Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ба муносибати 5-солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ

26.06.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Аз рӯзи таърихии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон панҷ сол гузашт.

Ва инак панҷ сол мешавад, ки мардуми мо дар асоси Фармони Президенти мамлакат 27-уми июнро ҳамчун Рӯзи ваҳдат ид мекунад. Ба ин муносибат тамоми халқи тоҷик, инчунин ҳамаи дӯстону хайрхоҳони Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона табрик мегӯям.

Рӯзи ваҳдат дар байни ҷашнҳои миллии мо мақоми хоса дорад. Чунки мо ба ин рӯзи пурсаодат ба ивази зиёни бузурги моддию маънавӣ, ҳазорон ҷони қурбоншуда, заҳмату машаққат ва сабру таҳаммули зиёд расидаем. Маҳз аз ҳамин лиҳоз, ба имзо расидани ин санади воқеан тақдирсоз яке аз саҳифаҳои муҳимтарини таърихи навини кишварамон ба ҳисоб меравад.

Баъди мухолифати мусаллаҳона, ки ба таърихи чандинҳазорсолаи халқи мо ҳамчун давраи бисёр фоҷиабор дохил гардид, рӯзи сулҳу оштӣ ва пирӯзии хиради миллати солори тоҷик фаро расид.

Бо қабули Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ҷаҳониён бори дигар эътимод ҳосил карданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёди дунё, фарҳангсозу хирадманд ва сулҳхоҳу ботаҳаммул мебошанд. Бо имзои ин санади таърихӣ мо дар кишвари худ ба муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, сарзаминамонро аз харобӣ, миллатамонро аз парокандагӣ ва Ватанамонро аз нобудӣ наҷот додем.

Зеро тавре 27-уми июни соли 1997 дар маросими имзои Созишнома дар ҳузури намояндагони баландмақоми як қатор кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ изҳор карда будам, таҷрибаи талхи мо собит намуд, ки ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо бо роҳи осоишта, яъне музокира расидан имкон дорад. Гузашта аз ин, расидан ба сулҳу оромӣ мақсади асосии аксарияти мутлақи мардуми Тоҷикистон буд ва мо ҳамаи тадбирҳоро андешидем, ки ин ормони халқамон амалӣ гардад.

Ҳанӯз чанд сол пеш аз имзои Созишнома, дар рӯзҳои нахустини фаъолияти худ ҳамчун Роҳбари давлат дар иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олӣ эълон дошта будам, ки мусолиҳа ва ваҳдати миллӣ роҳи ягонаи тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистон аст.

Даъвати мо ба сулҳ ва сабру таҳаммул ҳанӯз дар рӯзҳое садо дод, ки мухолифати шадиди мусаллаҳона миқёси даҳшатнок пайдо карда, фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти иҷроия аз марказ то маҳалҳо фалаҷ гашта буд.

Фикр мекунам, ки паси ҳам ба истеъфо рафтани Ҳукумат, ба тариқи фишор аз сарварӣ дур намудани Президентони мамлакат, таъқиби вакилони халқ ва зиёиёни равшанфикр, азоби мардум аз нарасидани нон ва мушкилоту бенизомиҳои он рӯзҳо аз хотири халқ нарафтааст.

Падидаи аз ҳама хатарнок дар он рӯзҳо ин буд, ки Конститутсия ва дигар қонунҳои мамлакат зери пой шуда, ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Ба назар чунин мерасид, ки роҳи ягонаи пешгирии ин офат фишору зӯрӣ аст. Вале мо бо ин роҳ нарафтем. Зеро ба хубӣ дарк намудем, ки оқибати он нестии миллат аст. Бинобар ин, ҳанӯз дар рафти Иҷлосияи таърихии шонздаҳум кӯшишҳои зиёде ба харҷ додем, ки тарафҳои даргирро сари мизи гуфтушунид шинонем.

Имрӯз бо камоли ифтихор ба миллати хирадманди тоҷик гуфта метавонам, ки аҳли ҷомеаи кишвар даъвати моро ба сулҳу оштӣ хуб дарк кард, хуш пазируфт ва бо гармӣ ҷонибдорӣ намуд.

