Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22.04.2002 14:00, шаҳри Душанбе

Мӯҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Аз даврае, ки бо паёми навбатии худ ба шумо муроҷиат кардам, як сол гузашт. Дар ин муддат мо ба як қатор дастовардҳои назаррас ноил гаштем, ки онҳо ба таҳкими рукнҳои давлат ва пешрафти ҳаёти ҷомеаамон мусоидат намуданд.

Дар раванди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакатамон дигаргуниҳои зиёде падид омаданд. Низоми давлатдорӣ ва идоракунӣ то ҳадди имкон такмил гардида, худогоҳиву худшиносӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихори миллии халқамон инкишоф ёфт.

Ба шарофати сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ мо ба марҳилаи нави зиндагӣ - давраи созандагию бунёдкорӣ қадам гузоштем. Ба хотири пойдории истиқлолияти воқеии мамлакат бунёди як силсила иншоотҳои тақдирсоз ва сохтмонҳои бузурги дорои аҳамияти умумидавлативу байналхалқиро идома додем, ки онҳо пешомади кишварро дар асри XXI муайян менамоянд.

Албатта, ҳар қадами навбатӣ ва ҳар дастоварди тоза ба осонӣ муяссар намегардад. Мо ҳар хишти иморати мӯҳташами истиқлолиятро бо заҳматҳои гарон болои ҳам мечинем. Ва ин амри табиист, зеро бинои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар дунёи пурҳодисаи оғози ҳазорсолаи сеюм бояд тарҳу симои хосаи худро соҳиб гардад, таърихи гузаштаву тақдири ояндаи миллатро фаро гирад.

Дар бунёди кохи пурҷалоли миллат мисли ҳар давру замони гузашта қабл аз ҳама зиёиён ва тамоми халқи сарбаланди Тоҷикистон заҳмат мекашанд.

Ман аз заҳмату талошҳои бунёдкоронаи халқи бонангу номуси тоҷик пайваста нерӯи тоза мегирам ва ҳамеша ба заковати азалии миллати соҳибмаърифатамон такя менамоям.

Мо минбаъд низ равандҳои мусбати дар мамлакат қувватгирифтаистодаро идома хоҳем дод, вале дар айни замон аз ин баъд ҳар иқдоми худро бояд бо дарки рӯҳияи наве, ки имрӯз ҷаҳонро фаро гирифтааст, шурӯъ намоем.

Дар як муддати кӯтоҳ маҷрои зиндагӣ дар сайёра ба дараҷаи ҳайратовар дигаргун ва тезутунд гардид ва аҳли башар оқибат ба хулосае омад, ки воқеан бани одам аъзои якдигаранд. Яъне, дар натиҷаи раванди глобализадия пайванди халқҳои ҷаҳон боз нерӯи тозае касб кард ва имрӯз агар садое дар ягон кишвари хоҳ хурду хоҳ калон бархезад, акси он дарҳол аз дигар кишварҳои дуру наздик шунида мешавад. Агар дар ягон гӯшаи дурдаст фоҷиае сар занад, кишварҳои дигар, ҳарчанд дар байнашон ҳазорон фарсах масофа ва уқёнусу қаторкӯҳҳо мавҷуд бошанд ҳам, аз таъсири фалокатбори он эмин буда наметавонанд. Ин таҳаввулоти азим аҳли башарро бар зидди хатарҳои фарогири умумӣ муттаҳид намуданд. Махсусан, баъд аз воқеаҳои фоҷиабори 11 сентябр дар Амрико сохтори муносибатҳои байналхалқӣ амалан тағйир ёфт, ҷаҳон дар як рӯҳия ва роҳу равиши нав қарор гирифт.

Дар чунин шароит ба мо лозим аст, ки равандҳои дохили кишварамонро дар алоқамандӣ бо равандҳои ҷаҳонӣ арзёбӣ карда, таҳлил ва ҳаллу фасл намудани масъалаҳои худро бо назардошти манфиатҳои миллат ва давлатамон тақвият бахшем.

Дар оғози суханронӣ ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии давлатамон рӯ овардани мо низ ба ҳамин хотир аст. Зеро таҳаввулоте, ки ҷаҳонро босуръат фаро гирифта истодааст, моро водор месозад, ки сиёсати хориҷии худро пеш аз ҳама аз назари манфиатҳои миллӣ ва сиёсӣ пеш барем.

Дар интиҳои асри XX ва оғози асри XXI андозаву миқёси хатарҳои бузурги умумибашарӣ ба ҷойи кам шудан бештар доман афрохтаанд, ки онҳоро аз рӯйи моҳияту ҳадафҳояшон метавон ба якчанд гурӯҳ тақсим кард.

Ин хатарҳо, якум, афзоиш ёфтани истеҳсол ва ихтирооти мудҳиштарин яроқҳои ядроӣ ва дигар воситаҳои қатли ом - таҷҳизоти радиоактивӣ, биологӣ, химиявӣ ва ғайра мебошад, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо хавфи нест шудани инсоният ва заҳролуд гардидани муҳити зист дар сайёра ба вуҷуд меояд.

Дуюм, хатари афзудани муноқишаҳои минтақавӣ дар заминаи ихтилофоти динию мазҳабӣ, зиддиятҳои қавмию нажодӣ, тамоюлҳои идеологӣ, талошҳои ошкору ниҳон барои ба даст овардани захираҳои сӯзишворию ашёи хом, тақсимоти нави бозори ҷаҳонӣ ва ғайра мебошад, ки дар натиҷаи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои гуногун дар гӯшаҳои мухталифи сайёра аланга мегирад.

Сеюм, мавқеи устувори минтақавӣ ва умумиҷаҳонӣ пайдо кардани терроризми байналхалқӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи яроқ, ҷинояткории муташаккил, ҳамчунин паҳншавии ғояҳои зӯроварӣ, тарғиботи зараровари мазҳабию идеологӣ ва ба воситаҳои иттилооти омма роҳ ёфтани онҳо мебошад.

Чорум, унсурҳои нави хатари умумибашарӣ дар заминаи дастовардҳои навтарини соҳаи компютерӣ ва технологияи алоқаву коммуникатсия падид меоянд, ки сарҳадҳоро шикаста, ба махфитарин кашфиётҳои ҳарбӣ, силоҳҳои ядроӣ ва нуқтаҳои мушакҳои дурзан даст меёбанд.

Ва ниҳоят, хатари афзудани фарқияти миёни давлатҳои бой ва камбағал дар миқёси ҷаҳонӣ мебошад, ки ҳосили он афзоиши рӯзафзуни аҳолӣ ва аз назорат берун мондани он маҳсуб мегардад.

Ҳарчанд ки аз фурӯпошии давлати абарқудрати шӯравӣ зиёда аз даҳ сол гузаштааст, вале тақсимбандии геополитикии ҷаҳон ба охир нарасида, баръакс марзбандиҳои минтақавӣ ва иқтисодию сиёсӣ вусъати нав гирифта истодаанд. Талошҳои кишварҳои мухталиф барои соҳиб шудан ба бозорҳои ҷаҳонӣ, ашёи хом, захираҳои сӯзишворию гидроэнергетикӣ ва умуман сарватҳои табиӣ суръати бесобиқа гирифта, дар ҳамин замина дар минтақаҳои гуногуни олам ҷангу низоъҳои қавмию мазҳабӣ доман паҳн карда истодаанд.

Ҷаҳонгирӣ ва кишваркушоиҳои имрӯза либоси басо рангоранг доранд. Ҳадаф ва ғаразҳои аслии сиёсию иқтисодӣ аз назарҳо пинҳон мемонанду хусуматҳои қавмию этникӣ, низоъҳои идеологию динӣ ва дигар сабабу баҳонаҳо ба навбати аввал мебароянд. Дар натиҷаи таҳрики устокоронаи сиёсию иқтисодӣ ва идеологӣ давлатҳои хурду бузург дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Аврупо ба доираи бозиҳои ғаразноки давлатҳои манфиатдор кашида мешаванд ва таҳти таъсири онҳо раванди мӯътадили ҳаёт дар сарзаминҳои гуногуни ҷаҳон ва саросари сайёра халалдор мегардад.

