Шоми имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамшарикии стратегии ду кишвар ва рушди ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Русия барои таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон минбаъд низ идомаи босамар хоҳад дошт. Дар ин росто аз қабул шудани Барномаи навсозии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки бо кумаку ҳамдастии Федератсия Русия амалӣ мешавад, изҳори қаноат карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, ба тасвиб расондани созишномаи байниҳукуматӣ доир ба содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва танзими муҳоҷирати корӣ зоҳир гардид.
Ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки масоили вобаста ба иҷозати воридшавӣ додан ба шаҳрвандони аз Русия ихроҷшудаи Тоҷикистон аз нав баррасӣ шавад. Имкон аст, ки ба қисмати зиёди онҳо дубора чунин иҷозат дода шавад. Ҳамчунин мушкили 400 донишҷӯйи тоҷики дар Русия таҳсилдошта, ки аз ҳуқуқи воридшавӣ ба ин кишвар маҳрум шудаанд, бояд бартараф шавад.
Аз рушди муваффақонаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия изҳори қаноат карда шуд.
Ҳамчунин атрофи мавзӯъҳои сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ ва ҳамгироии судбахши ду кишвар дар ин арсаҳо табодули назар сурат гирифт.