Яъне таъмини сулҳу субот пеш аз ҳама хизмати худи халқи тоҷик аст. Воқеан, ин қаҳрамонии бемислу монанд буд ва аз ин хотир мо дар назди халқи баору номуси худ сари таъзим фуруд меорем. Зеро фақат дастгирии халқ эътимоди моро ба дурустии роҳи пешгирифтаамон қавӣ месохт ва умеди моро ба оқибати неку фарҷоми осоиштаи корҳоямон зиёдтар мекард.

Маҳз мардуми табиатан сулҳдӯсту сулҳпарвари тоҷик буд, ки дар лаҳзаҳои басо ҳассосу тақдирсоз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлатро дастгирӣ карда, зиндагии осоишта ва меҳнати ҳалолро аз ҷангу хусумат болотар донист.

Ба ин маънӣ, дастгирии халқ барои амалӣ шудани мақсади олии роҳбарияти давлат дар он давра, ки аз ҷанг ба сулҳ, аз мухолифат ба мусолиҳа ва ваҳдати миллӣ равона шуда буд, омили асосӣ гардид.

Дӯстони азиз!

Муноқишаҳои сиёсӣ, ҷанги гражданӣ ва умуман задухӯрдҳои мусаллаҳона дар таърихи башарият ҳодисаи нав нестанд.

Инсоният садҳо ҷанги дохилии кишварҳо ва сарзаминҳоро ёд дорад, ки бо оқибатҳои бисёр даҳшатноку вазнин анҷом ёфтаанд. Зеро тарафҳои даргир проблемаҳои худро маъмулан бо роҳи зӯрӣ ва истифодаи силоҳ ҳал мекарданд. Бо назардошти ин омил, мо дар он айёми тақдирсоз дарк кардем, ки идомаи ҷанг ва муқовимати мусаллаҳона метавонад боиси барҳам хӯрдани давлати тоҷикон ва нобудии генофонди миллати тоҷик гардад.

Дар он рӯзҳои сахт таҷрибаи талхи давлати Сомониён ҳамвора пеши назар меомад. Он давра душманони миллати тоҷик тавонистанд, ки бо фитнаву дасиса дар миёни бародарони ҳамхун низоъ бархезонанд. Дар натиҷа, давлати муқтадир ва мутамаркази тоҷикон рӯ ба шикаст овард.

Бар асари фитнаҳое, ки душманони миллати мо дар ибтидои солҳои навадум ба роҳ андохтанд ва ин дафъа ҳам тавонистанд, ки оташи ҷанги таҳмилиро дар сарзамини мо барафрӯзанд, халқамон аз бисёр чизҳо маҳрум монд. Яъне дар даврае, ки мардуми мо бо мухолифати мусаллаҳона саргардон буд, тақсими мероси давлати абарқудрати шӯравӣ идома дошт ва мо натавонистем, ки ҳиссаи қонунии худро соҳиб шавем.

Илова бар ин, кашондану аз қаламрави Тоҷикистон берун бурдани захираҳо ва воситаҳои моддию техникие, ки доштем, ҳамчунин аз касофати ҷанги таҳмилӣ буд.

Ба ҳамин хотир, мо ҷангу зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа рад намуда, роҳи осоиштаи музокирот ва гуфтушунидро барои расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне наҷоти миллат пеш гирифтем. Зеро роҳи осоиштаи ҳалли мухолифату низоъ алтернатива надошт.

Роҳи сулҳ барои мо роҳи осону ҳамвор набуд. Зеро то он рӯзҳо модели тайёри ҳалли чунин мушкилот ва мухолифат вуҷуд надошт. Мо дар раванди музокирот ба хотири сулҳу салоҳ гузаштҳо мекардем, гаштаю баргашта сари мизи музокирот менишастем, фазои боварию эътимодро фароҳам оварда, сабру таҳаммул ва эҳтироми ҳарифи сиёсиро меомӯхтем. Дар ҷустуҷӯйи роҳҳои мусолиҳа мо ба ҳама чиз омода будем. Ман ҳанӯз дар суханронии аввалини худ дар иҷлосияи таърихии шонздаҳум гуфта будам, ки ба хотири таъмини сулҳ ва наҷоти миллат омода ҳастам ҷони худро қурбон намоям.

