Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 12-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1000-солагии зодрӯзи Носири Хусрав

08.09.2003 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони арҷманд!

Имрӯз миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибтамаддуни тоҷик ду иди пуршукӯҳ дорад: ҷашни дувоздаҳсолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва бузургдошти ҳазорумин солгарди шоир ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Носири Хусрави Қубодиёнӣ.

Ба ҳам рост омадани ин ду ҷашн нишонаи ҳувияти шикастнопазири миллии мо ва эҳёи давлатдории тоҷикон дар оғози ҳазорсолаи сеюм аст. Ин ҷашнҳои фараҳбахшро ба ҳар кадоми шумо - ҳамватанони азиз, меҳмонони арҷманд, ҳаммиллатону ҳамзабононе, ки аз кишварҳои дуру наздик ташриф овардаанд, аз ҷумла аъзоёни Шӯрои Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табрик мегӯям ва ба ҳамаатон шодкомию файзу сурури идона орзӯ менамоям.

Тантанаи хирад ва андешаи солори тоҷикон, шодии иди истиқлол ба тамоми фарзандони миллат ва ҳамаи ҳамзабонони мо муборак бошад!

Имрӯз боз моро ин андеша пеши рӯ меояд, ки маънии истиқлолияти воқеӣ чист ва дастоварди бузургтарини он аз чӣ иборат аст? Маънои истиқлолият барои мо ин аст, ки Тоҷикистон дар миёни кишварҳои озод ҷо гирифт ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид.

Дар охири асри XX ва оғози ҳазорсолаи нав Тоҷикистон ба масири таърихии ниҳоят мураккаб дохил шуд ва солҳои аввали истиқлолияти худ роҳи басо душвору пурмонеа ва рӯзгори фоҷиаборро паси сар кард. Ин марҳилаи давлатдории миллати куҳанбунёди тоҷик ба даврае рост омад, ки башарият дар интиҳои асри бистум ба ихтилофоти шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гирифтор шуда, низоми ҷаҳон ба дигаргуниҳои азими геополитикӣ ва геостратегӣ рӯбарӯ гардид.

Дар натиҷаи густариши равандҳои глобализатсия ва бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ё гурӯҳи кишварҳо дар миқёси ҷаҳон ва минтақаҳои алоҳида муборизаҳои сиёсӣ аз нав авҷ гирифтанд, кӯшишҳои дигаргунсозии низоми таърихан шакл гирифтаи муносибатҳои байналхалқӣ, тақсимоти ҷадиди бозори ҷаҳонӣ ва ба даст даровардани захираҳои нави ашёи хом, сӯзишворӣ ва пеш аз ҳама нафту газ вусъат ёфтанд. Инсоният таҳти таъсири манбаъҳои нави хатар қарор гирифт ва ин ҷараён ба сиёсати бисёр кишварҳову минтақаҳо таъсири амиқ гузошт.

Даҳсолаи охир на фақат барои халқи тоҷик, балки барои аксари давлатҳо ва халқҳои олам аз лиҳози миқёси дигаргуниҳои бунёдӣ ва бурду бохтҳои ногаҳониаш метавон гуфт, ки ба садсолаҳо баробар шуд.

Дар як муддати кӯтоҳ низоми нисбатан собити арзишҳои сиёсию идеологӣ аз байн рафта, фазои комилан нави глобализатсия падид омад, ки ҳама кишварҳои оламро фаро гирифт.

Ба пиндори мо глобализатсия дар асли худ падидаи мураккаб ва мутазоди таърихӣ мебошад. Он барои бештари кишварҳо ва минтақаҳои олам ба хотири тақсими босамартар ва оқилонатари кор ва фаъолияти иқтисодӣ, густариши босуръати дастовардҳои навини илмиву техникӣ ва фарҳангӣ, решагирии усул ва арзишҳои эътирофшудаи демократӣ ва ғайра мусоидат менамояд.

Вале ҳамзамон глобализатсия сабабгори аслии вусъати як силсила иллатҳои иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама бекорӣ, камбизоатӣ, терроризм, экстремизми динӣ, нашъамандӣ, паҳншавии бемориҳои гуногуни сирояткунанда ва дар маҷмӯъ бад шудани вазъи иҷтимоӣ, бахусус дар кишварҳои ақибмонда мегардад.

Дигар аз оқибатҳои нохушоянди глобализатсия афзоиши босуръати фарқияти тараққиёт ва сатҳи зиндагӣ дар байни мамлакатҳои пешрафта ва кишварҳои рӯ ба инкишоф аст. Агар барои маҳдудсозии фарқият тадбирҳо андешида нашаванд, қувват гирифтани ин раванд боиси сар задани ихтилофҳои нав дар ҷаҳон мегардад.

Ҳамчунин, глобализатсия омили бартариҷӯӣ ва бартаридиҳии минтақаҳои хос ва ҳатто кишварҳои алоҳида, инкори амалии арзишҳои мавҷуда ва нотакрори милливу таърихӣ, фишори рӯзафзун ба арзишиҳо ва дастовардҳои бузурги тамаддунҳои бостонии башарӣ гардидааст.

Ҳамаи ин сабаби ба вуҷуд омадани низоъҳои мухталиф, бархӯрдҳои мусаллаҳона, хусусан қувват гирифтани падидаҳои даҳшатноки ҷаҳонӣ - терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир мешаванд.

Тоҷикистон ҳамчун субъекти муносибатҳои байналмилалӣ аз ин равандҳои печида ва мураккаби ҳодисот ва пешрафти ҷаҳони муосир ва пеш аз ҳама аз фазои фарогири глобализатсия дар канор буда наметавонад.

Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва мавқеи ҷуғрофию геополитикии мамлакатамон мо дар сиёсати дохилӣ ва робитаҳои хориҷӣ бояд пеш аз ҳама манфиатҳои милливу давлатии худро ҳифз ва татбиқ намоем ва дар айни замон кӯшиш кунем, ки қадам ба қадам ба ҷомеаи мутамаддин наздиктар шавем.

Кишвари мо, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти худ ба зарбаҳои гарони ҷанги гражданӣ, терроризм ва экстремизм дучор омад, ҷомеаи ҷаҳониро аз хатари ин падидаҳои ниҳоят харобиовари глобалӣ ҳушдор дода, яке аз ширкаткунандагони фаъоли коалитсияи байналмилалии зиддитеррористӣ ва ташаббускори таъсири коалитсияи байналмилалии мубориза бар зидди маводи мухаддир гардид. Ногуфта намонад, ки тайи ин солҳо Тоҷикистон ҳамчун минтақаи буферӣ на танҳо Осиёи Марказӣ, балки кишварҳои Аврупоро низ аз оқибатҳои фалокатбори ин вабоҳои аср муҳофизат мекунад.

