Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикӣ ба муносибати фарорасии Соли 2000-ум

01.01.2000 00:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Баъди фурсате соли ҳазору нӯҳсаду наваду нӯҳ бо мову шумо хайрбод гуфта, ба арсаи таърих Соли нави дуҳазорум — соли охирин ва ҷамъбасткунандаи асри XX қадам мегузорад.

Дар ин лаҳзаҳои сурурбахш инсоният ба ҳудуди ду давраи фаромӯшнашавадаи таърихӣ—интиҳои ҳазорсолаи дуюми милодӣ ва оғози ҳазорсолаи сеюм ворид мегардад.

Мову шумо ҳоло дар миёни ду ҳазорсода қарор дорем, ки ин бахт аз даҳҳо насли одами ба якеаш муяссар мегардад. Ман дар арафаи ин Соли нави таърихӣ, ки чун шаҳпули миёни ду соҳил моро ба сӯйи асри оянда мебарад, тамоми сокинони Тоҷикистонро табрик гуфта, орзу дорам, ки мардуми олам дар симои фарзандони миллати тоҷик ва шаҳрвандони сарзамини мо мардуми сарбаланд, соҳибхирад, заҳматписанд ва созандаро бубинанд ва эҳтиром кунанд.

Воқеан ҳазорсолаи дуюм марҳалаи навбатии сарнавишти миллати кӯҳанбунёду ҷавонбахти тоҷикро ҷамъбаст мекунад.

Ба назари ман оғозу анҷоми ҳазорсолаи дуюм бисёр сабақҳои ибратомузе дорад, ки мову шумо метавонем аз онҳо дарси худшиносию ифтихори миллӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, расидан ба қадри озодию истиқлол ва давлату давлатдории миллиро омӯзем.

Нокомиву пирӯзиҳо ва сӯхтану сохтанҳои ниёгони мо дар тӯли чандин ҳазор сол садҳо лавҳаҳои хотирмонро фаро мегирад, ки ҳар кадоми онҳо дар саҳифаҳои таърих абадан сабт шудааст.

Ман аз миёни санаҳои сершумори таърихӣ як санаи ибратомӯзу такдирсозро мисол меорам, ки ба анҷоми ҳазорсолаи якум ва оғози ҳазорсолаи дуюм, аниқтараш ба соли 999-уми милодӣ рост меояд.

Ин давраест, ки охирин намояндаи сулолаи Сомониён — Абӯиброҳими Мунтасир аз тахт барканор гардид.

Давлатдории тоҷикон, ки дар давраи подшоҳии Сомониён ба авҷи олии инкишоф расида буд, дар даҳсолаи охири асри X бисёр талошу муборизаҳоро ба сар бурда, оқибат рӯ ба таназзул ниҳод.

Ман ин далели таърихиро барои он ёдоварӣ намудам, ки давлати соҳибистиқлоли тоҷикон дар давоми якчанд соли даҳсолаи охирини асри XX айнан чун ҳазор сол муқаддам дар марҳилаи басо тақцирсозу мушкили таърихӣ ва лаҳзаҳои ҳассоси ҳастию нестӣ қарор дошт.

Хатари аз байн рафтани давлату миллати тоҷик ва ба пораҳо тақсим шудани сарзамини ягонаи он воқеан ба мо таҳдид мекард. Душманони дохилию хориҷӣ мардуми дар ҷабҳаи сиёсат корнаозмудаи моро ба гирдоби кашмакашиҳои дохилӣ тела дода, манфиатҳои сиёсию иқтисодии худро пеш бурдан мехостанд.

Хушбатхона, заковати азалии миллати тоҷик боло гирифт, ваҳдату ягонагӣ ва сулху осоиш дар сарзамини мо ҳукмфармо гашт ва ин хатар то андозае аз байн бардошта шуд.

