Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гузоштани санги асоси бунёди НБО “Себзор” ва мулокот бо сокинони ноҳияи Роштқалъа

29.07.2015 16:22, ноҳияи Роштқалъа

Нимаи дуюми ҳамин рӯз сафари кории Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа идома ёфт.

Дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асоси бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.

Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар саросари кишвар бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обиро ба роҳ мондааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, новобаста аз афзоиши шумораи аҳолӣ-истифодабарандагони асосии неруи барқ ва таъсиси корхонаҳои саноатӣ роҳбарияти давлату ҳукумат барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Сол то сол реҷаи маҳдудияти таъмини неруи барқ кам карда мешавад. Ва ҷойи зикр аст, ки Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ягона минтақаи калони ҷумҳурӣ аст, ки тамоми сол бо неруи барқ таъмин аст.

Лоиҳаи сохтмони Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” бо иқтидори лоиҳавии 10 Мегават бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар давраи солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шудааст.Барои сохтмони неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ равона мегардад.

Сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” дар дарёи Шоҳдара дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар масофаи 15 километр дар қисми шарқии шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст.Баъди ба кор даровардани нерӯгоҳ то 60 нафар кадрҳои соҳибихтисоси маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ шаванд.

Бо сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии “Себзор” бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолт “Себзор - Хоруғ” бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

Дар ноҳияи Роштқалъа низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳия ва ҷавонон мулоқот намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520