Ташаббусҳои мо доир ба ташкили минтақаи амният дар атрофи Афғонистон, таҳия ва қабули Консепсияи ягонаи коалитсияи мубориза бар зидди маводи мухаддир, ки дар амалияи ҷаҳонӣ собиқа надорад, исботи садоқати мо дар пешгирии хатарҳои нави башарӣ мебошад.

Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид яке аз проблемаҳои бузурги башарият - нарасидани оби нӯшокӣ дар сайёра мавриди баррасии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт ва соли 2003-юм Соли байналмилалии оби тоза эълон гардид.

Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, як ҳафта пеш дар пойтахти мамлакатамон бо иштироки садҳо нафар мутахассисону коршиносони 53 давлати ҷаҳон ва 105 ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ чорабиниҳои Соли оби тоза дар сатҳи баланд доир гардиданд. Дар ин форум пешниҳоди мо дар мавриди аз соли 2005 то соли 2015 эълон кардани Даҳсолаи байналмилалии оби тоза аз ҷониби вакилон дастгирии пурра ёфт.

Мо ин маъракаи бонуфузи сиёсиро саҳми арзандаи Тоҷикистон дар ҳалли проблемаҳои глобалӣ мешуморем ва аминем, ки минбаъд низ чун давлати соҳибистиқлол дар ҳаллу фасли мушкилоти минтақа ва ҷаҳон саҳми босазо мегирем.

Гузашта аз ин, барои Тоҷикистон татбиқи муносибатҳои нави иқтисодӣ ва вусъати ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии ҷаҳонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ барои пешрафти иқтисодиёти миллӣ, густариши фазои иттилоотӣ, аз ҷумла компютерикунонии низоми таълим, васеъ ба роҳ мондани омӯзиши забонҳои хориҷӣ зарур аст. Бе ин ҳама пайвастагӣ ва ҳамгироии мо ба маҷрои глобализатсия ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилтар мешавад.

Мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ роҳи бунёди муносибатҳои солими бозаргониро пеш гирифта, дар айни ҳол кӯшиш дорем, ки ҳадафҳои иҷтимоӣ ва равандҳои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро ҳарчи зудтар амалӣ гардонем.

Далели ин гуфтаҳо конфронси кишварҳои кӯмакрасон мебошад, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар Душанбе баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ қарор қабул шуд, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон 900 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 700 миллион доллар дар шакли ёрии бебозгашт ва башардӯстона ҷудо карда шавад. Ин маблағҳо барои татбиқи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона хоҳанд гашт.

Бо вучуди ҳамаи ин, бояд иқрор шуд, ки мамлакати мо бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла оқибатҳои фалокатбори ҷанги гражданӣ аз маҷрои ҷаҳонии рушди иқтисодиёт, татбиқи технологияҳои нави иттилоотӣ ва пешрафти босуръати илму техника қафо мондааст. Маҷрои пешрафти замона моро водор месозад, ки ба заминаҳои бунёдии иқтисодиёти бозорӣ ва омилҳои пешбарандаи он, алалхусус соҳаҳои энергетика ва коммуникатсия, ки фаъолияти бонизоми иқтисодиёт ва набзи бомароми зиндагиро дар мамлакат таъмин мекунанд, аҳамияти аввалиндараҷа диҳем.

Имрӯз дар назди мо як силсила нақшаҳои муҳими стратегӣ ва тақдирсози иқтисодию иҷтимоӣ қарор доранд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда бояд онҳоро устуворона ва пайгирона амалӣ гардонем.

Ҳадафҳои дурнамои иқтисодӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, роҳсозию коммуникатсия, саноат, хусусигардонӣ маҳз ба хотири таъмини истиқлолияти комил ва бунёди низоми муосир ва пешрафтаи иқтисодӣ барномарезӣ шудаанд, ки имкон медиҳанд Тоҷикистон аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба тавлидкунандаи маҳсулоти хушсифати саноатӣ табдил ёфта, тадриҷан дар сохтори муносибатҳои иқтисодии ҷаҳонӣ мавқеи худро пайдо кунад.

Албатта, расидан ба ҳадафҳои зикршуда кори беандоза мушкил аст. Вале мо роҳи дигар надорем, бояд бо сабру бурдборӣ тамоми нерӯи худро сафарбар кунем ва ҳамаи мушкилотро пушти сар гузорем, то ҳадафҳои асосии истиқлолияти иқтисодии мамлакатро бо заҳмати созанда зина ба зина дар ҳаёт татбиқ созем.

Ҳадафи аз ҳама бузург ва афзалиятноки стратегияи иқтисодии Ҳукумат ин аст, ки пешрафти ҷомеа ба сатҳи сазовори зиндагии мардум мусоидат намояд. Аз ин рӯ, мо татбиқи сиёсати оқилонаи иҷтимоиро дар доираи арзишҳои демократӣ афзалияти муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат медонем.

Мақсади асосии ин сиёсат ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маориф, тандурустӣ, тавсеаи шабакаи технологияи иттилоотӣ, таъмини воқеии мақоми иҷтимоии занон, фароҳамсозии заминаи тарбияи солими кӯдакону наврасон, тайёр кардани кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯӣ, пешбурди сиёсати оқилонаи демографӣ ва танзими расму оинҳои миллӣ мебошад.

Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки фаъолияти иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон дар се соли оянда дар доираи он сурат хоҳад гирифт, бешубҳа барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми камбизоату эҳтиёҷманд мусоидат хоҳад кард.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо таъмини ҳарчи зудтари истиқлолияти озуқаворӣ мебошад, ки дар ин соҳа як қатор натиҷаҳои умедбахш ба даст овардаем.

Мувофиқи санҷиш ва ҳисоби пешакии мутахассисон бо вуҷуди шароити номусоиди обу ҳавои фасли баҳор ва аввали тобистон имсол дар кишварамон ҳосили ғалладонагиҳо зиёда аз як миллион тонна ва картошка 500 ҳазор тоннаро ташкил хоҳад дод. Ин нишондиҳандаҳо барои Тоҷикистон бесобиқа мебошанд ва бар дурустии ислоҳоти замин ва дастоварди муҳими мо дар масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти худӣ гувоҳӣ медиҳанд.

