Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи Маҷмааи бошукуҳи варзишӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ

30.07.2015 12:43, шаҳри Хоруғ

Баъди гузоштани санги асоси шаҳраки нав дар мавзеи Тем Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ Маҷмааи бошукуҳи варзиширо барои 1700 ҷой ифтитоҳ намуд.

Барои сохтмони ин иншоот, ки масоҳати умумии он зиёда аз 1 гектарро ташкил медиҳад, беш аз 17 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сарф шудааст. Иншооти мазкур дорои толори калон барои 1700 ҷойи нишаст, толорҳои хурд, комплекси барқароркунии саломатӣ ва варзиш, тайёрӣ ва омодагии дастаҳои якачини вилоят барои иштирок дар мусобиқаҳо, чемпионатҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, утоқҳои корӣ ва мехмонхона мебошад.

Ҳамзамон дар дохили бино 5 толори алоҳида барои варзиши намуди бокс, тенниси рӯйи миз, шоҳмот, гуштин ва фитнес сохта шудааст.

Бо бунёди ин маҷмааи варзишӣ ба тамоми мардуми фараҳманди кишвар ва махсусан варзишгарони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имкон фароҳам оварда шуд, ки дар он тамоми фасли сол мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва сатҳи байналмилалӣ доир карда шаванд.

Дар рафти боздид Президенти мамлакат бо варзишгарони наврас теннисбозӣ кард ва дар ракеткаи яке аз бозингарони наврас барои хотира соядаст гузошт.

Дар толори фитнес, ки асосан дар он ҷавондухтарон ба тамрин машғул буданд, Сарвари давлат онҳоро ба машқи пайваста ва ба воситаи варзиш солим нигоҳ доштани бадан ҳидоят кард. Зикр карда шуд, ки машғулияти варзишӣ барои занон хеле муфид мебошад.

Зимни шиносоӣ бо шароити варзишгоҳ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои босифат ва пурраи корҳо ва ба раёсати Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои дастрас кардани таҷҳизоти муосири машқу тамрин дастуру супоришҳо дод.

Баъди ифтитоҳи Маҷмааи бошукуҳи варзишӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо шумораи зиёди ҷавонону варзишгарони вилоят мулоқоти самимӣ доир кард.

Маҷмааи варзишӣ орзуи деринаи ҷавонон ва варзишгарони вилоят ба ҳисоб меравад ва тӯҳфаи арзандаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои насли ояндасози вилоят гардид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки Ҳукумати кишвар ба рушди таълими варзишӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати такмили фаъолияти мактабҳои варзишӣ чораандешӣ менамояд. Қобили зикр аст, ки дар 10 мактаби варзишии вилоят ҳамарӯза 3045 нафар варзишгар, аз ҷумла 607 духтар дар 289 гурӯҳ тамрин менамоянд, ки ба онҳо 189 мураббӣ дарс медиҳанд.

Дар шароити фароҳамоварии заминаҳои зарурӣ варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои сатҳи гуногун маҳорати баланд нишон дода, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ ва унвонҳои варзишӣ гардидаанд.

Баъди суханронӣ дар ҳузури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қувваозмоии финалии паҳлавонон дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯйи гуштини миллӣ баргузор шуд. Барои ҷоизаи олӣ - автомошинаи сабукрав, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда буд, варзишгарон аз дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рауф Зиёбеков ва Шакармаҳмад Мирмаҳмадов мубориза бурданд.

Танҳо бо бартарияти бештари имтиёзҳо Шакармаҳмад Мирмаҳмадов бар ҳарифаш пирузӣ ба даст овард. Калиди шоҳҷоиза - автомобилро дар вазъияти тантанавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ғолиб тақдим намуд.

Дар навбати худ варзишгарон ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон кеманои гуштингириро туҳфа намуданд.

Сокинону варзишгарон ва собиқадорони соҳа ба фаъолият оғоз бахшидани Маҷмааи бошукуҳи варзиширо дар шаҳри Хоруғ бо хушнудӣ истиқбол гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520