Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар нишасти матбуотӣ бо Сарвазири Малайзия Наҷиб Абдураззоқ

23.06.2014 18:31, Малайзия

Ҷаноби Олӣ
Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ,
Сарвазири Малайзия,
Намояндагони муҳтарами васоити ахбори умум
Хонумон ва ҷанобон,
Дӯстон,

Дар таърихи муносиботи ду кишвар сафари мо ба Малайзия аввалин сафари давлатӣ маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни он мо бо Аълоҳазрат Подшоҳ ва Ҷаноби Олӣ Сарвазири Малайзия суҳбатҳои муфиду муфассал доштем ва музокироти созандаю пурмуҳтавои ҳайатҳои расмии ду ҷониб сурат гирифт.

Ҳамоиши соҳибкорони тоҷику малайзиягӣ, ки баргузории он дар нақшаи сафар омадааст, бояд ба ифтитоҳи уфуқҳои нави ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ мусоидат намояд.

Ҳар ду ҷониб ҳамфикр буданд, ки ҳамкории фарох, фарогир ва созандаи ду кишвар ҷавобгӯи комили манфиатҳои дарозмуддати мардумони мо, густариши ҳамгироии минтақавӣ ва таҳкими сулҳу субот дар Осиё мебошад. Ин нукта дар Эъломияи муштарак дарҷ ёфтааст.

Мо сатҳи ҳосилгаштаи эътимоду ҳамраъйии сиёсии миёни ду ҷонибро баланд арзёбӣ менамоем. Ба андешаи мо, муколамаи мунтазам ва пурмазмуни сиёсӣ минбаъд низ метавонад нақши як навъ муҳаррики ҳамкории фарох ва гуногунҷанбаро иҷро намояд.

Айни замон мувофиқи мақсад мебуд, ки соҳаҳои ҳамкорӣ дар арсаи сиёсӣ аз ҳисоби таъсису оғози кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ ва байниидоравӣ тавсеа дода шаванд.

Дар ҷараёни мулоқотҳои сатҳи олӣ мо ҳамаҷониба ва ба таври муфассал маҷмӯи масъалаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ ва фарҳангии ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор додем.

Ҷонибҳо имконоти бузург ва захираҳои фаровони ҳамкории муфидро зикр карданд ва дар ин иртибот аҳамияти калони санадҳои дуҷонибаро оид ба соҳаҳо ва мундариҷаи ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуданд.

Мо умед дорем, ки доираҳои сармоягузори кишвари дӯсти Малайзия дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаҳои бузургу миёнаи судовари он иштироки фаъол ва мустақим хоҳанд дошт. Ин алалхусус ба барномаҳои дарозмуҳлати рушди саноат, энергетика ва туризм дахл дорад.

Ҳар ду ҷониб мавзӯоти густариши ҳамкории иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва гуманитариро низ баррасӣ намуданд.

Мо доир ба номгӯи фарохи масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намудем ва нисбат ба мавзӯи дарёфти роҳу василаҳои самарадеҳи ҳамкории байниминтақавӣ ва умумиосиёгӣ, ҳамчунин ҳамёрӣ дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории исломӣ ва Ҳаракати адами тааҳуд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудем.

Натиҷа ва самараи мулоқоту музокироти мо дар як теъдод санадҳои байнидавлативу байниҳукуматии имрӯз имзошуда инъикос ёфтанд, ки бо тақвияти асоси қарордодии муносибот дар айни замон барои таҳкими иртибототи мо дар бахшҳои мушаххаси ҳамкорӣ хидмат хоҳанд кард.

Ҷониби Тоҷикистон аз ҷараёну натиҷаҳои бадастомадаи сафари давлатӣ комилан қаноатманд буда, онро чун оғозгари марҳалаи сифатан нав дар густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар арзёбӣ менамояд.

Ман аз Аълоҳазрат Подшоҳ ва Сарвазири Малайзия Ҷаноби Олӣ Дато Сри Моҳд Наҷиб Тун Абдулраззоқ даъват ба амал овардам, ки ба Тоҷикистон сафари ҷавобии расмии давлатӣ анҷом диҳанд.

Умед дорам, ки сафарҳои оянда ба муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Малайзия такони нав мебахшад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520