Дар давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ғайрирасмӣ, ки қариб чор сол идома ёфтанд, эҳсоси хусумат, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият меёфт. Роҳнамои асосии мо дар ҳалли масъалаҳои баҳснок Конститутсияи мамлакат ва иродаи халқ буд. Вале ҳам дар давоми музокирот ва ҳам дар ҷараёни татбиқи талаботи Созишномаи сулҳ бисёр омилҳо ба пешрафти корҳои мо таъсир мерасониданд. Баъзе гурӯҳҳо тавассути ба роҳ андохтани террору моҷароҷӯӣ мехостанд музокироти моро аз маҷрои мӯътадил бароранд. Чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишварамон қувваҳое низ амал мекарданд, ки бо муваффақият анҷомидани музокироти сулҳро намехостанд, зидди бозгашти гурезаҳо ба Ватан буданд, ҳамчунин мехостанд, ки ба мухолифати дар мамлакатамон идомадошта рангу тобиши этникӣ диҳанд. Кор ба дараҷае расида буд, ки баъзе ҳамсафони наздики Роҳбари давлат бар зидди раванди сулҳ баромада, ба сиёсати пешгирифтаи мо бо назари шубҳа муносибат мекарданд. Онҳо ба хотири ноил шудан ба ҳадафҳои шуми худ ҳатто чанд дафъа ба табаддулоти ҳарбию давлатӣ даст заданд. Лекин мо ба ҳамаи ин ниятҳои нопок ва кӯшишҳои душманона иродаи қавии халқ ва азми устувори қувваҳои солими ҷомеаро муқобил гузоштем ва оқибат пирӯз шудем.

Дар раванди таъмини сулҳу субот ва ҳимояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин роҳ садҳо нафари онҳо ҳалок шуданд. Хотираи неки онҳо дар қалби мардуми сулҳпарвари тоҷик ҳамеша зинда хоҳад монд.

Ҳаёт батадриҷ нишон дод, ки дар роҳи расидан ба сулҳу созиш монеаҳои бартарафнашаванда қариб вуҷуд надоранд. Ба шарте, ки тарафҳо ба ҳамдигар бовар кунанд, аз баҳри ғаразҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ гузашта, манфиати миллат, Ватан ва халқи Тоҷикистонро аз ҳама авлотар ва муқаддас шуморанд.

Вобаста ба ин, мехоҳам хизмати намоён ва нақши шоёни собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик, аъзоёни Комиссияи Оштии Миллӣ, зиёиён, созмонҳои занону ҷавонони кишвар, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва умуман намояндагони ҳамаи қувваҳои солими ҷомеаро дар раванди наздик сохтани мавқеъҳо ва татбиқи талаботи созишномаҳои имзошуда махсус зикр намоям.

Дар арафаи Рӯзи ваҳдати тоҷикон инчунин ба Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ба ҳамаи созмону давлатҳои кафил ва миёнарав, институтҳои молиявӣ, инчунин ташкилотҳои хайрияи байналхалқӣ, ки дар раванди ташкили музокироти сулҳ ва барқарорсозии баъди низоъ кӯмак расонида ва мусоидат карданд, изҳори ташаккур менамоям.

Саъю талош ба хотири сулҳу ризоияти миллӣ барои мо як мактаби бузурги ҳаёт, як сабақи таърихӣ ва нотакрори давлату давлатдорӣ гардид, ки мо аз он таҷрибаи пурарзиши фарҳанги сулҳро омӯхтем ва онро дар ҳаёт татбиқ карда истодаем.

Аз ин нуқтаи назар, дар як муддати нисбатан кӯтоҳ ва бо роҳи ғайринизомӣ, яъне музокироти сиёсӣ хомӯш кардани оташи ҷанги дохилӣ, ки Тоҷикистон ба он ноил гашт, дастоварди нодир ва таҷрибаи омӯзанда ба шумор меравад.

Ин нуктаро ширкаткунандагони Форуми байналхалқие, ки чанд рӯз пештар ба муносибати панҷумин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон доир гардид, махсус таъкид карданд.

Мо ин дастоварди худро аз он сабаб такрор ба такрор ба забон меорем ва ифтихор менамоем, ки воқеан миллати тоҷик бо иродаи сулҳпарвар ва ҷавҳари фарҳангию ободгараш моҳияти аслии ҳар гуна дасисаву ҷанги таҳмилиро хуб дарк менамояд ва барои наҷоти миллату Ватан талош мекунад.