Мо бояд ин равияро минбаъд низ таҳким бахшем ва аз захираву имкониятҳо, аз ҷумла воситаҳои техникӣ ва дастовардҳои илму техникаи муосир ҳарчи бештар истифода намоем ва ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро дар солҳои оянда боз ҳам афзоиш диҳем.

Рушди босуръати илмию техникии асри XXI маҳз ба илму дониш ва тафаккури пешрафта, дастовардҳои навтарини илму техника вобаста аст. Бинобар ин пуштибонӣ аз истиқлолияти комил маърифати баланди сиёсиву иқтисодӣ, ҷаҳонбинии васеъ, дониши мукаммали техникӣ ва донистани забонҳоро тақозо мекунад.

Дӯстони азиз!

Истиқлолият барои ҳамаи наслҳои миллати мо, аз ҷумла ниёгони сарбаландамон ормони воло, номаи тақдир, ҳифзи шарафу номуси ватандорӣ ва дар мушкилтарин лаҳзаҳои таърих бо сабру таҳаммули оқилона ва ҳусни табдир дар ниҳоди давлатдории аҷнабиён пеш бурдани суннатҳои давлату давлатдории аҷдодӣ будааст.

Истиқлолият барои мо як марҳилаи сифатан наву воқеии таърихи талошҳои озодихоҳона ва кору пайкорҳои ошкору ниҳони расидан ба давлату давлатдории миллӣ ва ҳифз намудану пос доштани мероси маънавию фарҳангии миллат мебошад.

Дар саҳифаҳои таърихи қадимаи миллатамон сабт шудааст, ки бар асари лашкаркашиҳо ва тохтутозҳои паиҳами сулолаву хонаводаҳои аҷнабӣ давлату давлатдории тоҷикон борҳо зери хатари нестӣ монда буд. Вале фарзандони дурандешу фарҳангпарвари миллат ҷабру ҷафои бегонагонро бо муқовимат ва пайкори фарҳангиву маърифатӣ, тадбир, таҳаммул ва бурдбории мардона паси сар намуда, барои ҳифз ва таҳкими ҳувияти миллӣ талошҳо кардаанд, зиндагӣ ва ҷаҳонбинии қавму халқиятҳои бегонаро бо дастовардҳои тамаддуни худ пурғановат сохтаанд.

Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ аз ҷумлаи чунин бузургони фарҳангу хиради миллати тоҷик ба шумор меравад, ки умри азизи хешро баҳри худшиносӣ, ситоиши ифтихори миллию ватандорӣ ва раҳоиш аз зулму истибдоди аҷнабиён, хурофот ва дигар падидаҳои манфӣ сарф кардааст. Овони кӯдакӣ ва балоғати ӯ дар Шаҳри Тӯс, Тахти Қубод, Тахти Сангин, Қалъаи Мир, Кайкубодшоҳ ном шаҳристонҳои қадимаи Каёниён ва Бохтари бостон, ки воқеъ дар қаламрави Тоҷикистони имрӯзаанд, гузаштааст. Меҳри ин сарзамини аҷдодӣ дар ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ ва истиқполхоҳии ӯ нақши якумрӣ бозидааст. Ӯ дар айни замон истеъдоди фитрии шоириашро дар мактаби адабии Рӯдакӣ ва дигар сухансароёни аҳди Сомониён сайқал дода, аз асолати забони модарӣ ва фарҳанги волои миллати хеш ба ҳадди аъло бархурдор гаштааст.

Зиндагӣ ва рӯзгори ин ҳакими бузург ба интиҳои давлатдории Сомониён рост омада, фоҷиаи истилои сулолаҳои аҷнабии Ғазнавиёну Салҷуқиёнро бо чашми сар дидааст.

Носири Хусрав, ки таҷрибаи дабирию коргу зории дарборро аз падар омӯхта буд, муддате дар Балх ба хидмати ҳокимони ғазнавӣ даромад, лекин бо вуҷуди нуфузу эътиборе, ки дар доираҳои ҳоким пайдо карда буд, бо сабаби беадолатӣ ва носозгории муҳит аз хизмати дарбор канор рафт.

Сиёсати ҷангҷӯёнаи сулолаи тундрави Ғазнавиён, вазъи номусоиди иҷтимоию сиёсии кишвар, алалхусус риёкории рӯҳониёну бегонапарастии бисёре аз мансабдорон, хорию зории аҳли илму фарҳанг дар ҷаҳони маънавии Носири Хусрав як гардиши куллиро ба вуҷуд оварданд.

Ӯ чун шоири ватандӯсту ватанпарвар ва марди андеша наметавонист дар баробари харобсозиҳои хоки Хуросон бетарафиро ихтиёр намояд. Шоири миллатдӯсту халқпарвар ба хотири тарбият ва роҳнамоии ҳокимони ғосибу ситампешаи салҷуқӣ муддате ранҷу заҳмат мекашад. Аммо ранҷу заҳматҳояш барабас рафта, аз беадолатиҳо ва ҷабру зулми амалдорони салҷӯқӣ ба танг меояд ва комилан хидмати дарборро тарк мегӯяд.

У дар шеърҳояш ба танқиду мазаммати омирони салҷӯқӣ шурӯъ карда, онҳоро "гургони биёбон" меномад ва аз шукӯҳи гузаштаи Хуросону подшоҳони адолатпешаи сомонӣ бо ҳасрат ва таассуф ёд мекунад.

Табиист, ки чунин танқиду мазаммати ошкорои шоир сафи душманони ӯро афзуд ва соҳибмансабони ғазнавию салҷӯқӣ дар андешаи таъқиб ва ҳатто куштани ӯ афтоданд. Саранҷом пас аз азиятҳои рӯҳии зиёд Носири Хусрав роҳи сафари тӯлониро ба сӯйи кишварҳои дигар пеш гирифт.

Мусофирати Носири Хусрав қариб ҳафт сол идома ёфт. Ӯ аз роҳи Озарбойҷону Эрон гузашта, сарзамини Осиёи Хурдро паси сар кард ва сипас Сурия, Фаластин, Миср, Тунис ва Судонро саёҳат намуд. Ин ҳакими инсондӯсту адолатпарвар чор бор ба зиёрати Макка расида, тақрибан саросари ҷаҳони исломро омӯхт. Алалхусус давраи истиқомати Носири Хусрав дар Миср, ки се сол идома ёфт, ба зиндагӣ ва фаъолияти минбаъдаи вай таъсири амиқ гузошт.

