Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ

21.09.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони гиромӣ!

3-юми майи соли равон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" иловае ворид карда шуд, ки тибқи он ҳамасола 22-юми сентябр дар саросари мамлакатамон ҳамчун Рӯзи Рӯдакӣ таҷлил мешавад.

Инак, мо дар ҷараёни тантанаҳои ҷашни нахустини Рӯзи Рӯдакӣ қарор дорем. Ва ман бо дили лабрези фараҳ ин рӯзи саидро ба ҳамаи ҳамватанон ва ҳаводорони ашъори ҷовидонаи устод Рӯдакӣ муборакбод мегӯям.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 1926 коллегияи Вазорати маорифи Тоҷикистон рӯзҳои 2-юм ва 3-юми Наврӯзро рӯзҳои Рӯдакӣ эълон намуда буд. Ҳадаф аз ин иқдом ошно сохтани мардум бо осори Рӯдакӣ ва айни замон тарғиби маориф ва мактаби нав буд. Аммо он замон Рӯзи Рӯдакӣ ҷашни умумидавлатӣ набуд ва баъди чанд соле аз байн рафт.

Имрӯз мо адолати таърихиро барқарор кардем. Ва Рӯзи Рӯдакиро ба рӯзи миллии шеъру адаб ва илму фарҳанг табдил хоҳем дод.

Мактаби бузурги шоирие, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳанӯз беш аз ҳазор сол пеш ба мерос гузошта буд, ҳоло ҳам побарҷост ва тӯли садсолаҳо шоирони тавоное чун Абулқосим Фирдавсӣ, Умари Хайём, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Саъдию Ҳофизи Шерозӣ, Абдулқодири Бедилу Муҳаммад Иқбол, Садриддин Айнию Мӯъмин Қаноат ва амсоли инҳо аз он мактаб сабақҳо бардоштаанду хоҳанд бардошт.

Рӯзи Рудакӣ на танҳо иди бузургдошти сардафтари адабиёти оламгири тоҷику форс, балки иди мероси адабию илмӣ, фаннӣ ва ахлоқии беш аз ҳазорсолаи тоҷик, рӯзи ифтихор аз камолоти тамаддуни миллии мост.

Шубҳае нест, ки ин ид ба болоравии ифтихори миллию ватанпарастии наслҳои имрӯзаву ояндаи тоҷик мусоидат мекунад ва масъулияти онҳоро дар рушду камоли Тоҷикистон меафзояд.

Бори дигар ин иди пурифтихорро ба ҳаммаатон табрик мегӯям.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520