Дар шароити густариши равандҳои глобализатсия дар сайёра бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат, кӯшишҳои тақсимоти нави минтақаҳои олам ва соҳиб шудан ба захираҳои ашёи хом, сарватҳои табиӣ ва бозори ҷаҳон суръат гирифта истодааст. Манбаъҳои нави хатар ба амнияти инсоният, пеш аз ҳама терроризм ва экстремизм, ба вуҷуд омадаанд ва баъзе қувваҳои тахрибкор ҳатто кӯшиши дастёбӣ ба силоҳи ядроиро доранд.

Дар чунин шароит, ки ҳамаи ин падидаҳо зарурати муттаҳид сохтани талоши аҳли башарро доир ба таъмини суботи ҷомеаи ҷаҳон, фароҳам овардани фазои ҳусни тафоҳум, инчунин танҳо бо роҳи осоишта ҳал кардани ҳама гуна мушкилотро тақозо доранд, мафҳуми сулҳ аҳамияти рӯзафзун касб мекунад.

Сулҳ аз ҷумлаи арзишҳои бебаҳоест, ки башарият дар тӯли таърихи дурударози худ эҷод кардааст ва ҷавҳари онро заковати мардуме ташкил мекунад, ки соҳиби хирад ва фарҳанги қадимаву инсондӯстона аст. Фақат чунин мардум қодир аст, ки ҳама гуна мухолифат ва низоъро бо роҳи музокирот, яъне эҳтироми ақидаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоии баъзан зидди ҳамдигар, пеш гирифтани сиёсати гузашт ва муросо ҳаллу фасл намояд. Воқеан, андешаи муросо ва таҳаммул, ки аз қадим дар афкори сиёсиву иҷтимоии миллати мо ва сиёсати давлатдоронамон мавқеи барҷаста дошта, дар осори фаровони фарҳангии халқамон аз устод Рӯдакӣ то устод Турсунзода инъикос ёфтааст, василаи муассиртарин ва роҳи беҳтарини расидан ба сулҳу субот дар ҷомеа мебошад. ,

Ҳанӯз дар асри XIV яке аз фарзандони бузурги халқи мо Хоҷа Ҳофиз ба инсоният панд медод, ки бо дӯстон мурувват кардан ва дар айни замон бо душманон мадоро, яъне муросо варзидан шарти оромиву осоиши аҳли башар аст.

Ё худ фарзанди дигари барҷастаи миллатамон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Турсунзода ба ҳайси Раиси Кумитаи сулҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба зиёда аз нисфи кишварҳои сайёра сафар кард ва ба мардумони гуногунзабону гуногуннажод паёми сулҳу дӯстӣ бурда, бо номи мунодии сулҳ машҳур гашта буд. Ба ин маънӣ, миллати тамаддунсози мо дар боби сулҳофарӣ низ таҷриба ва сабақҳои зиёди ибратбахш дорад, ки метавонад барқасди ниятҳои нопоки душманонаш дар лаҳзаҳои ҳассоси зиндагӣ роҳи ҳалли мушкилогашро пайдо намояд.

Ба андешаи ман, сабаби аз ҷабри таърих ва зулми аҷнабиён раҳо ёфтан ва то ба имрӯз пойдору бобақо мондани миллати тоҷик маҳз дар тафаккури сулҳхоҳӣ ва хислати таҳаммулписандии он аст.

Феномен ё худ падидаи нодири сулҳи тоҷикон ҷанбаъҳои зиёд дорад, ки бунёди мустаҳками иҷтимоӣ ва дастгирии сиёсати сулҳҷӯёнаи роҳбарияти давлат аз ҷониби ҳамаи қишрҳову табақаҳои аҳолӣ, ҳатто гурӯҳҳои мухолиф аз ҷумлаи паҳлуҳои муҳимтарини ин падида мебошад.

Имрӯз таҷрибаи тоҷикон дар бобати ҳалли мусолиматомези низоъ ҳам аз лиҳози назариявӣ ва ҳам аз нигоҳи амалӣ ба сарвати илми сиёсатшиносии ҷаҳонӣ мубаддал шудааст. Таҷрибаи сулҳи мо ғайр аз ин, ки роҳи моро барои пешрафти минбаъдаамон равшан мекунад, аҳамияти байналхалқӣ низ дорад ва метавонад ҷиҳати ҳалли мушкилоти кишварҳои гуногун мавриди истифода қарор гирад.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки мо ин таҷрибаро бо баҳои хеле қимат ба даст овардем. Ҷаҳониён ҳама шоҳиданд, ки мо солҳои зиёд ҳамчун минтақаи буферӣ дар сарҳади ҷанубии Осиёи Марказӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Аврупо, рӯбарӯйи хатари бузурге, ки метавонист амнияти минтақа ва ҷаҳонро барбод диҳад, қарор доштем ва дар ҳамин шароити фавқулодда таҷриба андӯхтем.