Дар замони Носири Хусрав фотимиён дар қаламрави Миср баъзе ислоҳот гузаронида буданд, ки ба ҷунбишҳои миллии мардумӣ аз ҷумла ҳаракати истиқлолхоҳии шуубия дар миёни аҷдоди мо таъсири зиёд расонидаанд.

Зимнан бояд таъкид кард, ки ҳаракату ҷунбишҳои халқӣ ва иҷтимоӣ, аз ҷумла ҷунбиши шуубия, мазмуни нисбатан бой, рангин ва қисман мураккаберо доро буданд. Ин ҷунбишҳо дар даврони ташаккули рӯҳи муқовимат ва истиқлолхохӣ доираҳои васеи мардумро фаро гирифта, ҷавҳари худшиносӣ ва худогоҳӣ доштанд.

Муҳимтарин ҳадафҳои онҳо эҳёи асолати таърихиву фарҳангӣ, бозгашт ба шукӯҳу азамати давлатдории аҷдодӣ ва бунёди низоми адолатпеша буданд. Ин ҷунбишҳо арзишҳои миллӣ ва диниро омезиш дода, ба нерӯи бонуфузи ғоявӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ табдил шуданд.

Ҳамин тариқ талошу пайкори истиқлолхоҳии ниёгони мо бар зидди аҷнабиёни истилогар дар тӯли садсолаҳо идома ёфта, гоҳе ба сурати исёну шӯришҳои ошкорои сиёсӣ ва ҳақталошона, гоҳе ба шакли ҳаракатҳои мазҳабӣ ва гоҳе ба тарзи баҳсҳои фалсафию мунозироти адабӣ падид омадаанд.

Ҳадафи аслии онҳо бедор кардани эҳсоси худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар ниҳояти кор барафкандани девори сиёсати аҷнабиён ва ба ҷойи он зинда кардану пойдор доштани суннатҳои давлатдории Сомониёни адолатпеша буд. Алалхусус, дар доираҳои фарҳангӣ ҳаракатҳои озодихоҳӣ ва истиқлолпарастӣ дар либоси адабию ҷунбишҳои мазҳабӣ зоҳир гашта, чун тадбири сиёсии пуштибонӣ аз Ватану забон, ғояҳои истиқлолхоҳию асолати давлатдорӣ, ифтихороти миллию аҷдодӣ ба кор мерафтанд.

Ва ҷойи баҳс нест, ки Носири Хусрав низ ақидаҳои истиқлолхоҳӣ, озодандешӣ ва ватанпарастии худро аз пойгоҳи шеъру сухан, фаъолияти густурдаи адабӣ, маърифатпарварӣ, таблиғотӣ ва мунозироти фалсафӣ пеш бурдааст.

Воқеан, ӯ чун як фарди миллатдӯст, озодманиш ва инсонпарвар баландтарин арҷро ба инсони бедордилу ватанхоҳ мегузорад ва то вопасин нафаси умр дар роҳи истиқлолхоҳию ватанпарастӣ талош меварзад. Ин шоир ва мутафаккири бузург аз худ осори гаронбаҳои илмиву адабӣ боқӣ гузоштааст, ки "Ҷомеъ-ул-ҳикматайн", "Кушоиш ва раҳоиш", "Сафарнома" ва "Девони ашъор" аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Яке аз муҳимтарин асарҳои Носири Хусрав "Сафарнома" аст, ки муаллиф дидаю шунидаҳои хешро дақиқ, воқеъбинона ва бемуболиға ёддошт карда, баъди бозгашт ба Балх онҳоро ба сурати китоб дароварда ба ворисон ёдгор гузоштааст. Ба ақидаи бисёр донишмандон китоберо наметавон пайдо кард, ки аз нигоҳи арзиши илмиаш бо "Сафарнома" қобили қиёс бошад. Зеро ин асар ҳам сафарнома, ҳам тазкира, ҳам маводи пурарзиши таърихию ҷуғрофӣ ва ҳам сарчашмаи нодири мардумшиносию фарҳангшиносист.

Носири Хусрав чун Фирдавсӣ ситоишгари хирад ва хирадмандист. Хирадмандӣ дар осори ин мутафаккири бузург бо имону диёнат, покизакориву покдоманӣ баробар аст. У инсонро ҳадафи аслии офариниши олам дониста, хираду донишро василаи асосии худшиносии инсон мешуморад. Инсоне, ки роҳи худшиносиву такомули шахсиятро пеш гирифтааст, бояд аз хашму ситез, ҳирсу ҳасад, макру тазвир, кибру ғурур ва амсоли инҳо дур шуда, ба пояи инсони комил бирасад.

Муҳимтарин хислати инсони комил аз нигоҳи шоир некиву накӯкорист. Ба андешаи шоир накӯкорӣ пеш аз ҳама роҳатрасонӣ ба мардум, ёриву мадад ба ятимону мӯҳтоҷон, дилсӯзиву ғамхорӣ ба бечорагон, меҳрубониву пуштибонӣ аз бенавоёну барҷомондагон аст.

Инсони комиле, ки Носири Хусрав дар осори рангини худ офаридааст, ҷӯяндаи ҳақиқат ва дорои хислатҳои ҳамида буда, барои инсофу адолат, покиву накӯкорӣ ва аз байн бурдани зулму ситам, дурӯғу риё, ҳирсу тамаъ ва фитнаву ҷанг мубориза мебарад. Ӯ ҳамеша ақлу хиради инсонро ситоиш намуда, илму амалро меъёри арзёбии фаъолияти шахс мешуморад ва дар осори безаволи ахлоқиву фалсафияш ғояҳои баланди инсондӯстӣ, андешаи миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ватанпарастӣ мавқеи хоса доштанд.

Бузургони мо ҳанӯз аз аҳди Сомониён ақидаҳои умумибашарӣ ва ғояҳои инсондӯстиро тарғиб менамуданд. Ба ибораи дигар, онҳо ҳамеша дар доираи арзишҳои умумибашарӣ ва ғояҳое, ки ба такомули ахлоқии инсон ва таҳкими робитаҳои байни фарзандони инсон ва халқу миллатҳои башар равона шудаанд, андеша меронданд.