Таҷлили ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён парчаме гардид, ки мардуми моро ба ваҳдат овард, ҳуввияти миллӣ ва ҳисси худшиносии онҳоро боло бурд, оромиву осудагӣ ва сулҳу суботро дар мамлакат пойдор сохт, эҳсоси расидан ба қадри истиқлолияту давлатдории миллиро дар замири сокинони ҷумҳурӣ бедор кард ва раванди бунёдкориву созандагиро ба меъёри ҳаррӯзаи зиндагӣ табдил дод.

Гузашта аз ин, аҳли олам халқи тоҷикро чун вориси воқеӣ ва парчамбардори асили Сомониён, чун миллати соҳибдавлату дорои таърихи кӯҳан ва мероси бузурги фарҳангӣ бори дигар шинохт.

Муҷассамаи бузурги Исмоили Сомонӣ ва муҷтамаи мӯҳташами меъморӣ дар шаҳри Душанбе зиёратгоҳи тамоми сокинони ҷумҳурӣ ва тоҷикони ҷаҳон гардида, ба меҳвари воқеии ваҳдату дӯстӣ табдил ёфт.

Дар баробари ин баъди ҳазор сол таърих ба мову шумо хушдор медиҳад, ки боз як имконияти воқеии истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва бунёди давлатдории миллиро бароямон фароҳам овардааст.

Воқеан ҳам чунин имконияти таърихӣ дар тӯли чандин аср як бор муяссар мегардад.

Барои ҳамин мову шумо бояд рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии худро хуб дарк намоем ва шукри онро кунем, ки ба марҳилаи нави таърихи башарият ҳамчун давлати мустақили миллӣ ва созандаи такдири ояндаи хеш қадам мегузорем.

Бунёди давлати соҳибистиқлоли миллӣ дар асл кори осони яксолаву дусола нест ва дар оғози ҳазорсолаи нав низ бар дӯши мову шумо вазифаҳои басо душвор, вале пурифтихорро мегузорад.

Ин вазифаҳо қабл аз ҳама пуштибонии истиқлолият, сиёсати вахдати миллӣ ва сулҳу созиш, таъмини ризоияти ҷомеа ва волоияти қонун, таҳкими истиқлолияти сиёсй, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакат, густариши низоми ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ бо дарназардошти суннату анъанаҳои давлатдории миллӣ ва арзишҳои ахлоқиву фарҳангии халқи тоҷик мебошанд.

Дар айни ҳол татбиқи сиёсати иҷтимоӣ моро водор месозад, ки дар баробари истифодаи арзишҳои демократӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, алалхусус гурӯҳҳои камбизоат ва нодори мардум, рушди ҳамаҷониба ва дастраси соҳаи маорифу тандурустӣ, ҳимояи ҳуқуқи занон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҳифзи оила ва пешбурди сиёсати оқилонаи демографӣ, танзими урфу одат ва расму оинҳои миллӣ ва риояи дигар меъёрҳои адолати иҷтимоиро ба роҳ монем.

Одатан дар остонаи соли нав одамон корҳоеро, ки дар давоми сол анҷом додаанд, пеши назар меоранд ва барои соли оянда нақшаҳо мекашанд.

Нақша ва вазифаи ҳамаи мо дар соле, ки омада истодааст, таҳкими комёбиҳои бадастовардаамон мебошад. Дастоварди мӯҳимтарини мо сулҳу оромӣ ва ризоияти ҷомеа мебошад, ки ба хотири ҳимояи он хурду калони кишвар масъулият доранд.

Таҷрибаи нодири Ҳукумати Тоҷикистон дар масъалаи дар мамлакат фароҳам овардани фазои сулҳу оштӣ ва баргардонидани фирориён ҳамчун усули бесобиқа дар давлатдорӣ аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва бисёр мамлакатҳои ҷаҳон мавриди омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст.

Ҳадафҳои барномавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки ду сол муқаддам ба имзо расида буд, зина ба зина дар ҳаёт татбиқ гардиданд.

Мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ сабру таҳаммул ва бурдбории фарзандони миллати тоҷикро бори дигар нишон додем, ки силоҳро ба замин гузошта, масъалаҳои баҳснокро бо роҳи музокирот ва гузашту муросо ҳал намуданд.