Афғонистони ба мо ҳамсоя далели ин гуфтаҳо шуда метавонад, ки қариб чаҳоряк аср инҷониб оташи ҷанг дар ин кишвари мусибатзада хомӯш намегардад. Мо дар давоми даҳ соли истиқлолияти давлатии худ таваҷҷӯҳи аҳли оламро ҳамеша ба ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон ҷалб мекардем, зеро вазъияти мураккаби ин кишвари ҳамсоя оромии Тоҷикистонро халалдор мекард ва водор месохт, ки воситаву имкониятҳои бе ин ҳам маҳдуди худро бештар барои таъмини амнияти кишварамон сафарбар намоем.

Бо дарки амиқи манфиатҳои миллии худ ва вазъи воқеии Афғонистон мо ҳалли қазияи ин кишварро дар дастгирии нерӯҳое медидем, ки метавонистанд такягоҳи сулҳу суботи минтақа бошанд.

Дар ҳоле, ки бисёр сиёсатмадорон ва давлатҳои ҷаҳон дар он давраи номуайяниҳо ба ин масъала бетафовут менигаристанд, мо ба сиёсати низоми иртиҷоии толибон баҳои воқеӣ дода, барқарории ҳеҷ гуна муносибатро бо онҳо раво надидем. Тоҷикистон ягона давлате буд, ки сиёсати устувори худро нисбат ба режими толибон ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир надод ва пайваста ба нерӯҳои Иттиҳоди шимол, ки ҳамчун қувваи ягона бар зидди террористони мазкур мубориза мебурданд, ҳамаи кӯмакҳои имконпазирро расонид. Ҷараёни ҳодисаҳо дурустии мавқеи моро исбот кард ва сиёсати пешгирифтаи мо аз тарафи роҳбарону сиёсатмадорони бисёр давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ба таври воқеӣ арзёбӣ гардид.

Ба ин маънӣ, мубориза бар зидди низоми террористии толибон барои Тоҷикистон баъд аз воқеаҳои 11 сентябр шурӯъ нашудааст.

Мо борҳо кӯшиш ба харҷ дода будем, ки таваҷҷӯҳи аҳли башар ба таври кофӣ ба авзои Афғонистон нигаронида шуда бошад. Ҳанӯз соли 1999 ман аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод карда будам, ки гирдогирди Афғонистон як минтақаи амниятӣ бунёд гашта, пеши ин хатари бузург гирифта шавад.

Дар баробари сар шудани муборизаи пурвусъат ба муқобили терроризми байналмилалӣ Тоҷикистон мавқеи худро ошкоро эълон намуд ва барои амалиёти муваффақиятнок ба хотири аз байн бурдани парваришгоҳҳои терроризм ва экстремизм дар Афғонистон аз ҷониби худ тамоми чораҳои имконпазирро андешид.

Имрӯз мо ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва дигар кишварҳои аъзои иттиҳоди мубориза бар зидди терроризми байналхалқӣ бо назари сипос менигарем, ки дар саркӯб ва нобуд сохтани низоми иртиҷоии толибон ва пойгоҳҳои террористони байналмилалӣ дар Афғонистон нақши ҳалкунанда бозиданд.

Аз ин минбари баланд истифода намуда, мехоҳам хотирнишон созам, ки роҳбарияти Тоҷикистон ин сиёсати худро минбаъд низ идома хоҳад дод, то ки Афғонистон дигар на пойгоҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва на маркази қочоқи маводи мухаддир, балки як кишвари ором ва ҳамсояи осуда бошад. Ҳамчунин, бо мақсади ҳукмфармо гаштани сулҳу амнияти пойдор дар Афғонистон мо бояд ба ин кишвар кӯмаку дастгирии худро дареғ надорем.

Тоҷикистон дар барқарорсозии иқтисодиёти баъдиҷангии Афғонистон бо роҳи иштирок дар лоиҳаҳои гуногун, пеш аз ҳама тарбияи кадрҳо ва мутахассисон, барқарор намудан ва сохтмони роҳу кӯпрукҳо, хатҳои интиқоли барқ ва бисёр соҳаҳои дигар саҳм хоҳад гузошт. Ҳамкориҳои мо аллакай шурӯъ шудаанд.

Мо аз таҷрибаи худ медонем, ки роҳи сулҳ ҳамвор нест ва тай кардани он сабру таҳаммул ва хиради бузургро тақозо мекунад. Сарнавишти ояндаи Афғонистон пеш аз ҳама, албатта, дар дасти худи мардуми Афғонистон аст.

Итминони комил дорем, ки Идораи муваққатии Афғонистон ва халқи ғаюри афғон дар ояндаи наздик як ҳукумати фарогири манфиатҳои ҳамаи қавму халқиятҳо ва миллатҳои сокини кишварро ташкил мекунанд ва тақдири хешро ба дасти худ гирифта, дар сарзамини аҷдодиашон низоми мутамаддинро хоҳанд сохт. Дар ин кор нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳамоҳангсозӣ ва сарпарастии кӯшишҳои давлатҳои ҳамсоя ва маҷмӯаи шаш ҷамъи ду дар бобати истиқрори сулҳ дар Афғонистон бояд ҳалкунанда бошад. Барои ин бояд механизмҳои умумии татбиқу густариши фарҳанги сулҳ дар арсаи байналмилалӣ зимни ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ ва умумибашарӣ эҷод шаванд. Умуман, дар асри нав масъулият ва вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид, ки мақоми асосии ҳифзи сулҳ ва амнияти миёни кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад, бояд чандин баробар афзояд.

Пешгирии хатарҳои экологӣ, сарфаҷӯиии захираҳои оби нӯшокӣ, рафъи гуруснагӣ ва дигар проблемаҳои дорои хусусиятҳои умумибашарӣ мавҷуданд, ки танҳо дар сурати пешбурди оқилонаи сиёсати хориҷӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳар фарди бедордили сайёра ҳал шуда метавонанд.

Дар ҳазорсолаи сеюм масъалаи афзоиши аҳолӣ аз ҳудуди давлатҳо ва миллатҳо берун рафта, ба як омили ҳалталаби глобалӣ табдил меёбад, ки хоҳу нохоҳ назорат ва банақшагирии умумиҷаҳониро тақозо менамояд.

Инсоният дар асри нав бояд на душман, балки дӯст ҷӯяд ва бо истифода аз нерӯҳои зеҳнии хеш наслхоро ба пуштибонию дастгирии сиёсати фарҳанги сулҳ омода созад.

Аҳли башар бояд сайёраи Заминро чун гавҳараки чашм ҳифз намояд. Мо танҳо як замин, як маъвои ҳастӣ ва як гаҳвораи ҳаёт дорем.

Мо - тоҷикон ин сабақҳои пурҳикмати гузаштагонро дар тӯли тамаддуни чандинҳазорсолаи хеш борҳо озмуда, ба дурустии онҳо эътимод ҳосил кардаем.

Бо назардошти хулосаҳои зикршуда Тоҷикистон бояд дар низоми нави ташаккулёфтаистодаи муносибатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи ба худ муносиб ишғол намояд. Зеро Тоҷикистон ҳам аз нигоҳи мавқеи ҷуғрофӣ ва ҳам аз лиҳози геополитикӣ дар чорсӯи бархӯрди манфиатҳои давлатҳои абарқудрат ва низомҳои мухталифи сиёсию идеологӣ қарор дорад. Комилан табиист, ки дар натиҷаи рӯйдодҳои охири соли гузашта ва аввали соли ҷорӣ дар минтақа таваҷҷӯҳи оламиён ба кишвари мо ба таври бесобиқа афзуд. Доираи ҳамкориҳои мо бо кишварҳои пешрафта хеле васеъ гардид ва як қатор корҳои мушаххас аллакай сурат гирифта истодаанд. Дар ин муддат Британияи Кабир, Фаронса ва Япония дар Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатии худро боз карданд, ки ин худ далели то чӣ андоза аҳамияти калон додани ин давлатҳо ба муносибат бо кишвари мо мебошад.

Бо истифода аз ин вазъияти мусоид мо бояд тамоми имкониятҳои худро ба он сафарбар намоем, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои мутараққии ҷаҳон мисли Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Британияи Кабир, Италия, Фаронса, Канада, Япония ва дигар иштирокчиёни коалитсияи зиддитеррористӣ дар заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ба роҳ монда шаванд.

