Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сафари расмӣ ба Туркманистон

20.08.2015 09:54, Туркманистон

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон субҳи имрӯз бо маросими истиқболи бошукӯҳ дар майдони “Истиқлол”-шаҳри Ашхобод оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  ин майдони зебо бо парчамҳои давлатии ду кишвар, сафҳои горди фахрии Туркманистон ва оркестри асбобҳои нафасӣ ороста буд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Минбаъд маросими бошукӯҳи истиқбол бо гузориши фармондеҳи горди фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузашти сарони ҳарду давлат аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба парчами давлатии кишвари мизбон, салом арза доштан ба афсарону сарбозони горди фахрӣ ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ва корпуси дипломатии муқими Ашхобод идома ёфта, бо расми гузашти низомии ҷузъҳои горди фахрӣ аз назди сарони ду давлат ба поён расид.

Баррасии масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстӣ ва густариши ҳамкории ба ҳарду ҷониб судбахш нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат, Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, оғоз ёфт.

Президенти Туркманистон таъкид дошт: “мо сафари расмии шуморо ба кишвари худ басо муҳим мешуморем, зеро Туркманистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию ҷаҳонӣ, ба хусус дар бахши ҳифзи амну субот ва сулҳу салоҳ мавқеи ҳамсон доранд”. Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин ба рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, саноат ва илму фарҳанг баҳои баланд дода, таъкид дошт, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб аст.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳамсону ягона доштани Тоҷикистону Туркманистонро доир ба аксари масоили байналмилалӣ, аз ҷумла дар самти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хатарҳои ҷаҳонӣ басо муҳим номида, таъкид дошт, ки чунин мавқеъгирӣ заминаи хубе аст барои густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва маърифатию фарҳангӣ.

Изҳори бовар карда шуд, ки мулоқоти музокироти имрӯза ба рушди муносиботи ду кишвари дӯст мусоидати фаъол мекунад.

Аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ба имзо расидани 5 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои тандурустӣ, телевизиону радио, китобдорӣ ва ғайра дар назар аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520