21 ноябр ба Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Аскар Акаев, Раиси Шӯрои Олии Федератсияи Россия, Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви ИДМ Руслан Хасбулатов, ноиби Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Феликс Қулов, Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Юлдошев ба муносибати ба мақоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданаш барқияҳои табрикӣ ворид гаштанд.
Аз он ҷумла дар номаҳои табрикӣ омадааст:
"Ба муносибати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрики гарму ҷушон ва самиии моро қабул фармоед. Дар муътадил гардидани вазъият ва ноил гаштан ба созиши миллӣ дар ҷумҳурӣ ба Шумо барори кор таманно дорем".