Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ

05.11.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Имрўз таҳти раёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор гардид.

Хотиррасон бояд намуд, ки ба Шўрои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ як қатор роҳбарони мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти созмонҳои ҷамъиятию ғайриҳукуматии ин соҳа аъзо буда, ба кори он намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳам даъват карда мешаванд.

Дар ҷаласаи навбатии Шўро рафти татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар, лоиҳаи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоили ҳалталаб баррасӣ шуд.

Зимни суханронии Раиси шўро, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла зикр гардид, ки ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули ҳукумати электронӣ дар кишвар аз оғози ин раванди мусбӣ, яъне аз соли 2003 ба ин сўй, таваҷҷуҳи беандоза зоҳир менамояд.

Бо ёдоварӣ аз афзоиши муштариёни алоқаи телефонӣ ва интернет, ки имрўз шумораи яке ба 6 миллион ва дувумӣ ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар расидааст, таъкид гардид, ки нерўи асосӣ барои татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар кишвари мо мавҷуд аст.

Бо вуҷуди ин, таъкид карда шуд, ки барои татбиқи босамари ин ҳадаф, пеш аз ҳама муҳайёсозӣ ва такмили доимии заминаи ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, институтсионалӣ, иттилоотию технологӣ ва омодасозии кадрҳои ҷавобгў ба талаботи муосир зарур мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои марбутаро вазифадор намуд, ки барои омода кардани мутахассисони сатҳи баланд, аз ҷумла хонондани ҷавонону наврасон дар муассисаҳои таълимии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода баранд.

Тазаккур дода шуд, ки марҳилаи аввали татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, яъне омўзиш ва таҳлили ҳаматарафаи инфрасохтори миллии иттилоотӣ ва бунёди шабакаи ягонаи иттилоотӣ ба охир расида бошад ҳам, баъзе самтҳои он, аз ҷумла муайян намудани номгўи хизматрасониҳои оммавӣ тавассути воситаҳои электронӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати технологӣ ва дастрасии пурраи аҳолӣ ба Интернет, ҳанўз ҳамаҷониба ҳал нагардидаанд.

Аз ин хотир таъкид гардид, ки телевизион, радио ва дигар воситаҳои ахбори умум дар тарғиби афзалиятҳои чунин технологияҳои муосир ва таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба онҳо бояд хеле фаъол бошанд.

Тибқи иттилои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, дар марҳилаи дуюм бунёди Шабакаи ягонаи давлатӣ миёни мақомоти ҳокимияти давлатӣ моҳи октябри соли 2011 ба анҷом расида, аз ҷониби комиссияи давлатӣ қабул гардид. «Кунун вазифаи дигар таҳияи лоиҳаҳо барои татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар сатҳи ноҳияҳо ва ҷамоатҳо ва пайваст намудани онҳо бо Шабакаи ягонаи давлатӣ мебошад», - таъкид дошт Президенти кишвар.

Ба андешаи Эмомалӣ Раҳмон, барои муваффақ гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар ин самт бояд миёни ҳукумати марказӣ, мақомоти давлатии маҳаллӣ, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ робитаи бевосита ва ҳамкории босамар ба роҳ монда шавад.

Барои дасткашӣ аз истифодаи доменҳои хориҷӣ дар мукотибаи миёни сохторҳо ва хизматчиёни давлатӣ дастур дода шуд, ки то оғози соли 2012 ҷиҳати рушди почтаи электронии ватанӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Таъкид гардид, ки зимни дар амал татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмини амнияти иттилоотӣ ва умуман амнияти миллии давлат бояд дар мадди аввал бошад.

Андешаю пешниҳодҳои худро доир ба ин мавзўъ, ҳамчунин аъзои шўрои мазкур – Вазири маорифи кишвар Абдуҷаббор Раҳмонов, Президенти Академияи илмҳо Мамадшо Илолов, Директори Академияи электронӣ Асомиддин Атоев, Раиси Ассотсиатсияи операторони алоқаи мобилии Тоҷикистон ғафур Иркаев, Раиси Ассотсиатсияи Тарена Хисрав Содиқов, Директори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бег Зуҳуров, Ректори Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон Анвар Абдурасулов, Директори Институти физики-техникии ба номи С. Умаров ҳикмат Муминов ва Директори Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Академияи илмҳо Толиб Шарипов баён намуда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки барои татбиқи самарабахши технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон аз тамоми имкону захираҳои мавҷуда истифода хоҳанд кард.

Доир ба лоиҳаи Консепсияи ташаккули Ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои ин мақсад таҳия ва пешниҳод гардидааст, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки он бори дигар дар муҳлати 2 моҳ аз ҷониби тамоми мақомоти дахлдор мавриди таҳлилу омўзиш қарор гирад ва бо назардошти таклифу эродҳои воридшаванда, ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520