Густариши ҳамкориҳо бо кишварҳои мутараққӣ бо мақсади ҷалби сармоя ва технологияи пешрафта, тарбияи кадрҳои баландихтисос ҳоло ба марҳилаи нав ворид мегардад ва мо бояд аз тамоми шароит пурсамар истифода барем. Аз ин лиҳоз, мо бояд заминаҳои ҳуқуқии фароҳам овардани шароити мусоид ва имтиёзноки сармоягузориро муҳайё созем, ки дар ин роҳ нақши парламенти кишвар хеле муҳим мебошад.

Муносибатҳои Тоҷикистон бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил чи дар асоси дуҷониба ва чи дар доираи Иттиҳод ба сифати яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷӣ боқӣ мемонанд. Тоҷикистон сиёсати худро доир ба таҳкими муносибатҳо бо Россия минбаъд низ идома хоҳад дод. Муносибат бо Федератсияи Россия ҳамчун омили муҳими амният дар минтақа ва шарики боэътимоди Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии кишвари мо мавқеи муҳим дорад. Ҳамкории сиёсӣ ва ҳарбию техникӣ миёни кишварҳои мо дар давоми даҳ соли истиқлолияти давлатҳоямон хеле хуб аст. Вале бояд эътироф намоем, ки ҳамкориҳои иқтисодии мо ҳанӯз қаноатбахш нестанд. Мо аз ҷониби худ барои густариши робитаҳои иқтисодӣ омода ҳастем.

Дар айни замон мо бояд пеш аз ҳама инро ҳам ба назар гирем, ки шароити иқтисодии Тоҷикистон ҳамкориҳои зичро бо кишварҳои минтақа - Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон тақозо дорад. Густариши робитаҳо бо кишварҳои зикршудаи ҳамсоя ба таъмини осоиш ва оромии минтақа хизмат менамояд. Ҳамсоягии некро худи ҳаёт боисрор тақозо мекунад ва ин ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳамаи халқҳои минтақа мебошад. Бинобар ин, мо бояд ба ҳамкорӣ, рафтуомад ва кӯмак ба якдигар ҳарчӣ бештар муваффақ гардем.

Мо беш аз пеш эҳсос менамоем, ки манфиатҳои таракқиёти иқтисодии минтақа зарурати кӯшишҳои муштараки тамоми кишварҳои Осиёи Марказиро дар роҳи беҳдошти зиндагии халқҳои мо ба вуҷуд овардаанд.

Дар форуми иқтисодии Евразия, ки чанде пеш дар шаҳри Алмаато барпо шуд, зимни суханронӣ ба се масъалаи муҳимтарини Осиёи Марказӣ ишорат намудам, ки бе ҳалли онҳо пешрафти кишварҳои минтақаи мо аз имкон берун аст.

Аввалан, проблемаи азхудкунии захираҳои энергетикӣ, пеш аз ҳама захираҳои барқи обӣ.

Сониян, проблемае, ки ба масъалаи зикршуда робитаи зич дорад, яъне истифодаи пурсамар ва оқилонаи об.

Ва ниҳоят, проблемаи коммуникатсия, интиқоли бемамониати мол, қувваи корӣ ва сармоя.

Бори дигар таъкид мекунам, ки ҳалли ин проблемаҳо барои халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим дорад ва дар танҳоӣ ягон кишвари минтақа ба ин кор қодир нест. Бинобар ин мо бояд доир ба масъалаи дарёфти роҳҳои ҳамкории зич бо нияти ҳалли масъалаҳои муҳими дар пеши мо қарордошта ҷиддӣ андеша кунем ва барои аз миён бардоштани ҳама гуна монеаҳои сунъӣ ба таври қатъӣ тадбир андешем. Зеро чунин монеаҳо фақат бар зарари манфиатҳои халқҳои мо ҳастанд.

Самти дигари муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ин таҳкими муносибатҳо бо кишварҳои Осиё мебошад. Дар ин ҷода бояд қайд кард, ки барои густариши ҳамкориҳо, пеш аз ҳама дар соҳаи иқтисодӣ, бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Корея, Ҷумҳурии Туркия, кишварҳои олами араб, мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ имкониятҳои фаровон мавҷуданд.

Гумон мекунам, ки тағйироти дар амалияи сиёсии бисёр кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Покистон зоҳиргашта имконияти ҳамкории моро бо онҳо васеъ мегардонанд. Ман изҳори боварӣ менамоям, ки имкониятҳои дар ин самт вуҷуддошта бештар ва фаъолонатар истифода хоҳанд шуд.

Созмонҳои байналмилалӣ омили муҳими ҳамкориҳои гуногунҷабҳа мебошанд ва Тоҷикистон минбаъд ҳам барои густариши муносибатҳо бо ин созмонҳо манфиатдор хоҳад буд.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Барномаи ташкилоти НАТО таҳти унвони "Ҳамкорӣ ба хотири сулҳ" ҳамроҳ шуд. Мо ният дорем, ки робитаҳои худро бо ин ташкилоти бонуфуз густариш бахшем. Вобаста ба ин муносибатҳои хуби мо бо ташкилотҳои дигари минтақавӣ ва байналмилалӣ - Иттиҳоди Аврупо ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо низ ҳамеша дар мадди назар аст. Дар ин бахш сиёсати давлати мо ба он равона карда мешавад, ки имкониятҳои созмонҳои байналмилалӣ барои тараққиёти иқтисодӣ, барпо кардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва равандҳои демократӣ васеъ истифода бурда шаванд.

Хулоса, сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми давлатҳои ҷаҳон бояд дар асоси баробарҳуқуқӣ ва прагматизм, бо назардощти манфиатҳои миллӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар, бо мақсади мусоидат ба рушди иқтисодӣ ва ҳимояи ҳаматарафаи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонамон ба роҳ монда шавад.

Соли равон барои сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ соли гузашта вазифа гузошта будам, ки Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад. Акнун бояд бигӯям, ки лоиҳаи омодашудаи он бо назардошти воқеияти имрӯза ва дурнамои пешомадҳо дар мӯҳлати кӯтоҳтарин таҷдид гардад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Ҳоло мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалаҳое ҷалб созам, ки зарурати ҳалли онҳоро ҳаёт беш аз пеш тақозо менамояд. Ин масъалаҳои ҳалталаб терроризми байналмилалӣ ва экстремизм дар ҳамаи шаклҳои зуҳуроти онҳо мебошанд.

Дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллӣ, сохти конститутсионӣ ва истиқлолияти кишвар мубориза бар зидди ин падидаҳои фалокатбор вазифаи муҳимтарини ҳар як сохтори давлатӣ ва тамоми ҷомеа гардидааст.

Таҳлили таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар давоми солҳои 70-уму 80-уми асри гузашта баъзе мамлакатҳо ба арсаи амалиёти ҷинояткоронаи дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ табдил ёфтанд. Дар амали чунин дастаҳо ва гурӯҳҳо самти дақиқи террористию даҳшатафканӣ ба назар мерасид. Мо хеле барвақт диққати ҷомеаи ҷаҳонро ба ин проблема ҷалб карда, ҳанӯз дар Вена дар Конгресси даҳуми Созмони Милали Муттаҳид оид ба пешгирӣ намудани ҷинояткории трансмиллӣ мафҳуми дақиқ ва фарогири терроризмро пешниҳод намуда будем. Вале на созмонҳои байналмилалӣ ва на кишварҳои гуногун то ҳол ба мафҳуми терроризм назари ягона надоранд.

Созмон ёфтани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон бо вазъи бӯҳронии иҷтимоию иқтисодӣ, паст рафтани сатҳи зиндагии баъзе табақаҳои аҳолӣ, низоъҳои байналмилалӣ, динӣ, нажодӣ ва иқтисодӣ иртиботи наздик дорад.

Экстремизм ва терроризм имрӯз хусусияти ба истилоҳ "интернатсионалӣ" пайдо кардаанд. Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ фақат дар ду-се соли охир баъди рух додани амалиётҳои террористӣ дар кишварҳои гуногун, алалхусус дар қаламрави давлатҳои бузурги дунё, ба монанди Амрико ва Россия, ба терроризм диққати ҷиддӣ зоҳир намуд.

Терроризм яке аз воситаҳои амалӣ кардани мақсадҳои сиёсии гурӯҳҳои муташаккил мебошад, ки мехоҳанд харитаи иқтисодию сиёсии сайёраро ба манфиати худ мувофиқ созанд. Дар пушти террористон фармоишгарони манфиатдори сиёсӣ ва сармоядорони бузург истодаанд.

