Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ

17.11.2014 13:08, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти кишвар, раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи чордаҳуми шӯрои мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 масъала баррасӣ шуд. Инҳо - Гузориш оид ба рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ, фаъолияти Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар вилояти Хатлон, татбиқи Барномаи дастгирии муассисаҳои сохтмонӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2012-2014, муаррифии натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ дар Тоҷикистон, ва лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ мебошанд.

Дар оғози кор, раиси Шӯрои машваратӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд Сума Чакрабартиро дар ҷаласа Шӯрои машваратӣ хайра мақдам гуфта, нақши бонки мазкурро дар татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ баланд арзёбӣ намуд.

Президенти Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд Сума Чакрабарти дар навбати худ оид ба нақши минбаъдаи бонк дар рушди иқтисодии ҷумҳурӣ ва беҳсозии фазои сармоягузориву соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи бомароми як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, молия, навсозии роҳҳо, тиҷорат ва дастгирии бахши хусусӣ ибрози андеша кард. Аз ҷумла бо хушнудӣ тазаккур дода шуд, ки Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ бо дастгирии Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд фаъолият дорад. Бо ёдоварӣ аз фаъолияти босамари шӯрои мазкур таъкид гардид, ки ин бонк минбаъд низ аз фаъолияти он ва ҳам ташаббусҳои дигари Тоҷикистон дар самти беҳсозии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ пуштибонӣ хоҳад кард.

Сипас гузориши Котиби масъули Шӯро, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим оид ба мушоҳидаҳо аз рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ шунида шуд. Зикр гардид, ки қарорҳои дар ҷаласаи сездаҳум Шӯрои машваратӣ қабулгардида ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта, ташкил ва гузаронидани мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорону сармоягузорон, ба анҷом расонидани расмиёти шомилшавии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага, ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон дар соли равон, рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ равона шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши суғурта мукаммал ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» дар таҳрири нав дар ҳоли таҳияшавӣ қарор дорад.

Тазаккур дода шуд, ки 29 октябри соли равон Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Конвенсияи Гаага ё худ Конвенсияи Апостил оид ба бекор намудани легализатсияи ҳуҷҷатҳои расмии хориҷиро ба тасвиб расонд, ки ин барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад намуд.

Бо мақсади ташкили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон бо агентиҳои рейтингии бонуфузи ҷаҳонӣ Standard & Poor’s ва Moody’s ҳамкорӣ ба роҳ монда, аз рӯи натиҷаҳои он моҳи декабри соли равон лоиҳаи хулоса ва натиҷаи минбаъдаи корӣ барои пешниҳоди рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон манзур мегардад.

Вобаста ба мониторинги иҷрои қарорҳои Шӯро ҳамчунин узви Шӯро, роҳбари Намояндагии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон Кристофер Миллер ва намояндаи бахши хусусӣ дар Шӯрои машваратӣ, роҳбари Ассосиатсияи агробизнеси Тоҷикистон Шорауф Шораҳматов изҳори андеша карданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи Раиси Шӯрои машваратии минтақавӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар вилояти Хатлон, раиси ин вилоят Давлатшо Гулмаҳмадзода шунида шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки ҳоло дар вилояти Хатлон 19 лоиҳаи давлатӣ бо сармоягузории хориҷӣ амалӣ мешаванд, ки маблағи умумиашон ба 390 миллион доллари амрикоӣ мерасад. Изҳори бовар карда шуд, ки аз ҳисоби Хазинаи давлатии дастгирии соҳибкории хусусӣ низ лоиҳаҳои зиёд, хусусан дар ноҳияҳои кӯҳистон, амалӣ хоҳанд шуд.

Оид ба масъалаи сеюми рӯзномаи ҷаласа Раиси Кумитаи сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Тоҷикистон Абдувалӣ Комилзода сухан гуфта, вобаста ба рафти татбиқи Барномаи дастгирии муассисаҳои сохтмонӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши сохтмон барои солҳои 2012-2014 гузориш дод.

Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи ҷаласа - натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва ташкили биржаи фондӣ, Раиси Бонки Миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов гузориш дод. Зимни ин гузориш, аз ҷумла, ҳисоботи гурӯҳи корӣ бо тавсияҳои мушаххас ва лоиҳаи Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ муаррифӣ карда шуд.

Доир ба ин мавзӯъ ҳамчунин роҳбари Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Изатулло Лалбеков сухан гуфта, оид ба нақши бахши хусусӣ дар рушди бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва биржаҳои фондӣ ибрози назар кард.

Доир ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа Котиби масъули Шӯро Қодири Қосим маълумот дода, барои баррасӣ дар ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ масъалаи беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди тиҷорати аграрӣ (агробизнес) дар Тоҷикистонро пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҳамаи аъзои Шӯрои машваратӣ дастгирӣ ёфт.

Дар хотимаи ҷаласа Президенти кишвар, раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ Эмомалӣ Раҳмон сухан ронда, ба вазорату идораҳо ва дигар мақомоти масъули давлатӣ вобаста ба ҳар як масъалаи дар ҷаласа баррасишуда дастуру супоришҳои дахлдор дод. Аз ҷумла супориш дода шуд, ки шӯроҳо доир ба беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо таъсис дода шаванд. Таъкид гардид, ки низоми гирифтани иҷозат барои сохтмон тариқи “Равзанаи ягона” ба роҳ монда шавад, то ки ин раванд содда гардад. Ба Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои дахлдор дастур дода шуд, барои ба миён овардани заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии бозори такрории қоғазҳои қимматнок ва ба бозор пешниҳод намудани чунин қоғазҳои давлатӣ чораҳои муассир андешида, амалӣ намоянд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520