Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоӣ бо корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ дар шаҳри Кӯлоб

31.08.2015 13:15, шаҳри Кӯлоб

Аз маҳалли бунёди бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи кор ба корхонаи коркарди шир ва маҳсулоти қаннодӣ ташриф овард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳи коркарди шир, ки бо хати нави технологӣ муҷаҳҳаз шудааст, бо пахши тугма ба фаъолияти он асос гузошт.

Дар ин коргоҳ 12 нафар занону духтарон бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин шуда, дар як шабонарӯз 10 тонна шир коркард шуда, бештар аз 10 номгӯи маҳсулоти ширӣ аз ҷумла, қаймоқ, творог, маска, ёгурт, чакка, дуғоба ва дигар маҳсулот истеҳсол мешавад,  ки дар бозори худи шаҳри Кӯлоб ба он талабот зиёд аст.

Маҳсулоти барои коркард тибқи шартномаи тарафайн аз ҳисоби хоҷагиҳои чорводории ноҳияҳои вилоят ва аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Кӯлоб қабул мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин коргоҳ барои беҳтар кардани сифати маҳсулот маслиҳатҳои муфид дод.

Иттилоъ дода шуд, коргоҳи истеҳсоли шир, дорои озмоишгоҳ, анбори калони нигоҳдории маҳсулот мебошад, ки  аз ҷониби  роҳбарияти  «Комбинати шири Душанбе» дар ҳаҷми 285 ҳазор сомонӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо харҷи зиёда аз 2 миллиону 193 ҳазору 750 сомонӣ таҷҳизоти муосири соҳавӣ ворид ва васлу насб шуд.

Корхона аз 7 коргоҳи истеҳсолӣ иборат буда, фаъолияти ҳар кадоми он ба истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум равона шудааст.

Тавре маълум гардид, бо ифтитоҳи коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Кӯлоб таъсиси ҷойҳои нави корӣ зиёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти аълосифат низ афзун мешавад.

Комбинати шири шаҳри Кӯлоб азнавсозӣ шуда, бо хатҳои нави технологӣ таъмин гардидааст, ки дар он истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонӣ, ширӣ ва обҳои ранга ба роҳ монда шудааст. Сарвари давлат бо шароити кори ин коргоҳ низ аз наздик шинос шуда, ба коргарон барои истеҳсоли маҳсулоти хушсифат, рақобатпазир ва воридотивазкунанда дастуру ҳидоятҳо дод.

То ин муддат дар корхонаи шири шаҳри Кӯлоб танҳо маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешуду халос ва дар он шумораи ками сокинон фаъолият мекарданд. Бо кашонидани хатҳои нави технологӣ акнун 80 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.

Корҳои таъмиру азнавсозии биноро сохтмончиёни маҳаллӣ ба итмом расонидаанд ва ин як тадбири муҳим дар самти таъмини аҳолӣ бо ҷойи корӣ дар маҳалли зист мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми соҳибкори ватандӯст барои ин кори нек изҳори сипос намуд ва дастур дод, ки барои дастрас кардани шири хушсифат бо ҳолӣ ҳамкории зичу пурсамарро ба роҳ монда, ҳарчи бештар маҳсулоти хушсифат ва ба талаботи бозор ҷавобгӯ истеҳсол намоянд.

Сафари кории Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб идома дорад. Дар назар аст, ки нимаи дуюми рӯз Сарвари давлат дар тантанаҳои идона ба хотири 700 – солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар боғи марказии фарҳангӣ фароғатӣ иштирок ва суханронӣ менамояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520