Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо раиси ноҳияи Файзобод

03.04.2015 19:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён дар робита ба офати табии зери хок мондани 10 нафар сокинони ин ноҳия суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод.

Сарвари Давлат ба раиси ноҳия супориш дод, ки кумакҳои Ҳукумати мамлакатро фавран ба оилаҳои зарардида расонида, изҳори таъзияи Президентро ба оилаҳои қурбоншудагон баён намояд.

Бо дастури Сарвари Давлат комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода ва дигар роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520