Имрӯз байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев гуфтугӯи телефонӣ баргузор гардид.
Сарвари Тоҷикистон Нурсултон Назарбоевро бо ҳафтоду панҷумин солгарди ҳаёти бобарокаташ самимона табрик гуфта, барояш саломатии қавӣ ва комёбиҳои навин орзу кард.
Зимни сӯҳбати гарму бародарона ибрози умед шуд, ки иртибототи дӯстона ва бисёр хуби ду кишвар дар оянда низ рушди матлуб касб намуда, ба нафъи мардумони Тоҷикистону Қазоқистон ва кулли минтақа хизмат хоҳанд кард.