Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Озарбойҷон

16.10.2014 12:02, шаҳри Душанбе

Зимни музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб муҳокимаи масоили ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои сиёсат, мудофиа, амнияти минтақавӣ, иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ ва ҳамчунин густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ идома ёфт.

Ҳарду ҷониб дастовардҳои назаррасро дар соҳаи иқтисод ва тиҷорат таъкид намуда, ҳамзамон фаъолияти бештари Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодиро зарур шумурданд. Дар ин замина ба густариши робитаҳои мустақими миёни доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Озарбойҷон таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.

Мусоидат ба рушди ҳамкории илмию-техникӣ ва фанновариҳои нав ҳам аз мавзӯъҳои асосии музокирот буд.

Зимни баррасии мавзӯъҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба таҳким ва густариши ҳамгироии амниятию дифоӣ дар роҳи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳони муосир таъкид доштанд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ маросими имзои санадҳо баргузор шуд, ки зимни он Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва 4 созишнома ба имзо расид. Зери Эъломияи муштарак сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев имзо гузоштанд. Санадҳои дигари имзошуда инҳоянд:

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ;

- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ;

- Созишнома миёни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкории илмӣ.

Зимни нишасти матбуотӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ба натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду давлат баҳои баланд дода, робитаҳои ояндаи Тоҷикистону Озарбойҷонро дорои дурнамои судбахш номиданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520