, комёбиҳои ба дастомада мавриди омӯзиши ашхоси ҳавасманд қарор мегиранд, ҳамзамон проблемаҳои миллию минтақавӣ тавассути муколамаи торафт вусъатгиранда ҳалли худро меёбанд.

Масъалаи идоракунии интегратсионии захираҳои оби ҳавзаҳои гуногун бо назардошти вазъияти ҳозираи экосистемаҳо, алалхусус, дар ҳавзаҳои транссарҳадӣ; механизмҳои нави молиявӣ, аз ҷумла нархгузорӣ ба об ва нархи хизматрасонии экосистемаҳо; баҳси кишварҳо барои обҳои байналмилалӣ; ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи об бо назардошти зарурати қонеъ гардондани эҳтиёҷоти ниёзмандон; нақши воситаҳои ахбори умум дар паҳн намудани иттилооти марбут ба мушкилоти об ва дар кори муттаҳид сохтани кӯшишҳо дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ - ин аст доираи васеи мавзӯъҳое, ки аз ҷониби иштирокчиёни Форум ҳаматарафа баррасӣ карда шуданд.

Сари кадом масъалае гап равад, вакилон ҳамеша суол мекарданд, ки барои ҳалли мушкилот чӣ бояд кард. Барои ҳамаи мусоҳибаҳо ҳамин чиз хос буд, ки дар баробари номбар шудани масъала роҳҳои гуногуни ҳалли амалии он низ пешниҳод мегардиданд.

Аз ин рӯ, метавон боз як хулоса кард: мавзӯи об ҳадафи нави стратегии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид ва расидан ба он ба манфиати тамоми аҳли башар хоҳад буд.

Рӯзҳои охир таваҷҷӯҳи воситаҳои ахбори ҷаҳон ба кори Форуми мо равона гардида буд. Беш аз 250 рӯзноманигор барномаи пурмӯҳтавои Форум, алалхусус мавзӯъҳои асосии он - об, муҳити зист, бехатариро дар гузориш ва мақолаҳои худ ба таври васеъ инъикос намуданд.

Рӯзноманигорон кӯшиши зиёдеро ба харҷ доданд, то одамон дар ҳама гӯшаву канори ҷаҳон огоҳӣ ёбанд, ки душанбегиҳо меҳмононро аз ҳама қитъаҳои олам чӣ гуна пазироӣ намуданд, дар Форум кадом нуқтаи назарҳо иброз шуданд, рӯҳияи вакилон чӣ гуна буд, дар Форум чӣ гуна қарорҳо қабул гардиданд.

Бешубҳа, ба натиҷаҳои Форуми мо, ки дар шакли мӯъҷаз дар Муроҷиатномаи қабулшуда инъикос ёфтаанд, на як бору ду бор ҳукуматҳо, олимон ва коршиносон рӯ хоҳанд овард.

Муроҷиатномае, ки дар Душанбе тавлид ёфт ва ба ҳукуматҳо, олимон ва мутахассисон, гурӯҳҳои асосӣ ва бахши хусусӣ нигаронида шудааст, барои ҳалли вазифаҳое, ки аз Декларатсияи ҳазорсола бармеоянд, мусоидат хоҳад кард.

Форуми байналмилалии Душанбе оид ба оби тоза, чунонки дар аввал гуфтам, кори худро ба анҷом мерасонад.

Дар лаҳзаҳои хайрбод ман бо камоли майл мехоҳам ба ҳамаи онҳое, ки ташаббуси Тоҷикистонро дар бобати эълон намудани Соли байналмилалии оби тоза дастгирӣ намуда, дар баргузор шудани Форуми об дар Душанбе саҳм гирифтаанд, изҳори ташаккур намоям.

Дар навбати аввал мо аз Созмони Милали Муттаҳид сипосгузорем. Ба шарофати таваҷҷӯҳи доимӣ аз ҷониби Дабири Куллӣ Созмони Милали Муттаҳид, Департамент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Котиботи Созмони Милали Муттаҳид ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид мо тавонистем, ки ҳадафҳои асосӣ ва амалиёти муштараки ҷомеаи ҷаҳониро дар бобати омодагӣ ва баргузории муваффақиятноки Форуми байналмилалӣ дар Душанбе тарҳрезӣ намоем.

Мо аз ҳамаи онҳое, ки Форуми моро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ намудаанд - аз Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Швейтсария, Шабакаи рушди Оғохон, ки пешниҳоди Тоҷикистонро дар бобати гузаронидани Форуми Душанбе на фақат хуш пазируфтанд, балки дар омодагӣ ба он саҳм гирифта, коршиносони соҳибтаҷрибаи худро оид ба об қаблан сафарбар намуданд, сипосгузорем.

Ҳамчунин фаъолияти Кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ, ки хеле самарабахш буд, сазовори баҳои баланд аст.

Дар корҳои тайёрӣ ва баргузории Форум душанбегиҳо ва сокинони ҳамаи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон бо шавқи беандоза ширкат намуданд. Ба шарофати кӯшишҳои онҳо меҳмонони Форум меҳмоннавозии мардуми моро эҳсос намуданд ва ҳамчунин боварӣ ҳосил карданд, ки ҳар сокини кишвари мо ҳадафҳои накӯкоронаи Соли байналмилалии обро ҷонибдорӣ менамояд.

Тоҷикистон сарзамини кӯҳҳои баланд ва ҳазорон кӯл, дарёҳои тезоб ва шаршараҳои дилрабо, ҳамчунин нерӯгоҳҳои нодири барқи обӣ ва баҳрҳои сунъӣ аст.

Тоҷикистон ватани шоирони овозадор ва таърихи пурғановати халқи куҳанбунёд аст, ки яке аз сарватҳои бебаҳояш об мебошад.

Мо обро ҳамчун сарчашмаи зиндагӣ қадр мекунем. Ман шодам, ки Форуми якуми байналмилалии об дар шаҳри Душанбе дар ҳамин рӯҳия сурат гирифт.

Ба ҳамаатон роҳи сафед, хушбахтӣ ва бурдбориҳо орзу мекунам ва умедворам, ки мо боз дар Форуми дуюми байналмилалии об дар шаҳри Душанбе ба дидори яқдигар хоҳем расид.

Саломат бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520