Мақсади асосии терроризми байналхалқӣ дар ин ё он давлат сарнагун кардани низомҳои конститутсионӣ ва барпо кардани низомҳои иртиҷоии ҷаҳолатпеша ва бештар ба идеологияи экстремистӣ асосёфта мебошад.

Дар иртибот ба ин махсус қайд карданиам, ки мо қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии бо конвенсияҳои байналхалқӣ ва санадҳои созмонҳои байналмилалӣ мутобиқ қабул намудем, ки роҳу усулҳои мубориза ба муқобили экстремизм ва терроризмро муайян мекунанд. Вобаста ба ин пешниҳод мекунам, ки сатҳи ҳамкории мақомоти ҳифзи қонуну тартиботи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккилона, нашъаҷаллобӣ ва ришвахӯрӣ баланд бардошта шавад.

Ҳоло яке аз проблемаҳои муҳими ҷаҳони муосир афзоиши хатари терроризми байналхалқие мебошад, ки бо шиорҳои бофтаю сохтаи исломӣ пардапӯш шудааст. Дар асл ислом бо терроризм ва ташкилотҳои экстремистӣ ҳеҷ умумияте надошта, баръакс таълимоташ зидди ин падидаҳои хатарнок нигаронида шудааст. Вале бо вуҷуди ин қувваҳое ҳастанд, ки барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ аз дини мубини ислом сӯиистифода мекунанд.

Сухан на дар бораи муқовимат бо ислом ҳамчун яке аз динҳои ҷаҳонӣ, балки дар бораи мубориза бар зидди моҷароҷӯён, ҷудоихоҳон, ғоратгарону роҳзанҳо меравад, ки ба дин ягон умумияте надошта, танҳо моҳияти ҷинояткорию моҷароҷӯии худро бо шиорҳои исломӣ пардапӯш мекунанд ва ба ин васила ба дини мубини ислом доғ меоранд.

Мо ба дини мубини ислом чун як сарчашмаи покизаи маънавӣ ва ахлоқӣ эҳтиром мегузорем. Вале дар баробари ин, бояд фаромӯш накунем, ки мамлакати мо бисёр принсипҳои ҷомеаи мутамаддинро пазируфт ва аз тарзи зиндагии дунявӣ баҳравар гардид.

Ин ҷо бамаврид аст, ки аз як нуктаи пурҳикмат ва ибратомӯз ёдовар шавем. Дар тамоми ҷаҳони ислом хурду калон ҳангоми дидор ба якдигар бо хитобаи "Ассалому алайкум" муроҷиат менамоянд. Маънии ин хитоба чунин аст, ки "Ман ба шумо сулҳ ва офият мехоҳам". Худи ҳамин аз он шаҳодат медиҳад, ки дини ислом ба зоти худ сулҳпарвар ва инсондӯст мебошад. Пас мо бояд мутобиқи ҳамин рукни асосии дини хеш зиндагӣ ва амал намоем.

Аз пайвастани дин ба сиёсат рӯҳи инсонпарварона ва арзишҳои баланди динӣ коста мешаванд. Бинобар ин, терроризмро ба дин напайваста, моҳияти онро ифшо намудан ва пешгирӣ кардан зарур аст. Вале барои пешгирии терроризм ва ҳаракатҳои террористӣ танҳо амалиёти ҳарбии зиддитеррористӣ кофӣ нест. Дар ин маврид бо кӯшишҳои муштарак барои аз байн бурдани беадолатии иҷтимоӣ дар миқёси глобалӣ ва ба ҳам наздик кардани сатҳи зиндагии аҳолии кишварҳои пешрафта ва ақибмонда талош бояд кард. Зеро қашшоқӣ яке аз омилҳои асосии ба вуҷуд омадани ҷинояткорӣ^улм ва зӯроварӣ мебошад.

Вобаста ба ин, мехоҳам нақши мақомоти қонунбарори мамлакатамонро дар асоси конвенсияҳои қабулшуда доир ба таҳияи тадбирҳои пешгирӣ кардани терроризм ва экстремизм махсус таъкид кунам.

Тадбирҳои зерин аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини фаъолияти қонунгузорон бояд бошанд:

якум, ташаккули заминаи ҳуқуқӣ, яъне қабули асноди қонунгузорӣ барои бештару самаранок шудани натиҷаҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм;

дуюм, фароҳам овардани шароит барои беҳтар кардани сифати ҳамкориҳои байналхалқии сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот бар зидди ин вабои аср;

сеюм, сафарбар кардани ҷидду ҷаҳди асосӣ барои таҳияи санадҳо ва тадбирҳои ҳуқуқии барҳам додани манбаъҳои молию пулии терроризм ва экстремизм.

Мубориза бар зидди терроризм вазифаи танҳо хадамоти махсус ва давлатҳои алоҳида набуда, балки вазифаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мёбошад.

Дӯстони азиз!

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар тавонист такмили минбаъдаи заминаи ҳуқуқии пешрафти ҷомеаро таъмин намояд. Қонунҳои қабулшуда масъалаҳои муҳимтарини ҷомеаро танзим намуда, ба густариши батадриҷ сӯйи ҷомеаи мутамаддини муосир мусоидат мекунанд. Барои расидан ба ин сатҳи инкишофи ҷомеа пеш аз ҳама зарурати мустаҳкам намудани давлат ва танзими ҳуқуқии фаъолияти мақомоти он ҳамчун созмондиҳандагони ҳаёти ҷомеа зарур аст.

Бо назардошти ин нукта, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро дар таҳрири нав қабул намудем, ки он асоси дигаргуниҳои сохтории ҳокимияти иҷроия гардид. Дар мамлакат бо мақсади таъмини самаранокии фаъолияти он таҷдиди сохтории куллӣ сурат гирифт.

Азбаски дар баъзе ҳолатҳо мақомоти алоҳидаи ҳокимияти иҷроия фаъолияти ҳамдигарро такрор мекарданд ва ин боиси номураттабии кори онҳо мешуд, ба мақсад мувофиқ донистем, ки як қатор вазорату идораҳои давлатиро муттаҳид созем. Ин иқдоми мо ба талаботи муносибатҳои нави бозорӣ мувофиқ буда, асоси онро озодии фаъолияти иқтисодӣ ташкил медиҳад.

Акнун замони он фаро расидааст, ки вазорату идораҳои мамлакат аз сарпарастии ҳаррӯзаи корхонаҳои тобеашон даст кашида, ба муайян намудан ва омӯзиши стратегияи инкишофи умумии соҳаҳо машғул шаванд. Вазоратҳои саноат, даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, энергетика, нақлиёт, Кумитаи назорати давлатии молиявӣ, Агентии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкорӣ маҳз барои амалӣ намудани ин мақсад таъсис дода шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини рӯз танзими муносибатҳои вобаста ба хизмати давлатӣ мебошад. Хизматчиёни давлатӣ нерӯи пешбарандаю таҳкимбахши давлату давлатдорӣ мебошанд. Аз ин рӯ, онҳо бояд намунаи интизоми олию меҳнати фидокорона ва содиқона бошанд.

Бо мақсади баланд бардоштани нақш ва мавқеи хизматчиёни давлатӣ дар ҷомеа, интизому савияи дониши онҳо, таҷрибаи кордонию касбиашон, интихоби кадрҳои боистеъдоду ба манфиатҳои мардум содиқ ва ба як низоми муайян овардани сохтори идораҳои мамлакат Идораи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ба ин мақоми навтаъсис зарур аст, ки ҳарчи зудтар ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда машғул шуда, тартибу низомро дар ин самт таъмин намояд.

Дар Паёми гузаштаи худ зарурати қабули қонуни конститутсионии ягонаро дар бораи шохаи алоҳидаи ҳокимият, яъне мақомоти судӣ таъкид карда будам. Имрӯз судҳои мо дар асоси ин қонуни нав фаъолият менамоянд. Ҳамчунин таъкид карда будам, ки таҳияи як қатор кодексу қонунҳои барои мамлакат муҳим тӯл кашида истодааст. Бо назардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти масъул корро дар ин замина бояд суръат бахшида, лоиҳаи онҳоро ба Парламенти ҷумҳурӣ пешниҳод намоянд.