Беҳуда нест, ки таҷрибаи мо дар ҷодаи таъмини сулҳ, ба Ватан ва макони зист баргардонидани қариб як миллион гурезаҳо ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо воқеъбинона арзёбӣ шуд ва ҳамчун модели нодири сулҳофарӣ эътироф гардид.

Бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳам изҳори боварӣ намоям, ки созмону ташкилотҳои бонуфузи ҳам сиёсӣ ва ҳам молиявӣ, инчунин мамлакатҳои гуногуни минтақа ва ҷаҳон дар масъалаи ташкили раванди сулҳи устувор ва оромиву ободии кишвари ба мо ҳамсоя - Афғонистон саҳми арзишманд хоҳанд гузошт.

Кишварҳои кӯмакрасон дар конфронси Токио ба ҷудо намудани чоруним миллиард доллари амрикоӣ барои барқарорсозии Афғонистон қарор қабул карданд. Умедворем, ки ин нақшаҳо амалӣ хоҳанд шуд.

Тоҷикистон дар навбати худ омода аст, ки дар барқарорсозии иқтисодиёти аз ҷанги тӯлонӣ харобгаштаи Афғонистон кӯмак расонад. Ва мо ин кӯмаку ҳамкориро аллакай дар баъзе бахшҳо ба роҳ мондаем. Ҳамчунин мо қарорҳои Луи Ҷиргаро ҷонибдорӣ мекунем ва итминон дорем, ки дар ояндаи наздик зиндагии мардуми азияткашидаи Афғонистон ба маҷрои мӯътадилу ором хоҳад даромад.

Воқеан, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои гуногун, ба ҷойи ихтироъ ва истеҳсол кардани навъҳои гуногуни силоҳ ва техникаи ҷангӣ расонидани кӯмакҳои моддӣ ба кишварҳои сусттараққикардаро мо яке аз омилҳои асосӣ ва шарти муҳими таҳкими сулҳ дар ҷаҳон ва коҳиш ёфтани миқёси хатар ба амнияти сокинони сайёра мешуморем.

Дар натиҷаи афзоиши фарқият дар тараққиёти кишварҳои пешрафта ва сусттараққикарда камбизоатӣ, бекорӣ, паҳншавии бемориҳои гуногуни сирояткунанда авҷ мегиранд, ки ин дар навбати худ сабаби бевоситаи ба вуҷуд омадани низоъҳои мухталиф ва доман паҳн кардани терроризм, экстремизм ва задухӯрдҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои мухталифи олам мегардад.

Афзоиши бенизоми аҳолӣ ва умуман шиддат гирифтани вазъи демографӣ дар бисёр мамлакатҳо ва нарасидани захираҳои оби тоза аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки оянда боиси ба вуҷуд омадани низоъҳо ва ноором гаштани вазъи кишварҳо ва минтақаҳои гуногуни олам шуда метавонанд. Аз ин рӯ, кишварҳои пешрафта ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ бояд ба ҳалли масъалаҳои зикршуда эътибори ҷиддӣ диҳанд, зеро илоҷи воқеаро пеш аз вуқӯъ кардан беҳтару осонтар ва арзонтар меафтад.

Мо ҳамчунин аз идома ёфтани низоъ дар Шарқи Наздик, ки ба тӯлонитарин низои минтақавӣ табдил ёфтааст, афзоиши хатари ҷанг миёни Ҳиндустон ва Покистон изҳори нигаронӣ мекунем ва аз ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам, давлатҳои манфиатдор ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват мекунем, ки дар бобати ҳалли осоишта ва ҳарчи зудтари ин проблемаҳо тадбирҳои муассир андешанд.

Тоҷикистон қарорҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро дар ин маврид ҷонибдорӣ мекунад ва умедвор аст, ки ин кӯшишҳо идома хоҳанд ёфт.