Ҳаёт собит месозад, ки такя намудан ба халқ ва ба асос гирифтани майлу иродаи мардуми заҳматкаш оқибат ба пирӯзӣ мебарад. Мақсаду мароми халқи мо, ки сулху салоҳ ва ваҳдату ҳамдигарбахшй буд, ҳама гуна кӯшиши ҷудоиандозӣ оқибат шикаст хӯрд.

Халқ худаш роҳи сулҳро интихоб кард ва ин роҳ чун кутбнамо моро ба сӯии созандагӣ ва бунёдкориҳо ҳидоят намуд.

Ба шарофати сулху салоҳ мо тавонистем дар давоми ду сол сохтмони чандин иншоотҳои барои пешрафти мамлакат такдирсозро ба анҷом расонем. Худи шумо хуб медонед, ки дар арафаи ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён дар ҷумҳурии мо бештар аз 500 иншоотҳои истеҳсолию маъмурӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ба истифода дода шуд.

Фикр мекунам, ки дар бораи иншоотҳои бунёдгардида ҳоҷати батафсил сухан гуфтан нест, зеро шумо тавассути воситаҳои ахбори омма аз рафти сохтмони онҳо огоҳ ҳастед.

Фақат ҳаминро мехоҳам зикр намоям, ки дар тарҳрезии созандагию бунёдкориҳо мо бояд камаш панҷоҳ соли ояндаро ба ҳисоб гирем. Тақдири ояндаи Ватан ва сарнавишти наслҳои минбаъдаро дар асри XXI пешбинӣ намоем.

Ба ҳамин хотир мо ба бунёди иншоотҳои тақдирсоз рӯ овардем, бори гарони марҳилаи созандагиро бар дӯш гирифтем.

Сохтмони туннели Анзоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа— Кӯлоб, роҳи байналхалқии мошингарди Душанбе—Кӯлоб— Хоруғ—Кулма—Қароқурум, ба истифода додани кони гази Хоҷасартез, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда ва идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегие мебошанд, ки дар асри XXI истиқлолияти иқтисодию энергетикии ҷумҳуриро таъмин месозанд.

Мо шоҳрои Бузурги абрешимро мувофиқи тақозои асри XXI бунёд намуда, кӯшиш мекунем, ки аз бунбасти мавҷуда раҳо ёбем ва дар иҳотаи кишварҳои гуногун соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти воқеиро пуштибонӣ намоем.

Албатта, бунёди ин иншоотҳои азим ва тақдирсоз барои мову шумо осон нест. Вале чораи дигар надорем. Ба хотири ояндаи фарзандон, ба хотири такдири минбаъдаи миллату давлати соҳибистиқлол, барои раҳидан аз пойбандии иқтисодию иҷтимоӣ мо бояд даст ба даст дода, ҳамаи мушкилиҳоро паси сар намоем.

Таҷрибаи таърих гувоҳӣ медиҳад, ки истиқлолияти воқеиро танҳо бо заҳмати гарону азми қавии созандагӣ ва фарҳанги баланди ватандорӣ ҳифз кардан ва таҳким бахшидан мумкин аст.

Барои ҳамин то худамон бо дасту дили гарм ба ободонию созандагӣ шурӯъ накунем, аз пайи таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат нашавем, сатҳи зиндагиро баланд набардорем, касе омада Ватани мову шуморо беғаразона обод намекунад.

Табиат барои мову шумо тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст, фақат азму иродаи созандагӣ ва меҳнати ҳалол метавонад мамлакати моро ба сафи кишварҳои пешрафтаи олам бирасонад.

Тоҷикистон сарзаминест, ки дар ҷаҳон ҳамто надорад ва захираи сарватҳои табииаш барои садсолаҳо басандаанд. Танҳо захираи обаш шаст фоизи тамоми обҳо, аз ҷумла обҳои нӯшокии Осиёи Миёнаро фаро мегирад.

Ва пурарзиштарин сарвати ин сарзамин халқи меҳнатдӯст, мардуми созандаву бунёдкор ва бофарҳангу соҳибтадбири мо мебошад.