Қобили зикр аст, ки дар давоми солҳои гузашта мо тавонистем асосҳои ҳуқуқии ҷомеа ва давлатро аз нав таҳия намоем. Аммо бо вуҷуди ин дастовардҳо, дар ин соҳа низ норасоиҳо мавҷуданд. Чунончи, ихтилофу зиддиятҳо на танҳо миёни қонунҳои гуногун, балки дар дохили қонунҳои алоҳида низ ба мушоҳида мерасанд. Илова бар ин, қисме аз қонунҳои мо, ки ба танзими соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ нигаронида шудаанд, на ҳама вақт ба воқеияти имрӯза ҷавобгӯянд. Дар баъзе ҳолатҳо қонунҳо муносибатҳоеро танзим менамоянд, ки дар шароити имрӯзаи мамлакат онҳо ҳанӯз ба сатҳи зарурии инкишофашон сабзида нарасидаанд. Ва ё баръакс, ҳанӯз қонунҳое низ амал мекунанд, ки моҳиятан кӯҳна шудаанд. Ба ин раванд марҳилаи таърихии имрӯза, ки давраи гузариш мебошад, таъсири худро гузоштааст.

Қонунҳо бояд бо назардошти инкишофи батадриҷи мо ба сӯйи ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шуда, дар сурати зарурат такмил ёбанд. Дар ин иртибот Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон намуна шуда метавонад.

Нақшаҳои таҳияи лоиҳаи қонунҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд, ҳарчанд ба таври умумӣ ба талабот ҷавоб диҳанд ҳам, аммо ба такмил зарурат доранд.

Пеш аз ҳама нокифоягии ҳамкории Ҳукумат ва Маҷлиси намояндагон дар ин соҳа ба мушоҳида мерасад. Таҳлили ҳамаҷонибаи зарурати қабули қонунҳо, ки аз талаботи воқеии ҳаёти ҷомеа бармеоянд, хеле сатҳӣ мебошад. Дар натиҷа лоиҳаи қонунҳое ба нақша гирифта мешаванд, ки онҳо ба майлу хоҳиш ва манфиати идоравии мақомоти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ вобастаанд. Вақти он расидааст, ки мо аз ин амалия даст кашида, фаъолияти қонунгузории худро ба талаботи ҳаёти ҷомеа мувофиқ созем.

Дар ин самт ба мо зарур аст, ки аз ҳисоби намояндагони мақомоти қонунгузор, иҷроия, судӣ ва дигар сохторҳои давлатӣ, ки бевосита бо татбиқи қонунҳо машғуланд, гурӯҳи корӣ таъсис диҳем. Мақсади асосии ин гурӯҳ бояд аз таъмини мувофиқати мазмуну мӯҳтавои қонунҳои ҷумҳурӣ ба ҳамдигар, таҳлилу омӯзиши амиқи зарурати қабули қонунҳои нав, такмили қонунҳои амалкунанда ва механизми иҷрои қонунҳо иборат бошад. Дар татбиқи амалии ин чорабиниҳо нақши муайянкунанда ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Масъалаи дигари хеле муҳими вобаста ба қонунгузорӣ ин дастрас шудани қонунҳо ба аҳолии кишвар мебошад. Дар ин самт низ баъзе пешравиҳо ба иушоҳида мерасанд. Вақтҳои охир таваҷҷӯҳи мардуми мо ба қонунҳои мамлакат хеле афзудааст. Ин тақозо мекунад, ки пахши барномаҳо ва нашри мақолаҳое, ки қонунҳоро шарҳ медиҳанд, аз ҷиҳати миқдор зиёд карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир нашри расмии қонунҳои мамлакат ба роҳ монда шуд. Манзури ман нашри ҷилди аввали Маҷмӯи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки ба танзими давлату давлатдорӣ бахшида шудаанд. Ин кор идома ёфта, ҷилдҳои навбатии он қонунҳои дигар соҳаҳоро низ дарбар хоҳанд гирифт.

Дӯстони гиромӣ!

Мустаҳкам гардидани субот дар мамлакат ва дар арсаи байналхалқӣ афзудани обрӯи Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки мо дар доираи Барномаи ислоҳоти иқтисодӣ ва системаи идораи давлатӣ, татбиқи вазифаҳои Паёми соли гузашта дигаргунсозиҳои иқтисодиро мувофиқи талаботи муносибатҳои бозорӣ идома дода, нисбат ба соли 2000-ум ба нишондиҳандаҳои беҳтари иқтисодӣ ноил гардем.

Бо вуҷуди ин бояд гуфт, ки суръати ислоҳот дар иқтисодиёт ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест. Мо бояд пурра дарк намоем, ки тамоми ҷаҳон бо роҳи иқтисоди бозорӣ пеш меравад ва дар ин роҳ устувор ва боҷуръат қадам бардорем.

Сарфи назар аз дигаргун шудани вазъияти геополитикӣ дар ҷаҳон, ки ба сатҳи истеҳсолоти мамлакатҳои пешқадами дунё таъсири манфӣ расонд, мо дар зарфи ду соли охир ба нишондиҳандаҳои хуби макроиқтисодӣ зимни суръати нисбатан баланди болоравии иқтисодӣ ва паст шудани сатҳи беқурбшавии пул муваффақ гардидем. Суръати миёнаи беқурбшавии пул дар бахши истеъмолӣ як фоизро ташкил дод.

Дар баробари ин соли гузашта мамлакати мо ба як қатор проблемаҳои молиявӣ дучор гардид. Тибқи ҳисобҳо зарари умумии мамлакат аз хушксолӣ ва ҳодисаҳои дар Афғонистон рӯйдода баробари 800 миллион доллари амрикоӣ мебошад. Сарфи назар аз ин мушкилот, ки ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонанд, ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилии мамлакат дар соли 2001 нисбат ба соли 2000-ум 10,2 фоиз зиёд шуд.

Бо сабаби дар бозори ҷаҳонӣ паст шудани нархи алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии кишвар мебошанд, муомилоти савдои хориҷӣ дар соли 2001-ум нисбат ба соли гузашта 9 фоиз кам шуд ва ба бақияи манфии баланси савдо ба маблағи 30,9 миллион доллари амрикоӣ оварда расонид. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, қисми даромади Буҷети давлатӣ дар соли 2001-ум 108 фоиз иҷро гардид.

Нишондиҳандаҳои нисбатан хуби иқтисодӣ дар соли гузашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки роҳи пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон баҳри тараққиёти иқтисодиёт ва тадриҷан беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат заминаи хуб муҳайё кардааст.

Рафти ислоҳот тезонидани ҷараёни дигаргунсозии иқтисодӣ, мустаҳкам намудани системаи молиявӣ ва бонкӣ, ривоҷ додани шаклҳои гуногуни моликият дар тамоми соҳаҳо ва беҳдошти зиндагии мардумро тақозо менамояд.

Ба наздикӣ таҳияи Барномаи сесолаи стратегии хусусигардониро, ки фурӯши 12 корхонаи калони давлатӣ, 100 корхонаи миёна ва калонро дар назар дорад, ба охир расонидем.

Дар айни замон бояд қайд кард, ки дар соли 2001 пешрафт дар соҳаи дигаргунсозиҳои сохторӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ чандон назаррас набуд. Дар ин давра як қатор вазорату идораҳо ва мақомоти маҳалии ҳокимияти иҷроия меъёрҳои ҷудогонаи татбиқи барномаи дигаргунсозиҳои сохториро иҷро накарданд. Ин омил гузариши моро ба муносибатҳои бозорӣ нисбатан суст мегардонад ва ба пешрафти иқтисодии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.

Мо таҳияи ҳуҷҷати комплексии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро, ки дар он самтҳои афзалиятноки тараққиёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат дар оянда муайян гардидаанд, ба охир расондем. Ин самтҳо идомаи он вазифаҳое мебошанд, ки дар Паёми гузаштаи худ ба Парламенти мамлакат гузошта будам. Вазифаҳо чунинанд:

Якум, ҳавасмандкунии тараққиёти суръатнок ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ одилонаи иқтисодӣ бо ҷалби босуръати захираҳои меҳнатӣ ва ба роҳ мондани содироти мол.

Дуюм, таъмини пурсамар ва одилонаи хизматрасонии бунёдии иҷтимоӣ.

Сеюм, дастгирии мақсаднок ва мушаххаси табақаҳои камбизоати аҳолӣ.