Қобили зикр аст, ки яке аз ҳамзамонони Носири Хусрав - Низомулмулк, ки вазири дарбори Салҷуқиён буд асари машҳури худ "Сиёсатнома"-ро навишта, мисли ин шоири ватандӯст сиёсати давлатдорӣ, низоми идоракунӣ ва адолату раиятпарварии Сомониёнро ситоиш ва талқин намудааст. Ин бузургон ва даҳҳо чеҳраҳои намоёни адабу фарҳанги он давра бо осори ҷовидонаи худ дар боло рафтани бедорию ҳушёрии миллати мо, ҳамчунин дар роҳи озодандешию истиқлолхоҳӣ, адолатҷӯию халқпарастӣ ва ташаккули афкори худшиносии миллӣ, такомули маънавӣ, ахлоқӣ ва таҳкими робитаҳои байни инсонҳо хидмати бебаҳо кардаанд.

Зиндагӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат дар ҳама давру замон чун тимсоли мубориза ба хотири пирӯзии ғояҳои волои инсонӣ ва арзишҳои умумии тамаддуни башарӣ боқӣ мемонанд.

Шоҳкориҳои безаволи бузургони миллатамон на танҳо боиси ифтихори мо - тоҷикон ҳастанд, балки як ҷузъи муҳими фарҳангу таърихи башарӣ маҳсуб меёбанд ва аз ин рӯ мояи ифтихори тамоми инсониятанд. Зеро онҳо ба маҷрои зиндагӣ аз дидгоҳи баланд менигаристанд, назари фарох ва афкори умумиҷаҳонӣ доштанд, инсондӯстиро тарғиб менамуданд ва чунон ки хотирнишон гардид, мардумони ҷаҳонро ба ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекарданд.

Мафҳуми фалсафии "гуманизм", яъне "инсонгароӣ" ё "одамият" маҳз дар давраи эҳё ё ренессанси халқҳои ориёӣ шакл гирифта, минбаъд дар саросари ҷаҳон паҳн шудааст.

Аз ин рӯ, осори илмиву адабии аҷдоди бузурги мо ҳаргиз кӯҳнашавӣ надоранд ва наслҳои минбаъда низ аз ин ганҷинаи ҷовидона барои худ ҳамеша маъниҳои тоза ва панди рӯзгор хоҳанд гирифт.

Ин анъанаи некро дар асри бист чеҳраҳои тобноки илм ва фарҳанги тоҷик Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода ва дигарон идома доданд. Мо бо ифтихор ва боварӣ гуфта метавонем, ки имрӯз ҳам дар кишварамон олимону шоирон ва ҳунармандони номдор кам нестанд ва ҷавонони боистеъдод ба роҳи мураккаби пурпечутоби илму ҳунар бо ҷасорати хос ворид мегарданд. Тоҷикистон аз онҳо дар пешрафти илм, фарҳанг ва ҳунар бозёфтҳои тозаро умедвор аст, зеро ҷавонони тоҷик ворисони илму адаб ва фарҳанги бузурганд, ки назираш дар ҷаҳон кам мебошад. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллатамонро бо фарҳанги асил ва хосаш ҳамчун миллати фарҳангӣ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Вобаста ба мавзӯи илму фарҳанг ман ҳамчун Роҳбари давлат лозим медонам тавачҷӯҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки имрӯз бисёр касонро ба андеша ва ҳатто нигаронӣ водор кардааст.

Вақтҳои охир дар воситаҳои ахбори умум, инчунин ба василаи китобу рисолаҳо дар байни баъзе олимону адибон баҳсҳои шадиде бармехезанд, ки дар асл хурӯши баҳрро дар пиёла мемонанд. Ин баҳсҳо аксаран моҳият ва арзиши илмӣ надоранд. Аз онҳо бештар бӯйи хусумати шахсиву ғараз меояд ва дар онҳо аломатҳои гурӯҳбозӣ ба назар мерасанд.

Маълум аст, ки илм бе баҳс пойдор намемонад, чунон ки мулк бе сиёсату мол бе тиҷорат. Вале агар баҳс баҳси ақидаҳо ва ба хотири дарёфти ҳақиқати илмӣ набошад ва фақат воситаи баёни даъвои шахсӣ ва таҳқири дигарон гардад, пас он оқибати нек надорад.

Муколамаи аҳли илм метавонад тезу тунд бошад, вале бояд бе ситеза ва айбҷӯиҳои беасос, ҳатман дар доираи одоби илмӣ сурат гирад. Вагарна чунин баҳс наҳс меорад, ки инро мо аввали солҳои фоҷиабори 90-ум дида будем.

Ба назари мо беҳтар мебуд, агар аҳли зиё сари масъалаҳои зерин андеша мекарданд: дар давоми даҳ-дувоздаҳ соли охир илм ва фарҳанги мо ба чӣ дастовардҳо ноил гаштааст? Дар замонаи кашфиётҳои нав ба кадом ихтироот ва навовариҳо муваффақ шудаем ва имрӯз бо кадом бозёфтҳои шоёни олимон, ихтироъкорон, ҳунармандон ва аҳли қалам дар пеши назари ҷаҳониён ифтихор карда метавонем?

Нерӯи зеҳнии миллати мо ба ҳама маълум аст, бинобар ин халқ ва давлат аз аҳли илм ва зиёиёни эҷодкор дар тараққиёти илму техника ва технология, гузашта аз ин дар рушди маънавиёти ҷомеа саҳми бештарро интизоранд.

Дуруст аст, ки ривоҷи соҳаҳои мазкур ба маблағгузориҳои калон вобаста аст ва Ҳукумати кишвар ин масъаларо ҳамеша дар мадди назар дорад. Вале аз тарафи дигар, ба ёд овардан кофист, ки масалан, Ибни Сино ва Носири Хусрав барин алломаҳои миллати мо дар чӣ гуна шароит умр ба сар бурда буданд ва гузашта аз ин бисёр шоҳасарҳои оламшумули худро дар ҷараёни оворагардӣ ва гурезогурез аз дасти рақибон ва ҳатто дар маҳбасҳо эҷод кардаанд.

Онҳо ба масъалаҳои умда ва бунёдии илм машғул мешуданд, бо ҳарифони ғоявии худ баҳсҳои доманадори илмӣ мекарданд ва аз арзишҳои умумибашарӣ пуштибонӣ менамуданд. Вале имрӯз аксар зиёиёни мо ҳатто вақте ки дар ягон кишвари дигар таърихи миллату Ватани тоҷиконро бадқасдона таҳриф мекунанд ва ба мероси фарҳангии мо дастдарозӣ менамоянд, хомӯширо афзал медонанд ё умуман мавқеи бетарафиро ишғол менамоянд.

