Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Супоришҳо вобаста ба тадбирҳои зиддибӯҳронӣ

01.09.2015 12:40, шаҳри Кӯлоб

Баъди анҷоми суханронӣ ва саволу ҷавоб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба самъи иштирокчиён баъзе андешаҳои худро доир ба вазъи молиявию иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, инчунин таъсири он ба иқтисодиёти кишвари мо ва чораҳое, ки аз ҷониби ҳукумат бояд дар самти кам кардани таъсири манфии вазъи баамаломада андешида шаванд, пешниҳод намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки солҳои охир ва хусусан соли ҷорӣ таъсири вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳонӣ, коҳишёбии суръати рушди иқтисодӣ ва қурби асъори миллии шарикони асосии тиҷоратии кишвари мо, тағйирёбии нархи молу маҳсулоти асосии содиротиву воридотӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакати мо идома дорад.

Ин раванд ба фаъолияти соҳаҳои ба содирот нигаронидашуда, низоми молия ва бонк, қурби пули миллӣ, ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ ва даромадҳои пулии аҳолӣ таъсири манфии худро расонида истодааст.

Ҳукумати мамлакат барои кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти ватанӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ мандешад.

Вобаста ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои давлатӣ ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор кард, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди мусбати соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тамоми кӯшиши худро ба истифодаи васеи имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷудаи кишвар барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини бозори дохилӣ, рушди бахши хусусӣ ва ҷалби сармоя, диверсификатсияи истеҳсолот ва тақвияти имкониятҳои содиротии мамлакат, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати хароҷоти самараноку сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ кардани хароҷоти дуюмдараҷа барои хоҷагидорӣ, исрофкорӣ ва дигар чорабиниҳое, ки дар шароити имрӯза афзалият надоранд, тадбирҳо андешанд.

Ҳамчунин, зарур аст, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат бо истифода аз имкониятҳои воқеии кишвар барои рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, пеш аз ҳама, бо роҳи коркарди ҳарчи пурраи ашёи хоми ватанӣ ва ба ин восита ташкил кардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва афзун намудани иқтидори содиротии кишвар чораҷӯӣ карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ раҳмон иброз дошт, ки ҳоло мо бо мақсади фароҳам овардани шаклҳои пешқадами хизматрасонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва умуман дар ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ба раванди рушд ва таъсиси муассисаҳои ҳозиразамони шакли моликияташон гуногун ва таҳкими пояи моддию техникии онҳо суръат бахшида истодаем.

Дар робита ба ин, дар доираи тадбирҳои иловагии Ҳукумати мамлакат дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ кӯшиш ба харҷ додан зарур аст, ки таъсири манфии буҳрон ба соҳаҳои иҷтимоӣ ҳарчи камтар карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шароити бамиёномада ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, кулли хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорон ва мардуми кишварро бори дигар огоҳ наммуд, ки ба сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз хароҷоти зиёдатӣ ва исрофкориву зиёдаравӣ худдорӣ намоянд.

Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки бо сабаби афзоиши аҳолӣ ва гармшавии иқлими сайёра нархи маҳсулоти ғизоӣ дар бозори ҷаҳонӣ торафт боло рафта истодааст.

Вобаста ба ин, мо чанд сол инҷониб мардумро огоҳ карда истодаем, ки ҳар оила бояд захираи на камтар аз дусолаи маводи озуқаро дошта бошад, изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Хусусан, имсол, ки ҳосили ҳамаи намуди маҳсулоти кишоварзӣ фаровон шуда, нарх дар бозорҳо низ муътадил аст. Зарур аст, ки аз ин имконият ҳар як оила хуб истифода намояд.

Вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо соҳибкорон ва мардум барои ҳарчи бештар таъсис додани корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коргоҳу марказҳои хизматрасонӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, умуман рушди соҳибкории хурду миёна ва фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ чораҷӯӣ намоянд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардумро ҳушдор дод, ки имсол эҳтимоли бисёр сард омадани тирамоҳу зимистон мавҷуд аст, зеро тибқи мушоҳидаҳо ва таҷрибаи мардуми калонсоли мо соле, ки тобистонаш бисёр гарм омад, зимистонаш сарду тӯлонӣ мешавад.