Чорум, идоракунии пурсамар ва таъмини амният. Бо назардошти равандҳои глобализатсия мо дар иқтисодиёт бояд ба чунин пешрафт муваффақ шавем, ки он ба содирот бо мақсади ҳалли проблемаҳои марбут ба қарзи беруна ва пурсамар истифода намудани афзалиятҳои мамлакат нигаронида шудааст.

Мувофиқи таҳлилҳо болоравии иқтисодиёт дар сатҳи қариб 6 фоиз дар як сол пешбинӣ шудааст. Манбаи асосии болоравии иқтисодиёт пеш аз ҳама афзудани ҳаҷми истеҳсолот дар соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки бо дигаргунсозиҳои ҷиддии хоҷагиҳои давлатӣ ва кооперативӣ вобаста ба ислоҳоти замин алоқаманд аст.

Ба вуҷуд омадани корхонаҳои хурду миёна, ҳамчунин сохторҳои ғайрирасмӣ манбаи асосии пайдо шудани ҷойҳои корӣ ва афзудани самаранокӣ мегарданд.

Барои идомаи ин кор Ҳукумати кишвар бо иштироки ҳамаи шохаҳои ҳокимият ва табақаҳои ҷамъият таҳияи Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро ба охир расонидааст, ки он ба наздикӣ бояд аз ҷониби Ҳукумат ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад. Ин ҳуҷҷат ҳамчун ҳуҷҷати барномавии рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат барои давраи миёнамӯҳлат қабул карда мешавад.

Дар мамлакат ислоҳоти низоми идоракунии давлатӣ бомаром ҷараён дорад. Он бояд бо тағйироти иқтисодиёти кишвар мутобиқат намояд, яъне усул ва тарзи идоракунӣ бояд ба иқтисодиёти озод мувофиқат карда, ба мақоми тағйирёфтаи корхонаҳои тараққиёбандаи бахши хусусӣ мувофиқ бошад.

Дар Тоҷикистон хусусигардонии бисёр соҳаҳо, хусусан корхонаҳои хурд ва миёна асосан ба анҷом расида, савдо ва соҳаи хизматрасонӣ пурра хусусӣ гардонида шудаанд.

Мувофиқи ин сохтори идоракунӣ тағйир меёбад: вазоратҳо ҳамчун мақоми идоракунии давлатӣ дар ин ё он соҳа меъёр ва қоидаҳои фаъолиятро таҳия менамоянд. Давлат бо истеҳсоли маҳсулот, тақсимоти онҳо ва ташаккули нарх машғул намешавад. Ин вазифаҳо ба ихтиёри бахши хусусӣ мегузаранд. Мутобиқи ин мо аз рӯйи як қатор вазифаҳо вазоратҳои нав таъсис додем. Вазоратҳои иқтисод ва савдо, нақлиёт, энергетика, саноат, алоқа ва кишоварзӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ду вазорати зикршудаи охир номи худро нигоҳ дошта, сохтор ва вазифаашонро тағйир доданд.

Таъсиси Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ иқдоми дигар гардид. Он ҳадафи Ҳукуматро ба хотири такмили сиёсати андоз ва гумрук ва ноил шудан ба сатҳи сифатан нави ҷамъоварии даромадҳои давлатӣ инъикос менамояд. Дар сохтори нави вазорат воҳидҳое таъсис дода мешаванд, ки фаъолияти ҳар як кормандро назорат мекунанд. Ҳар як шикояти соҳибкор, роҳбари корхона, иштирокчии фаъолияти савдои хориҷӣ аз хусуси қонуншикании корманди вазорат баррасӣ мегардад ва чунин рафтори ношоиста ба таври қатъӣ пешгирӣ карда мешавад.

Ҳамзамон вазорати нав ва сохторҳои он мақоми ҷазодиҳанда нест, балки ташкилотест, ки дар ҳамкории зич ҷамъоварии пардохтҳои дар кодексҳои андоз ва гумрук пешбинишударо таъмин менамояд. Дар ин маврид мо бояд ҳифзи манфиатҳои соҳибкорони худро таъмин намоем.

Барои рушду дастгирии кишоварзӣ дар хоҷагиҳои фермерӣ ва деҳқонӣ андози ягона ба роҳ монда мешавад. Дар ибтидо барои таҷриба чунин андозро дар чор ноҳия ҷорӣ менамоем. Ин таҷриба вобаста ба натиҷаҳои он мумкин аст дар тамоми мамлакат паҳн карда шавад.

Ният дорем, ки дар мавриди мусоид дар бораи то 5 фоиз кам кардани ставкаи боҷи гумрукӣ қарор қабул намоем. Ин эътидоли низоми савдоро таъмин ва иртиботи байни соҳибкорони воридкунандаи маҳсулот ва ходимони гумрукро соддатар менамояд. Боҷҳои хеле ками гумрукӣ соҳибкоронро аз қонуншиканиҳо боздошта пардохти онҳоро ҳавасманд менамоянд. Ояндаи наздик дар бораи ҷорӣ намудани боҷи ягонаи гумрукӣ қарор қабул карданӣ ҳастем. Фикр мекунам, ки ин дар кори ҳарчи бештар ҷамъ намудани боҷи гумрукӣ қадами муҳиме хоҳад шуд.

Бо мақсади дастгирии фаъолияти вазорати мазкур ва таҳким бахшидани базаи моддии он Ҳукумати Тоҷикистон 10 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намуд. Фикр мекунам, ин ба бунёди хадамоти ҳозиразамон, қавӣ, аз нигоҳи моливу техникӣ муҷаҳҳаз мусоидат менамояд ва сифати кори вазоратро хеле меафзояд.

Имрӯз ҷаҳонро раванди глобализм фаро гирифта истодааст. Дар чунин шароит набояд Ғарбу Шарқ дар муқобили якдигар қарор гиранд.

Имрӯз дастовардҳои технологӣ ва имкониятҳои коммуникатсионӣ ба дараҷае ҳастанд, ки ҳатто марзҳои байни кишварҳо ба онҳо монеъ шуда наметавонанд. Ҳар кишвар барои рушди худ бояд аз дастовардҳои беҳтарини дигар мамлакатҳо бархурдор бошад.

Дар баробари ин бояд қайд намуд, ки дар иқтисодиёт як қатор проблемаҳое мавҷуданд, ки ба пешравии иқтисодии кишвар халал мерасонанд. То имрӯз мо барои ҷалби сармоя ба иқтисодиёт, барои истеҳсоли молҳои хушсифат ва ба содироти онҳо ҳавасманд гардонидани корхонаҳои ватанӣ, барои пурра ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолии ин корхонаҳо ва ба ин тартиб ҳал намудани мушкилоти иҷтимоӣ на ҳамаи корҳои заруриро анҷом додаем.

Иқтисодиёти кишвари мо ҳанӯз аз нархи нахи пахта ва алюминий дар бозори ҷаҳонӣ вобастагии калон дорад. Ноустувор будани нархи ҷаҳонӣ ба ин намудҳои маҳсулот ба иқтисод ва рӯзгори мардуми мамлакат таъсири муайяне мерасонад. Бинобар ин, ба мо лозим аст барои афзун кардани намудҳои маҳсулоти тайёре, ки иқтидори содиротии кишварро зиёд мекунанд, чораҳои мушаххас андешем.

Вобаста ба ин зарурати таҳияи барномаи сиёсати хориҷии иқтисодии Тоҷикистон пеш омадааст.

Қайд кардан зарур аст, ки вазорату идораҳои дахлдор бояд зудтар масъалаи дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Ташкилоти умумиҷаҳонии савдо ва ҷоннок намудани кори Комиссияи байниидоравии Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, барои ҳалли ин масъалаҳо кӯшиш намоянд.

Аммо ҳалли як қатор проблемаҳои имрӯзаи Тоҷикистон ба ҷалби маблағгузориҳои хориҷӣ ниёз дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Тоҷикистон ба таҳкими муносибатҳо бо кишварҳо ва ташкилотҳои байналхалқии молиявию кредитӣ эътибори ҷиддӣ медиҳад.