Ҳол он ки ҳифзи дастовардҳои маънавии миллат ва мероси фарҳангии ниёгон пеш аз ҳама қарзи муқаддаси фарзандони бедордилу равшанфикри Ватан, яъне зиёиён буд ва ҳамеша хоҳад монд. Агар зиёиён ин рисолати худро дар замони хеш анҷом надиҳанд, оянда ба онҳо баҳои муносиб хоҳад дод.

Дар ҷомеаи мо боз як раванди номатлубе мушоҳида мегардад, ки маро ҳамчун Роҳбари давлат наметавонад ба ташвиш наорад. Ман муносибати баъзе ходимони фарҳанг ва кормандони воситаҳои ахбори умумро ба забони адабиамон дар назар дорам. Гоҳо дар барномаҳои радио ва телевизион, саҳнаи театрҳо, навиштаҷоти аҳли қалам гуфтору навишти омиёна ва ё лаҳҷаҳо забони адабиро тақрибан танг карда мебароранд. Мо бояд ҳатман пеши роҳи ин тамоюли хатарнокро гирем.

Дуруст аст, ки устод Айни лаҳҷаю шеваҳои гуногунро як манбаи ғанӣ гардидани забони адабӣ шуморидааст. Ва мо бояд аз лаҳҷаҳо дурдонаҳо пайдо кунем ва дастраси умум гардонем. Вале ин ҳаргиз маънои поймол кардани меъёрҳои забони адабиро, ки дар давоми садсолаҳо ташаккул ёфта, сайқал хӯрдаанд ва бори адабиёти ҳазорсолаи классикии моро кашидаанд, надорад.

Забони тоҷикӣ ҷавҳари миллати моро ташкил медиҳад ва тамоми мардуми форсизабони дунёро ба ҳам мепайвандад. Аз ин рӯ, мо забони адабиамонро бояд дӯст дорем, ҳифз кунем ва дар саросари кишвар густариш диҳем.

Мо бояд ифтихор аз он дошта бошем, ки соҳиби чунин забони ширину гӯшнавози қадимӣ ва пурғановат, забони илм ва шеъру адаби оламгир ҳастем. Бояд ба қадри он расем, меҳрашро бо шири модар ба қалби фарзандонамон ҷо кунем ва ин анъанаро аз насл ба насл идома диҳем, то забони ноби тоҷикӣ умри ҷовидона ёбад.

Тамаддуни чандинҳазорсолаи нажоди ориё маҳз ба воситаи забони шево ва пурғунҷоиши тоҷикию форсӣ ва қаринаҳои бостониву аҳди миёнаи он то замонаи мо расида, дастраси оламиён гардидааст, ки ин ҳам боиси ифтихор ва ҳам масъулияти бузурги ворисони ин тамаддуни қадима аст.

Ман пешниҳод менамоям, ки ба хотири ҳифзи минбаъда ва гиромидошти сарвати зеҳнии аҷдоди хештан, хотирнишон сохтани саҳми пурарзиши ниёгони сарбаландамон дар таърихи башар ва таҳкими ҳувияти миллии наслҳои ояндаи тоҷик соли 2006-ум Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон карда шавад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Солҳои охир дар расонаҳои хабарии олам ва матбуоти ҷаҳонӣ амалҳои даҳшатбори террористию экстремистиро бо дини муқаддаси ислом пайванд медиҳанд. Ин сиёсати дур аз ҳақиқат дини сулҳпарвари исломро дар чашми мардуми ҷаҳон чун омили паҳнкунандаи терроризму экстремизм ҷилва дода, ҳисси бадбинию адоватро нисбат ба мусулмонон меангезад.

Агар мо ба таърих назар афканем, пас мебинем, ки дар ҳамаи давру замон ашхосе буданд, ки аз дин чун воситаи расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ истифода менамуданд ва дар зери пардаи дин аз ҳарифони ғоявии худ ниқор мегирифтанд.

Дини мубини ислом низ аз ин раванди номатлуб дар канор намондааст. Мо мисолҳои зиёде оварда метавонем, ки чӣ гуна ифротгароён дастурҳои диниро таҳриф сохта, ба рақибони худ фишор меоварданд ва ҳатто ба амалҳои террористӣ даст мезаданд.

Замони пурмоҷаро ва зиндагии пуршебу фароз ва сарсонию саргардониҳои Носири Хусрав ҳам ба ин гуфтаҳо далел шуда метавонад. Мутаассифона, кӯшишҳои ба дини мубини ислом пайванд додани амалиёти террористон ва бо ин роҳ бадном сохтани яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ идома доранд.

Аъмоли нангини террористиву экстремистие, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба иҷро мерасанд, кори дасти ашхоси ҷоҳилу кӯтоҳандеш ва гирифтори васвасаҳои зӯроварӣ буда, бо дини муқаддаси ислом ягон умумият надоранд.

Имрӯз равияҳои ифротгароӣ на танҳо дар ислом, балки дар дигар дину оинҳои ҷаҳонӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф ба чашм мерасанд, ки мисоли равшани онҳо густариши фаъолияти гурӯҳҳои неофашистӣ, ҳаракатҳои шовинистӣ ва ҷунбишҳои миллатгароӣ шуда метавонанд. Маҳз ҳамин ғояҳои ифротгароӣ, ки дар заминаи тезутунд шудани муносибатҳои давлатҳои абарқудрат барои тақсимоти бозорҳои ҷаҳонӣ падид омада буданд, инсониятро ба коми оташи ду ҷанги бузурги ҷаҳонӣ афканданд. Аз ин лиҳоз, хатари ислом ва исломгароиро ба ҳадди даҳшат расонида, вале зуҳуроти тозаи ифротгароиро, ки бештар дар миёни ҷавонони баъзе кишварҳои ғарбӣ дар шаклу ҳаракатҳои неофашистию шованистӣ ва дигар равияҳои хатарноки исёнҷӯёна қувват мегиранд, нодида гирифтан, ба манфиати ҷомеаи башарӣ нест.

Тамаддуни ислом дар таърихи деринаи миллати мо бо асолати фарҳангӣ, анъанаҳои башардӯстона ва моҳиятан инсонпарварона ғаниву рангин шуда, чун як дини маърифату ахлоқ ва покию покманишӣ ташаккул ва густариш ёфтааст.

Аз миёни миллати тоҷик бузургтарин муфассирони дини ислом бархоста, бо тафсиру тадбирҳои инсондӯстона ва асолати фарҳангпарвариашон равияҳои гуманистии ин динро тақвият бахшидаанд.