Бо мақсади омода намудани соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвар ба фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода “Нақшаи чорабиниҳо оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2015 -2016” таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат тасдиқ шудааст.

         Ҳалли ин масъала танҳо аз сохторҳои давлатӣ вобаста набуда, аз тамоми ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ низ вобастагӣ дорад.

         Бинобар ин, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҳар як оила бояд ҷиҳати омодагии ҳаматарафа ба тирамоҳу зимистони дарпешистода аз тайёрии хонаву манзили зист сар карда, барои захира кардани маҳсулоти озуқа, маводи сӯхт, тухмӣ ва пурра омода намудани тамоми муассисаву иншооти аҳаммияти иҷтимоидошта, дар навбати аввал, мактабу беморхонаҳо, роҳҳо, шабакаҳои барқу гармидиҳӣ ва монанди инҳо  чораҳои бетаъхир андешанд.

         Инчунин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи мардум, аз ҷумла донишҷӯён ва ҷавонони кишварро бори дигар ба масъалаи тарбияи фарзандон, пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намуд.

         Имрӯз ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ ва терроризми байналмилалӣ дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон босуръат доман паҳн карда, ҳамчун вабои аср ба амнияти минтақаву давлатҳои алоҳида ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдиди ҷиддӣ ба вуҷуд овардааст.

Торафт афзоиш пайдо кардани нуфузи гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия, Ироқ ва қаламрави баъзе кишварҳои дигар, инчунин ваҳшонияти асримиёнагии онҳо ба масъалаи глобалии ҷаҳони муосир табдил ёфтааст.

Ҳамроҳ шудани баъзе шаҳрвандони мо ба чунин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ҳар яки моро водор месозад, ки барои пешгирӣ кардани ин раванди хатарнок ва вабои аср ҷиддӣ ва дастҷамъона кор кунем ва давлату Ватани худро аз ҳар гуна хатарҳои даҳшатбор эмин нигоҳ дорем.

Мо бояд коре кунем, ки ҷавонони мо гирифтори доми фиреби гурӯҳҳои бегонаи манфиатҷӯй нагарданд.

Мо ба ҷавонони далеру ғаюри кишвар бояд фаҳмонем, ки онҳо бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ ба давлату Ватани хеш содиқ бошанд, зарари бегонапарастӣ ва фиребу найранги созмонҳои террористиву ифротгаро, бахусус амалҳои фоҷиабори онҳоро, ки номи дини мубини исломро доғдор месозанд, хуб дарк кунанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи Ватан аз таҳдиди хатарҳои муосир омода бошанд.

Вобаста ба ин, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, кумитаҳои кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, занон ва оила, оид ба дин ва танзими расму оинҳо ва анъанаҳои миллӣ, Академияи илмҳо, Маркази тадқиқоти стратегӣ, Маркази исломшиносӣ, Шӯрои уламои Маркази исломӣ, Шӯрои ҷамъиятӣ, Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Шӯрои куҳансолон вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳли ҷомеа ва хусусан, дар байни ҷавонон пурзӯр намоянд.

         Ҳамаи падару модарон, пиронсолон, фаъолони шаҳру деҳот, устодону омӯзгорон ва аҳли зиёро бори дигар даъват менамоям, ки ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва созандагӣ ба камол расонидани онҳо ҷиддӣ муносибат кунанд.

Ҷавонони мо бояд ҳамаи  саъю талоши худро ба омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар равона созанд, то ояндаи сазовори ин Ватан ва ин сарзамини муқаддас, яъне Тоҷикистони азизамон гарданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар охир хотирнишон намуд,ки мо - ҳама хурду бузурги кишвар вазифадорем шукронаи истиқлолият, яъне неъмати бебаҳои тақдирро ба ҷо орем, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва беҳтар гардонидани некӯаҳволии халқи азизамон бошем.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520