То ин вақт бо мақсади амалӣ гардидани лоиҳаҳои инвеститсионии бахшҳои гуногуни соҳаҳои маориф, тандурустӣ, гидромелиоратсия ва инкишофи инфраструктураи кишоварзӣ Ҳукумати Тоҷикистон қариб 500 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои имтиёзнокро ҷалб кардааст. Алалхусус, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ дар гузаронидани ислоҳот ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимию тандурустӣ, соҳаи инфраструктура барои баланд бардоштани сатҳи эътимоднокии ҳамаи намудҳои алоқа, беҳтар намудани сифати хизматрасонии алоқа ва таъмини барқ ба маблағгузорӣ эҳтиёҷ доранд. Дар доираи ҳалли ин вазифаҳои муҳим як қатор лоиҳаҳо якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ татбиқ мегарданд.

Дар шароити кунунӣ дар назди ҷомеаи мо ҳадафи умумимиллии сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Сангтӯдаю Роғун, туннели Анзоб, роҳҳои мошингарди Мурғоб -Кулма - Қарақурум, Душанбе - Ҷиргатол, кони гази Хоҷа Боқиргон қарор доранд, ки бе расидан ба онҳо истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисодиёт аз имкон берун аст. Аз ин рӯ, ҳамаи имкониятҳоро истифода бурда, дар навбати аввал сохтмони ин объектҳоро таъмин намудан зарур мебошад.

Ҳозирини мӯҳтарам!

Як силсила мушкилоти зиндагии мо ба иҷтимоиёт ва маънавиётамон вобастаанд. Давлат ба ин соҳаҳо таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Далели ин зиёд кардани маоши кормандони идораву муассисаҳои буҷетӣ, нафақа, кӯмакпулиҳо, фароҳам овардани ҷойҳои нави кор ва дигар тадбирҳо мебошанд. Вале дар ҳар сурат маҳдуд будани имкониятҳои имрӯзаи кишвар эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, солҳои охир даҳҳо ҳазор ҳамватанони мо барои кор ва таъмини беҳтари зиндагии хонаводаи худ ба шаҳрҳои Россия ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мераванд. Ин як раванди табиист ва дар тамоми ҷаҳон ба мушоҳида мерасад. Аммо мушкилӣ дар он аст, ки аксари кулли ҷавонони мо ба Россия бе шартнома мераванд ва дар натиҷа ба проблемаҳои зиёде гирифтор мешаванд.

Бо мақсади танзими муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои ҳамватанонамон қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Консепсияи муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа", "Дар бораи ба низом даровардани масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ" ва "Барномаи давлатӣ оид ба Консепсияи муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шуданд. Дар асоси онҳо идораву корхонаҳои Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ барои таъмин кардани талаботи шаҳрвандони Тоҷикистон бо кор дар хориҷи кишвар ва ҷалб намудани қувваҳои кории хориҷӣ ба Тоҷикистон якчанд шартномаҳо бастаанд.

Имсол дар ҳудуди даҳҳо ҳазор шаҳрвандони мо бо шартномаҳо ба Россия ва дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои кор фиристода мешаванд. Аз ин рӯ, ба вазоратҳои корҳои хориҷӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, адлия ва корҳои дохилӣ лозим аст, ки бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ин мамлакатҳо тадбирҳо андешанд.

Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва як силсила мушкилоти дигар моро бо проблемаи танзими оила рӯбарӯ мекунад. Чунон ки дар суханронии худ доир ба проблемаҳои демографӣ ва танзими оила қайд кардам, "имрӯз захираву сарватҳои мавҷудаи кишвар ба ҷойи он ки барои пешрафти мамлакат, таҳкими нерӯи иқтисодии он ва дар маҷмӯъ рушди ҷомеа хизмат кунанд, танҳо ба мақсадҳои истеъмолӣ сарф шуда истодаанд".

Бояд дар хотир дошт, ки фақат дар сурати ҳаллу фасли проблемаҳои муҳимтарини кишвар, ки танзими оила аз ҷумлаи онҳост, мо ба шоҳроҳи тараққиёт ворид шуда, дар миёни кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мақоми шоистае ишғол карда метавонем.

Чун сухан аз боби танзим рафт, мехоҳам ёдоварӣ намоям, ки аз нашри Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маъракаҳои мардумӣ қариб се сол мегузарад. Вале то ҳанӯз вазъи татбиқи фармон ва чорабиниҳои дар асоси он таҳияшуда ғайриқаноатбахш аст. Шахсоне, ки маъракаҳои пурдабдаба ва серхароҷот барпо мекунанд, чаро наметавонанд, ки ба мактабҳо кӯмак кунанд ва барои рушди зеҳнии фарзандони худ дар мактабҳо синфҳои компютерӣ ташкил намоянд? Чунин шахсон бояд хуб донанд, ки фарзандони мо аз олам бехабар ва аз пешрафти ҷомеаи башарӣ бенасиб монда истодаанд.

Вобаста ба ин, бори дигар ба масъалаҳои маориф, таълиму тарбия ва тайёр кардани мутахассисон таваҷҷӯҳи шуморо ҷалб кардан мехоҳам. Имрӯз аз 100 ҳазор омӯзгор андаке бештар аз 62 ҳазор нафарашон маълумоти олӣ доранд. Дар бисёр мактабҳо на танҳо муаллимони физикаю математика, забонҳои русию англисӣ, балки муаллимони забону адабиёти тоҷик ҳам намерасанд. Ҳарчанд Ҳукумат барои барқарор кардани инфраструктураи мактабҳои миёна, сохтмони мактабҳо, ҷиҳозонидани синфхонаҳо бо ҷалби ёриҳои башардӯстона миллионҳо доллар харҷ кардааст, вале ҳолати онҳо ҳанӯз дар сатҳи даркорӣ нест. Дар ин бобат чанд масъаларо махсус таъкид кардан мехоҳам:

Якум. Мувофиқи қонун сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф Вазорати маориф танзим менамояд. Мо аз роҳбарияти он талаб мекунем, ки якҷоя бо Вазорати иқтисод ва савдо масъалаи эҳтиёҷ ба кадрҳоро омӯхта, нақшаи пешрафти минбаъдаи соҳаро такмил диҳад.

Гумон мекунам як шӯрои ҳамоҳангсозе зарур аст, ки фаъолияти вазоратҳо ва идораю муассисаҳои дахлдорро муттаҳид карда, дар бораи таъмини стандарти фанҳои таълимӣ, барномаву китобҳои дарсӣ, сатҳи касбӣ ва тарзи қабул чораҳо андешад.

Пеш аз додани литсензия ба мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ зарурати кишварро ба мутахассисоне, ки онҳо тайёр мекунанд, донистан лозим аст.

Дуюм. Ба маълумоти касбӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кардан зарур аст. Мо бояд маълумоти касбиро тавре ба роҳ монем, ки аввалан истеҳсолоти худро бо мутахассисон таъмин намоем, сониян ба он ҷавонон, ки берун аз Тоҷикистон кор карданианд, касбу ҳунар омӯзонем, то дар хориҷа сарсону саргардон нашаванд.

Сеюм. Дар бораи тарбияи завқи эстетикии мактаббачаҳо ва наврасон фикр кардан лозим аст. Мактабиёни имрӯза ояндаи наздик дар олами тамоман дигар кору зиндагӣ хоҳанд кард. Бинобар ин, мо бояд дар фикри фардои онҳо бошем.

Чорум. Вақти он расидааст, ки ба зинаи аввали таълиму тарбия - муассисаҳои томактабӣ бештар диққат дода, кори онҳоро беҳтар ба роҳ монем.

Панҷум. Масъалаи дар маркази шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот ва шаҳракҳо ташкил намудани марказҳои компютерӣ масъалаи муҳим ва талаби ҷиддии давру замон аст. Дар ин бобат мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия, Вазорати маориф ва дигар сохторҳо бояд ҷиддӣ фикр карда, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Шашум. Вазорати маориф, Вазорати иқтисод ва савдо, Вазорати молия, ҳукуматҳои вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба ташкили синфҳои компютерӣ ва умуман компютерикунонии таълим дар мактабҳои миёна барномаи мушаххас таҳия намуда, татбиқи амалӣ ва ҳамаҷонибаи онро дар давоми се сол таъмин намоянд.