Шубҳае нест, ки Тоҷикистон дар асри XXI ба яке аз бонуфузтарин кишварҳои содиркунандаи нерӯи барқ ва оби нӯшокӣ табдил хоҳад ёфт.

Одатан, ҳангоме ки сухан дар бораи дастовардҳои сол меравад, мо беихтиёр комёбиҳои соҳаи иқтисодро пеши рӯ меорем. Вале ба назари ман дар давоми чанд соли охир дар қиёси соҳаи иқтисод сатҳи фарҳанг, тафаккури миллӣ, худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ вамасъулияти шаҳрвандии халқи мо боло рафтааст.

Сабақҳои истиқлолият ва худшиносӣ дар арафаи ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён доираи васеи сокинони ҷумҳуриро водор намуд, ки ба қадри забони модарӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва таърихи кӯҳани миллати хеш бирасанд.

Дар ҳамин замина рӯҳбаландии халқ афзуд, вахдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа вусъат ёфт, интихоби бошууронаи роҳи оянда ва дар маҷмӯъ фарҳанги сиёсии мардум боло рафт.

Миллати кӯҳанбунёди тоҷик дар тӯли сарнавишти таърихии хеш заҳри идеологияи бегонапарастиро борҳо чашидааст.

Маҳз бо ҳидояти ҳомиёни бегонапараст миллати мо борҳо гирифтори фоҷиаҳои талх гардида, қариб буд аз забони модарӣ, мероситаърихию фарҳангӣ ва дастовардҳои қадиму ҷадидаш маҳрум шавад.

Ин моро водор мекунад, ки аз парастиши кӯр-кӯронаи фарҳангу тамаддуни аҷнабиён ва пушти по задани таъриху тамаддуни деринаи хеш даст кашида, Ватан, забон, фарҳанг, мероси таърихӣ, рамзҳои давлату давлатдорӣ, Конститутсия, ҳудуди ягонаи марзӣ ва амнияти мамлакат, истиқполияти миллӣ ва соҳибихтиёрии давлатро пос дорем ва пуштибонӣ намоем.

Дӯстони азиз!

Баъди Соли нав дар пеш боз як маъракаи бузурги сиёсӣ—интихоби Парламенти нав истодааст. Интихоби Парламенти нав такдири ояндаи мамлакатро ҳал мекунад.

Ба ҳайати Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ пешбарӣ намудани номзадҳои арзанда ва интихоб кардани вакилони босалоҳият, поквиҷдон ва ватанпарвар дар пеши ҳар як интихобкунанда чун қарзи шаҳрвандӣ истодааст.

Интихоби вакилон ба Парламенти нав бояд дар заминаи меъёрҳои демократӣ, озодона, бе ягон фишороварӣ сурат гирад. Аз болои ҷараёни интихобот намояндагони ташкилотҳои байналхалқӣ, нозирони кишварҳои гуногун, шахсони боэътимоди ҳизбу созмонҳои сиёсӣ ва дигар шахсони ваколатдор назорат хоҳанд кард.

Бори дигар такрор мекунам, ки овоздиҳӣ ба таври демократӣ ва озодона мегузарад ва ҳар кас метавонад ба вакили дилхоҳаш овоз диҳад.

Интихобкунандагон бояд дар хотир дошта бошанд, ки интихоби Парламент маъракаи ниҳоят ҷиддист.

Ба ибораи дигар, такдири халқ дар дасти худи ӯст.

Дар Парламент шахсоне аз номи халқ сухан ронда, манфиатҳои вайро ҳимоя карда метавонанд, ки ҳам дасташон ва ҳам дилу нияташон пок бошад, босаводу босалоҳият ва ба миллату Ватан дилсӯз бошанд.

Аз ин рӯ, халқ набояд дар интихоби худ хато кунад.

Дар баробари ҳамин, мехоҳам таъкид созам, ки фаъолияти вакилони ояндаи парламент ба интихоб-кунандагон ва умуман ба тамоми мардум бояд чун оина равшан бошад.