Маҳз мазҳаби илҳомбахшу башардӯстонаи Имоми Аъзам Абӯҳанифаи тоҷик, ҳадисҳои саҳеҳи Имом Бухорӣ, тафсирҳои мукаммали Табарӣ, тадбирҳои худоҷӯёна ва ҳикмату фалсафаи Имом Ғазолӣ ва даҳҳо шахсиятҳои тавонои миллати мо ба дини ислом рӯҳи фарҳанги Аҷамро дамида, асолати башардӯстонаи тамаддуни моро нигоҳ доштаанд.

Бинобар ин, ислом ва мардуми мусулмонро аз тамаддуни башардӯстонаи ҷаҳонӣ ҷудо карда, ба падидаҳои ифротгароёнаи террористию экстремистӣ ҳамранг донистани он нафақат аз рӯйи инсофу адолат нест, балки таҳрифи рӯирост ва иштибоҳи бузург аст.

Дар ин робита бояд зикр кард, ки сиёсат ва идеологияи расмии ҳокими собиқ шӯравӣ,ки моҳиятан зиддидинӣ буданд, норизоӣ ва эътирози табиии эътиқодмандони дину мазҳабҳои гуногунро афзоиш медоданд.

Дар ин замина тадриҷан ҷунбишҳои мазҳабӣ, аз ҷумла ҷунбишҳои исломӣ шакл гирифтанд. Дар ташаккули онҳо омилҳои хориҷӣ низ таъсири муайян доштанд. Мутаассифона, баъзе доираҳо ва шахсиятҳои рӯҳонӣ ба ҷойи ифтихороти миллию фарҳангии ислом, ки аз сарчашмаҳои тамаддуни ниёгони мо об мехӯрад, ба равияҳои сирф мазҳабӣ афзалият доданд.

Мо падидаи ифротгароиро аз сар гузаронида, фарқ кардани дини мубини исломро аз ҳама гуна зуҳуроти бегона хуб омӯхтем ва талошҳо кардем, ки дар заминаи суннатҳо ва фарҳанги исломии беш аз ҳазорсолаи ниёгон кишвари худро аз ҳама гуна омилҳои ифротгароӣ наҷот диҳем.

Ҷанги шаҳрвандӣ дастовардҳои нахустини истиқлолиятро аз мо рабуда, ба талошҳои худогоҳиву худшиносии халқи мо зарбаи гарон зад. Вале бар хилофи чашмдошти коргардонҳои ин ҷанги пурфоҷиаи таҳмилӣ миллати тоҷик ҳадафҳои ғаразноки душманонашро фаҳмида, ба мухолифати мусаллаҳона хотима бахшид.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ба таърихи деринаи халқи мо ҳамчун пирӯзии ақлу заковати миллати тамаддунсозу бофарҳанги тоҷик ворид шуда, сиёсати сулҳҷӯёнаи давлат ва Ҳукумат аз ҷониби халқ дастгирӣ ёфт.

Воқеан, миллати тоҷик бо фарҳангдӯстиву заковати баланд ва иродаи сулҳпарварию ҷавҳари ободгариаш бори дигар нишон дод, ки ҳама гуна мухолифати сиёсӣ, ақидаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва роҳу равишҳои мухолифи якдигарро бо фароҳам овардани фазои ҳусни тафоҳум, пеш гирифтани сиёсати таҳаммулу муросо чун гузаштагони хирадманду фарҳангпарасти худ ба маҷрои солим равона карда метавонад.

Сулҳи тоҷикон, ки барои ҳифз ва таъмини сулҳи минтақа ва ҳатто ҷаҳон аҳамияти бузург дорад, дар таърихи беш аз панҷоҳсолаи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун таҷриба ё модели нодир эътироф гардид. Ва сад шукр, ки имрӯз сулҳу амният дар мамлакат пойдор аст, фазои боварию эътимоди кулли шаҳрвандони Тоҷикистон таҳким меёбад.

Имрӯз ҳамаи нерӯҳои мавҷудаи ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва ватанпарастӣ дар гирди меҳвари ғояи ваҳдати миллӣ муттаҳид шуда, баҳри пойдории истиқлол ва ободии Ватани азизамон заҳмати созанда мекашанд.

Зеро роҳи мушкил, пурхатар ва душвори расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ барои ҳамаи мо сабақ дод, ки ягон неъмати дигари олам аз истиқлолияту озодӣ, давлати соҳибихтиёри миллӣ ва Ватани муқаддаси аҷдодӣ болотар нест.

Дӯстони гиромӣ!

Бамаврид аст, ки дар ин анҷумани бонуфуз доир ба сиёсати хориҷии кишварамон чанд сухан гӯем.

Тоҷикистон дар танзими муносибатҳои байналмилалӣ чун пештара ҷонибдори сиёсати эътирофу эҳтироми санаду меъёрҳои ҳуқуқии байналхалқӣ ва густариши робитаҳои судманди тарафайн бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон аст.

Тоҷикистон дар татбиқи сиёсати дарҳои кушода ҳамчунон устувор мебошад. Яъне, мо омода ҳастем бо ҳамаи давлатҳо ва ташкилоту созмонҳое, ки мехоҳанд робитаҳои беғаразонаро бо мо идома диҳанд, ҳамкорӣ намоем. Инчунин доираи ҳамкориҳои худро бо созмонҳои молиявӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқию минтақавӣ, ки барои инкишофи иқтисодиёт ва мустаҳкам шудани соҳибихтиёрии мамлакат мусоидат мекунанд, минбаъд ҳам густариш медиҳем.

Мо дар дурнамои сиёсати давлатдории хеш беҳтарин арзишҳои тамаддуни башариро пазируфта, дар айни замон ба парастиши ғайриогоҳонаи фарҳанги бегона ва қабули кӯтоҳандешонаи баъзе унсурҳои ноҷоиз, ки метавонанд суннатҳои миллиро поймол намоянд, роҳ намедиҳем. Ин, албатта, маънои инкор кардани фарҳанги асили ҷаҳони мутамаддинро бо дастовардҳои бузургаш дар соҳаи илму технология ва маънавиёт надорад.

Имрӯз ба пешрафти тафаккур, рушди ҷаҳонбинии муосир ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ на бо роҳи манъ кардану канораҷӯӣ намудан аз арзишҳои умумибашарӣ, балки тавассути ворид шудан ба маҷрои пурталотуми глобализатсияи иқтисодӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ ноил шудан мумкин аст.