Вобаста ба авзои ноороми сайёра ва доман паҳн кардани терроризм ва экстремизм дар баъзе кишварҳо ва доираҳои муайяни сиёсатшиносон равияи номатлуб ва беасос гунаҳкор кардани дини ислом ҳамоно идома дорад. Ба ибораи дигар, дини мубини исломро, ки аслан ва моҳиятан дини сулҳпарвар аст, ба василаи тарс додани башарият табдил дода истодаанд. Ислом ҳамчун яке аз динҳои бузурги ҷаҳонӣ ҳама гуна нифоқу хусумат, куштору ваҳшоният ва ҷабру зулмро маҳкум мекунад. Бинобар ин, кӯшиши бо ҳар роҳу восита бадном кардани ислом ва мардуми мусулмон, инчунин ба ҳар гуна мухолифату низоъ маҷбуран хислати исломӣ додан аз рӯйи адлу инсоф нест.

Фаромӯш набояд кард, ки ислом як сарчашмаи мусаффои афкору ахлоқ аст ва аз пайвастани дин бо сиёсат ҷанбаи баланди сулҳпарварона ва инсондӯстонаи он коста мегардад.

Албатта, зуҳури ҷунбиши ҷаҳолатпарастонаи толибон, фаъолияти даҳшатафканӣ ва харобкоронаи созмонҳои террористӣ, ба монанди «Ал-қоида» ва ғайра боиси бадномии ислом гардид. Лекин ҷомеаи башар бояд донад, ки Толибон ва гурӯҳҳои ба онҳо монанди террористону экстремистон барои пеш бурдани манфиатҳои гаразноки худ исломро ҳамчун байрақ ё пардаи фиреб истифода мебаранд. Фаъолияти онҳо дар асл бо таълимоти дини мубини ислом ҳеҷ умумияте надорад. Илова бар ин, тавре ки дар конфронси байналхалқии чанд рӯз пештар доиргардида таъкид кардам, террорист на Ватан дорад, на миллату дину мазҳаб.

Бинобар ин, пешгирии амалиёти ғайриинсонӣ ва таҳрибкоронаи чунин гурӯҳҳо танҳо бо роҳи муттаҳид сохтани қувваҳои солими башарият, ҳамкории зичи хадамоти махсус, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои дахлдори давлатҳои гуногун имконпазир аст.

Ғайр аз ин, Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, кишварҳои пешрафта ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд мафҳуми ягонаи терроризмро таҳия намоянд. Ҳамчунин мехоҳам таъкид намоям, ки ҳангоми муайян кардани мафҳуми терроризм ба сиёсати стандарти дугона набояд роҳ дод.

Инчунин сиёсатшиносони кишварҳои гуногун бояд дар бобати густариши фаъолияти гурӯҳҳои неофашистӣ, шовинистӣ ва қувваҳое, ки дар баъзе кишварҳои ҷаҳон як миллатро аз миллати дигар афзалтар ва асилтар мешуморанд ва бо ин ақидаҳои худ зеҳни мардумро заҳролуд мекунанд, андеша намоянд ва роҳҳои пешгирии чунин равияҳои хатарнокро пешниҳод созанд.

Сабабҳои саршавии ду ҷанги ҷаҳонии асри гузаштаро инсоният ҳанӯз фаромӯш накардааст.

Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ташкилотҳои дигари ҷаҳонӣ бояд ин масъаларо мавриди баррасии дақиқ қарор диҳанд. Ин корро манфиати сулҳи ҷаҳон тақозо мекунад.

Ҳамватанони азиз!

Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими рӯзафзуни ваҳдати миллӣ мо ба марҳилаи нави зиндагӣ - давраи аз нав барқарорсозӣ, созандагии Ватан ва ободонии сарзаминамон қадам гузоштем.

Танҳо сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ имкон дод, ки мо дар бобати аз бӯҳрони шадид раҳоӣ бахшидани иқтисодиёти кишвар, таъмини рушди мунтазам ва тадриҷии соҳаҳои гуногун, гузаронидани ислоҳоти иқтисодии ба талаботи замон ва меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ тадбирҳои зарурӣ андешем.

Ҳоло мо таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, ҳалли яке аз проблемаҳои ҷиддии иқтисодиётамон - паст кардани сатҳи камбизоатӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани мамлакатамонро мақсад ва шиори асосии худ эълон кардаем.

