Имрўз ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Рўдакӣ, Ҳисор, Шаҳринав ва Ёвону Хуросон доир ба вазъи омодагӣ ба зимистон ва рафти киштукори тирамоҳӣ телефонӣ ахбор доданд.
Зикр гардид, ки шаҳру ноҳияҳои мазкур соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, пеш аз ҳама муассисаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба мавсими зимистон хуб омода намудаанд ва барои идомаи кишти такрори ва анҷом додани киштукори тирамоҳӣ чораҳои зарурӣ амалӣ менамоянд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба қафомонии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор ва Ёвону Хуросон аз нақшаи киштукори тирамоҳӣ барои тезондани суръати кор ба роҳбарияти ин шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда пурраю беталаф ҷамъоварӣ карда шавад ва барои саривақту босифат анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз ҳар рўзи офтобӣ ва обу ҳавои мусоид пурсамар истифода намоянд.
Ҳамчунин доир ба оғози мавсими нави ниҳолшинонӣ, бунёди боғу токзори нав ва барқарорсозии боғоти куҳна дастуру ҳидоятҳо