Мо аз идомаи нооромиҳои дохилӣ дар Ироқ ва кишвари ҳамсояамон Афғонистон мисли тамоми инсонияти сулҳдӯсту тараққихоҳ дар ташвиш ҳастем. Ҳамчунин ҷонибдори таъмини ҳарчи зудтари оромиву субот дар ин кишварҳо ва дар асоси қонунҳои ҷомеаи мутамаддин ҳаллу фасл шудани проблемаҳояшон мебошем.

Имрӯз сиёсатмадорон ва коршиносон ба Иттиҳоди Аврупо чун модели воқеии интегратсияи замони ҳозира баҳои баланд медиҳанд. Даҳҳо мамлакатҳои мухталифи Аврупо, ки ним аср муқаддам байни ҳамдигар ҷангу ҷидол ва хунрезиҳои шадид мекарданд, имрӯз дар фазои ягонаи иқтисодию иҷтимоӣ ва геополитикӣ муттаҳид шудаанд. Вале бар хилофи ин тамоили ҷаҳонӣ, мутаассифона, дар минтақаи Осиёи Марказӣ дар сари роҳи гардиши молу маҳсулот, сармоя ва нерӯи корӣ, инчунин рафтуомади шаҳрвандон монеаҳои зиёд эҷод шудаанд. Ҳол он ки мо ҳамагӣ дувоздаҳ сол муқаддам дар фазои ягонаи иқтисодию иҷтимоӣ фаъолият доштем.

Дар шароити рӯзафзуни глобализатсия, ки манбаъҳои энергетикӣ ва захираҳои сӯзишворӣ дар ҷаҳон торафт кам шуда истодаанд. Осиёи Марказӣ бо захираҳои бойи нафту газ, об, фулузоти ранга ва дигар дороиҳояш диққати доираҳои сиёсию иқтисодии ҷаҳониро беш аз пеш ба худ ҷалб мекунад. Аз ин рӯ, зарурати густариши ҳамгироӣ ва ҳалли муштараки проблемаҳои рӯзафзунро дар Осиёи Марказӣ воқеияти имрӯза ва дурнамои оянда тақозо дорад.

Алалхусус проблемаҳои танзими фаъолият вобаста ба обу обёрӣ, шабакаҳои энергетикию коммуникатсионӣ, тавсеаи робитаҳои иқтисодию фарҳангӣ, пешбурди иқтисодиёт ва таъсиси бозорҳои муштарак аз мо ҳамкории ҷиддию доманадорро интизор аст.

Мо бояд кӯшиш кунем, ки тавассути муомилоти озодонаи молу маҳсулот, сармоя ва таъмини рафтуомади бемамониати одамон, ки ба ҳамдигар хешу таборанд, ҳамкориҳои самарабахш ва робитаҳои судмандро дар доираи минтақа мустаҳкам намоем. Ҳалли ин ва дигар мушкилоти мавҷудаи минтақа ба раванди ҳамгироии минтақавӣ, таъмини амнияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва густариши робитаҳои солими давлатҳои Осиёи Марказӣ мусоидат хоҳад намуд.

Боварӣ дорам, ки Осиёи Марказӣ дар натиҷаи ҷидду ҷахди муштарак дар оянда симои худро тағйир дода, ба минтақае табдил меёбад, ки халқҳои ои дар муҳити дӯстӣ ва фазои ягонаи ҳамкориҳои самарабахш зиндагӣ ва кор хоҳанд кард.

Ҳамватанони азиз!

Ҳазорсолаи сеюм дар пешорӯи давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёди мо вазифаҳои нав ва масъулиятҳои басо бузург мегузорад. Мо бояд дар ҷаҳони имрӯза ва оянда симои миллӣ ва арзишҳои маънавии худро аз даст надода, дар радифи давлатҳои пешрафтаю мутамаддини дунё ҷой гирем ва истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии худро таҳким бахшем.

Ба хотири пойдории истиқлолият ва пешомадҳои неки кишвар мардуми солору қавирӯҳи тоҷик бунёди як силсила иншоотҳои муҳим ва сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва байналхалқиро зина ба зина пеш бурда, пойдевори ояндаро мегузорад.

Парчами ваҳдати миллӣ ва сулҳу осоиши пойдор фазои боварию эътимодро ба оянда афзуда, ҳисси худшиносӣ, асолати ватандустӣ ва ифтихори миллии мардумро боло мебарад. Мо ба шарофати истиқлолият тақдири Ватану давлати аҷдодии худро ба даст гирифта, бо симои хос ва азму иродаи созандагӣ сӯйи ояндаи обод ва ҷомеаи мутамаддини шаҳрвандӣ меравем.

Дар ин роҳ моро нерӯи халқи заҳматдӯст, ободгар ва соҳибтамаддунамон илҳом бахшида, эътимоду бовариамонро ба фардои нек меафзояд.

Озодиву истиқлолият орзуву ормони ҳазорсолаи фарзандони донишманду соҳибхирад ва бонангу номуси миллати тоҷик буд ва беҳуда нест, ки имрӯз ҳамзамон бо ҷашни истиқлол мо зодрӯзи як тан аз ҳазорон мардони миллатхоҳу ватандӯст, яъне Носири Хусравро таҷлил мекунем.

Ба хотири абадӣ гардонидани номи нек ва талошу муборизаҳои Носири Хусрав дар ҳифзи ҳувият ва ифтихори миллӣ ва тавсеаи минбаъдаи худшиносиву худогоҳии наслҳои ояндаи миллат пешниҳод мекунам, ки ноҳияи Бешкенти вилояти Хатлон ба номи Носири Хусрав гузошта шавад.

Бигузор аз баракати истиқлолият меҳри Ватан ва меҳри сарзамини аҷдодӣ дар дили мо пайваста афзояд ва ҳар фарди огоҳу бедордил ва бонангу номус чун вориси ҳақиқии давлати соҳибистиқлол ва узви хонадони миллати солору сарбаланди тоҷик ифтихор намояд.

Бигузор аз файзу баракати истиқлол парчами ваҳдати миллӣ рохнамо ва оини миллати сулҳпарвари тоҷик ҳидояттари мо сӯйи фардои пурсаодат бошад!

Бигузор ормону талошҳои истиқлолхоҳона ва ватанпарастонаи фарзандони фарзонаи миллат, ба монанди Носири Хусрав, равшангари роҳи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр ба сӯйи ояндаи ором ва ободу осуда бошанд!

Бори дигар ҳамаи шумо - азизонро ба ифтихори ду ҷашни пуршукӯҳ табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори пурбаракат орзу менамоям.

Иди истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520