Тараққиёти минбаъдаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ низ ҳамеша дар маркази диққати мо қарор дорад.

Вазифаи муқаддаси мо дар ҷараёни барпо кардани давлати ҳуқуқбунёд ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия ва қабули чунин қонунҳоест, ки ҷомеаи моро бо олами мутамаддин пайванд диҳанд, маърифати сиёсии мардуми моро баланд бардоранд ва барои бархурдорӣ аз дастовардҳои кишварҳои пешрафта замина муҳайё намоянд.

Дар баробари ин, мехоҳам таъкид намоям, ки мо ҳанӯз дар ибтидои роҳ қарор дорем ва ин роҳро ба таври бебозгашт интихоб кардаем.

Албатта, иҷрои ҳамаи ин корҳо ба осонӣ муяссар намешавад. Вале агар хоҳем, ки рушди устувори ҷомеа ва умуман рушди инсонро зина ба зина таъмин намоем, сатҳи маърифат ва сифати зиндагии мардумро баланд бардорем, пеш аз ҳама бояд ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ, худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дошта бошем, бо дили гарм кор кунем, таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро омӯзем, таълиму тарбияи насли наврасро дар асоси дастовардҳои илму техникаи муосир ба роҳ монем.

Бори дигар таърихи Олмон ва Японияро баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ба хотир орем. Ин ду кишвари дар асари ҷанг харобу валангоршударо танҳо меҳнат, нангу номус ва ифтихори ватандорӣ ба давлатҳои пешрафтатарини олам табдил дод.

Мо бояд барои фардои нек, рӯзгори осуда ва мамлакати пешрафтаи худ бо умеду боварӣ заҳмат кашем.

Ҳамаи ин корҳоро худи мо бояд анҷом диҳем, зеро Ватан аз худи мост ва сарнавишти он низ дар дасти худамон аст. Бояд Ватанро бо ҳама каму костияш дӯст дорем, ҳар рӯзи умрро ғанимат шуморем ва онро сарфи меҳнати созанда ва корҳои хайр намоем.

Мо бояд ҳамеша шукронаи сулҳу ваҳдати миллиро кунем ва ба қадру қимати Ватани азизамон -Тоҷикистони соҳибистиқлол расем.

Ҳамкории тамоми қувваҳои ҷомеа, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро минбаъд низ густариш дода, ба манфиати ободии Ватан равона созем, дар дунёи пурмоҷарои имрӯза ҳамеша зираку ҳушёр бошем.

Рӯзҳои сахти зиндагии мо ва давраи талхи тақдирамон паси сар шуданд.

Халқе, ки чунин рӯзгори сангинро бо сабру таҳаммул ба рӯзи орому осуда расонида тавонист, миллате, ки ақлу заковаташ аз болои ҷаҳлу ҷидол ғолиб омад, қодир аст, ки барои худ ва наслҳои ояндааш Ватани ободу пешрафта ва зиндагии хушу босаодат барпо намояд.

Имрӯз сулҳ ва сулҳпарварӣ ба талаботи ногузири асри XXI табдил меёбад. Мо - тоҷикон, ки таърихан миллати фарҳангсозу сулҳпарвар ҳастем, зиндагии осоишта, тарзи ҳаёти озоду ором ва меҳнати созандаю бунёдкоронаро мақсаду мароми ҳамешагии худ ҳисобида, ба сӯйи ҷомеаи демократи, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравем.

Шубҳае нест, ки мо ба ин мақсади олии худ, яъне бунёди ҷомеаи озод, Ватани обод ва давлати пешрафта ҳатман мерасем ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро ишғол мекунем.

Бо ҳамин орзумандӣ ҳамаи шумо, ҳозирини мӯҳтарам ва тамоми ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи сулҳу ваҳдати миллӣ бори дигар табрик мегӯям.

Ба ҳамаи хурду калони Тоҷикистони озод, ба ҳар як хонадони тоҷик оромиву осоиш ва дар фаъолияти ҳар як фарди бонангу номуси Ватан барору кушоиш мехоҳам.

Бигзор панҷсолагии сулҳу ваҳдати милли башорате аз зиндагии ҷовидона ва босаодати миллати соҳибфарҳанг, солор ва хирадманди мо бошад!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520