Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Амфитеатри маҷмааи Арбоб

23.03.2015 15:30, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Нимаи дуюми рӯз дар паҳлӯи қасри фарҳангии Арбоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як бинои зебои амфитеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Амфитеатри маҷмааи Арбоб, ки шакли нимдоира дорад, дар масоҳати умумиии 3,5 га ҷойгир шуда, дорои 7000 ҷойи нишаст мебошад.

Ин иншооти зебои фарҳангию варзишӣ ҳамчунин дорои толор барои тамошобинони олимақом, ҳуҷраҳо барои омодашавӣ ва машқу тамрини ҳунармандон, 2 маҷлисгоҳ ва утоқҳои дигари ёрирасон мебошад.

Андозаи саҳна 80х54-метр буда, намуди барои чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва бозию дилхушӣ пешбинӣ шудааст.

Атрофи саҳна ва дигар гӯшаҳои амфитеатр бо сутунҳои зебо ва нақшу нигор оро ёфтааст.

Даромадгоҳи амфитеатрро ҳамчунин фаввораи даврашакл ҳусни дилкаш мебахшад. Атрофи биноро дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо зебу зиннат медиҳанд.

Дар амфитеатри зебои навбунёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ шоҳиди чорабинии варзишии Рӯзи паҳлавонон ва даври ниҳоии мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ шуданд.

Дар даври ниҳоии мусобиқот паҳлавонони номдор аз ҷумҳуриҳои ҳамсояи Қирғизистону Узбекистон ва аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон қувваозмоӣ намуданд.

Ҷойи авввал ва шоҳҷоизаи мусобиқот – мошини сабукрави тамғаи Hynday насиби паҳлавони машҳури тоҷик Комроншоҳи Устопириён гардид.

Калиди шоҳҷоиза ва дигар ҷоизаҳо ба ғолибони мусобиқоти гуштингирӣ аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520