Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тантанаҳои марказии наврӯзӣ дар шаҳри Хуҷанд

22.03.2015 18:19, шаҳри Хуҷанд

Бегоҳии имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз майдонҳои варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд бо дастаи чавгонбозони тоҷик шинос шуда, бозии намоишии онҳоро тамошо намуд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, ин бозии миллии тоҷикӣ, ки солҳои охир дар Тоҷикистон аз миён рафта буд, ҳоло дар ҳамкорӣ бо Федератсияи чавгони Ҷумҳурии Исломии Эрон дубора эҳё мегардад.

Ба хотири эҳёи ин намуди бозӣ, тарғибу ташвиқи он дар миёни ҷавонон ва рушди минбаъдааш дар вилояти Суғд тасмим гирифта шудааст, ки  мактаби махсуси варзишии бачагону наврасон оид ба футбол ва чавгон таъсис дода шавад.

Барои омода кардани заминаи ибтидоии эҳё ва рушди чавгонбозӣ 8 нафар варзишгарони шавқманд аз  вилояти Суғд давоми зиёда аз як моҳ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон даври омӯзишӣ гузашта, дорои сертификати махсуси мутахассиси ин намуд шудаанд ва ҳоло машғули ин коранд.

Барои ташкили машқҳо ва бозиҳои чавгон лавозимоти зарурӣ барои 16 асп ва бозигарон аз давлати Аргентина харидорӣ шудааст.

То имрӯз аллакай майдони Чавгон ва утоқҳои махсуси нигоҳубини аспҳо, машқу тамрин ва бозӣ омода шуда, корҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин иқдоми наку басо хушҳол шуда, таъкид дошт, ки ин намуди бозӣ, ки воқеан аз аҳди бостон ин ҷониб моли мардумони тоҷику ориёӣ буду ҳаст, бояд дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон эҳё шуда, рушд ёбад.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои бошукӯҳи наврӯзӣ, ки дар майдони калони варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуда, бори дигар мардуми вилояти Суғд ва кулли Тоҷикистон ва ҳамчунин ҳамватанони бурунмарзию дигар мардумони ҷашнгирандаи Наврӯзи хуҷастапайро бо фаро расидани ин иди ҷаҳонӣ табрику таҳният гуфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520