Халқ бояд фаъолияти гузаштаи номзадҳои худро донад. Дигар ин ки Комиссияи марказии интихобот ва комиссияҳои ҳавзаҳои интихоботӣ якҷоя бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ масъалаи декларатсияи ҳар як номзадро зери назорати қатъӣ гиранд.

Биёед волоияти қонун ва тартиботро аз фаъолияти номзадҳо ба мақоми олии қонунбарор оғоз кунем ва минбаъд риояи онро то поён талаб намоем.

Раванди қонуниятҳои ҳаёт ва меъёрҳои ҷомеаи демократӣ аз мову шумо тақозо дорад, ки дар остонаи асри XXI чун фарди соҳибмаърифати дорои фарҳанги баланди сиёсӣ ва дониши мукаммали замонавӣ қадам гузорем.

Ин амри замон қабл аз ҳама ба ҷавонон равона шудааст. Зеро асри оянда асри ҷавонон, асри болоравии сатҳи илму фарҳанг, замони кору пайкори фикрӣ, ақли кайҳонгир ва тафаккури созанда мебошад.

Ҷавонон аз имрӯз бояд маърифати сиёсиашонро сайқал диҳанд, дар интихоби Парламенти нав фаъолона ширкат варзанд, ба адои вазифаҳои масъулиятноки давлатӣ ва идоракунии мамлакат омода бошанд.

Онҳое ба пешравӣ ва дастовардҳои бузург ноил мегарданд, ки аз овони наврасию ҷавонӣ дар назди худ мақсадҳои бузург гузошта, аз пайи амалӣ сохтани он талош варзанд.

Талаботи асри оянда низ чунин хоҳад шуд, ки мо илму техника ва фарҳанги миллиро бояд босуръат тараққӣ диҳем. Модоме ки мо роҳи бунёди давлати дунявӣ ва мутамаддинро пеш гирифтаем, бояд Ватани худро ба кишвари аз лиҳози илму техника пешрафта табдил диҳем.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ба хоҷагии ягонаи ҷаҳонӣ дилпурона дохил шавем ва бо дигарон дар сатҳи баробар муомила кунем.

Дар бораи иштироки ҷавонон дар интихоби Парламент сухан ронда, мақоми созандаву офарандаи занро дар асри оянда бори дигар таъкид менамоям. Ҷомеае, ки ба заковати фитрӣ ва нерӯи созандаи зан такя намекунад, ҷомеаи демократию дунявй ва дорои адолати иҷтимоӣ шуда наметавонад.

Зеро зан на танҳо модари мушфиқ, такягоҳи оила ва соҳиби хонаи ободи мову шумост, балки роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол, узви созанда ва комилҳуқуқи ҷомеа ба шумор меравад.

Боварӣ дорам, ки занони ҷумҳурӣ на фақат дар интихоби намояндагони Парламенти нав саҳми муносиби худро мегузоранд, балки аз ҳисоби занҳои боғайрат, лаёқатманд ва корозмуда вакилони худро пешбарӣ менамоянд.

Дар фароварди сухан мехоҳам қайд намоям, ки фарорасии Соли нав ба даҳаи охири моҳи шарифи Рамазон рост омадааст. Одатан, мардуми мо дар ин даҳа ба хайру саховат, бечоранавозӣ ва накӯкорию додани фитри рӯза рӯй меоранд.

Бузургтарин савоб ба назари ман дар ин шабу рӯз гирифтани дасти бечораҳолон, навозиши сари ятимон, пуштибонии пиронсолону дармондагон аст. Алалхусус, додани фитри рӯза ба ятимону эҳтиёҷмандон дар аҳкоми шариат фарзи аввал ва савоби волотарини охират аст.

Бори дигар ба ҳамаи шумо Соли навро табрик гуфта, орзумандам, ки он ба ҳар як хонадон файзу баракат, тинҷию осудаҳолӣ ва бахту саодат орад.

Соли нави интиҳои асри XX ва оғози асри XXI барои сокинони Тоҷикистони озод ва соҳибистиқлол муборак бошад!

Ташаккур!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520