Бояд гуфт, ки дар тамоми дунё кормандони динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла ходимони калисоҳо ва дигар ташкилотҳои динӣ аз ҳисоби кӯмакҳои хайрияе, ки аз созмонҳои гуногун ва шахсони алоҳида ҷамъ меоянд, ба сохтани мактабҳо, дармонгоҳҳо, шифохонаҳо ва расонидани ёрии башардӯстона ба шахсони мӯҳтоҷ машғуланд. Дар кишвари мо низ чанд сол пештар ҳама машғули масҷидсозӣ буданд. Оё намешавад, ки ходимони масҷидҳои мо ва кормандони ташкилотҳои динӣ чунин амалҳои некро, мисли ходимони динҳои дигари ҷаҳонӣ анҷом диҳанд ва ҳадди ақал ба мактабҳо кӯмак расонанд ва синфхонаҳои компютерӣ ташкил намоянд. Зеро мартабаи дониш дар дини мубини ислом бисёр баланд аст ва Пайғамбари ислом низ дар яке аз ҳадисҳои худ фармудааст, ки зи гаҳвора то гӯр дониш омӯз!

Масъалаи дигаре, ки ҳалли он ҳам ба кормандони маориф ва ҳам ба кормандони фарҳанг вобаста аст, масъалаи мундариҷа, чоп ва фурӯши китоб мебошад. Вазорати фарҳанг бояд дар мавриди ташкил ва эҳёи шабакаи фурӯши китоб тадбирҳои фаврӣ андешад. Мо бояд ҳамаи китобҳо ё ҳеҷ набошад, аксарияти кулли онҳоро дар кишвари худамон чоп кунем.

Дар оянда татбиқи ҳамаҷонибаи барномаи давлатии рушди саноати полиграфиро ба роҳ мондан лозим аст, то дар мамлакатамон чопи пурраи китобҳои дарсӣ, коғазҳои қиматнок ва дигар маводи полиграфӣ таъмин карда шавад.

Дӯстони гиромӣ!

Вусъати равандҳои ислоҳот дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат, ривоҷи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар ниҳояти кор баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум тақозо менамоянд, ки тамоми қувваҳои ҷамъиятиву сиёсӣ дар таҳкими пояҳои истиқлолият ва давлатдории миллӣ саҳмгузор бошанд. Бояд бар зидди ҳамаи он мамониатҳо, ки садди роҳи пешрафти ҷамъияти мо ҳастанд, мисли қонуншиканӣ, ришвахӯрӣ, зӯроварӣ муборизаи беамон барем.

Агар ба таври дигар гӯем, дар шароити кунунӣ, вақте ки саросари ҷаҳонро як рӯҳия ва дарки нави ҳодисаҳои глобалӣ фаро гирифтааст, мо ба муттаҳидии қувваҳои ҷамъиятиву сиёсие, ки роҳу равиши демократӣ ва ҷанбаи дунявии давлатамонро ҷонибдорӣ мекунанд, аз ҳарвақта бештар ниёзманд ҳастем.

Давлати мо ба инкишофи мутамаддин ва фаъолияти барои ҷомеа судманди ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро онҳо метавонанд имрӯзу фардо афкори ҷамъиятиро доир ба ин ё он масъала ташаккул диҳанд, ба ҷараёни рушди маънавии ҷомеа таъсир расонанд, имконияти нашрияҳо ва воситаҳои таблиғотии худро баҳри амалӣ намудани ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, ҳалли масоили иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ, тарбияи ифтихору худшиносии миллӣ равона созанд.

Дар кори оромиву суботи ҷомеа нақши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ, прокуратура ва суд бузург аст. Вале мақомоти мазкур ин нақшро танҳо дар сурате муваффақона бозида метавонанд, ки сафҳои худро аз шахсони тасодуфӣ тоза нигоҳ доранд, ба сифати кор эътибор диҳанд, донишу малакаи касбиро мунтазам такмил бахшанд, тарбияи кадрҳои ба талаботи меъёрҳои байналхалқӣ ҷавобгӯро ба роҳ монанд, хулоса, намунаи ҷомеа бошанд.

Мақомоти прокуратура бояд назоратро аз болои иҷрои қонунҳо минбаъд низ пурзӯр намоянд ва муборизаро бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ вусъат бахшанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон раванди таҳкими пояҳои давлати демократӣ идома дорад. Ба ин аз бисёр ҷиҳат ислоҳоти ҳуқуқие, ки дар мамлакат оғоз гардидааст, мусоидат менамояд.

Роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон сохтмони ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Мо ин роҳро ба таври бебозгашт интихоб кардаем, вале ҳанӯз дар ибтидои он қарор дорем. Барои расидан ба мақсад ба кӯмаки кишварҳои пешрафта ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ ниёз дорем.

Ба вакилони мардумӣ лозим аст, ки қонунҳои кишварро бо қонунҳои байналмилалӣ мутобиқ созанд. Ва қонунҳое таҳия намоянд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ буда, дар айни замон анъанаҳои миллӣ ва хусусиятҳои халқи моро дар бар гиранд.

Ҳаёт боисрор тақозо мекунад, ки бояд донишу маданияти ҳуқуқии ҷомеа баланд бардошта шавад. Зеро бисёр вақт қонуншиканиҳо ҳатто аз ҷониби шахсони мансабдору соҳибмаълумот ҳам аз надонистани қонунҳо рух медиҳанд.

Бояд гуфт, ки таҳия ва қабули қонуну қарорҳо амали заҳматталаб ва ниҳоят масъулиятнок мебошад. Он саҳлангорӣ, шитобкорӣ ва бесалоҳиятиро намепарастад. Аз ин рӯ, ба қабули қонуну кодексҳо бояд ҷиддӣ ва дақиқкорона муносибат кард. Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон қонунҳоро таҷдиди назар намуда, вобаста ба талаби ҳаёт мукаммал карда истодаанд. Мо низ бо ҳамин роҳ пеш рафта истодаем.

Ҳар қадар қонунҳо бештар таҳрир шаванд ва пухтатар гарданд, ҳамон қадар ба манфиати ҷомеа ва давлат аст. Зеро онҳо на барои як солу ду сол, балки барои як марҳилаи тӯлонӣ таҳия мегарданд.

Ҳамватанони азиз!

Фаро расидани асри нав фақат табдили оддии тақвим нест. Балки бо фаро расидани он ҷаҳон ранги дигар ва мазмуну мундариҷаи нав касб кард. Акнун моро лозим аст, ки дар маҷрои пурталотум ва ҳар дам тағйирёбандаи сиёсати ҷаҳонӣ роҳу равиши худро ёбем, дар ҳолати бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таъсири рӯзафзуни тамаддунҳои гуногун ба якдигар, мавқеи худро муайян кунем, то ҳамқадами давр бошему дар айни замон симо, ҳувият ва асолати миллии худро нигоҳ дорем.

Мо ба ҳадафи олии худ - сохтмони давлати демократӣ ва ишғол намудани мақоми сазовор дар миёни кишварҳои пешрафта ҳамон вақт ноил мегардем, ки дар дили ҳар фарди Тоҷикистон меҳри Ватан, миллат, ифтихор аз давлати худ ва умеди тоза ба фардои нек маъво гирад.

Барои ободию шукуфоӣ ва пешрафту тараққиёти мамлакат доштани майлу хоҳиши нек ҳанӯз кам аст. Меҳнати содиқона, ҷаҳду талоши созанда, азму ниятҳои неки обод кардани диёр ва ба он бахшидани симои замонавӣ, худоса баробари тараққиёти асри нав пеш рафтан моро метавонад ба ояндаи нек ҳидоят намояд.

Дар ин амри хайр пеш аз ҳама шумо, вакилони халқ, бояд саҳми арзанда гузоред, дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт дар паҳлӯи халқи заҳматкаш бошед ва дар ҳар қадами созандагию ободонии мамлакат ба мардум нерӯю ғайрати тоза бахшед. Як сухани нек, як амали ибратбахш, як кору кирдори шоистаи шумо метавонад даҳҳою садҳо фидоиёни воқеиро дилгарм созад, меҳри Ватан, ифтихори миллӣ ва азму ниятҳои неки созандагиро дар замири мардуми оддию заҳматкаш парвариш намояд.

Шубҳае нест, ки бо дастгирии мардуми сарбаландамон аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат мо бо ин роҳ устуворона пеш меравем ва заминаҳои то имрӯз гузоштаамонро густариш медиҳем. Барои муваффақиятҳои минбаъда ба мо танҳо ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва фидокории ҳар як фарзанди бонангу номуси Ватани азизамон - Тоҷикистон лозим аст.

Ба ҳамаатон сиҳатмандӣ, сари баланд ва комёбиҳо орзумандам.

Ташаккур!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520