Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луис Горатсио Гомес Ечеверри

19.04.2012 10:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ёвари дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари ҳайати Комиссияи олии СММ оид ба татбиқи ташаббуси «Энергияи устувор барои ҳама» Луис Горатсио Гомес Ечеверри-ро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону СММ, пеш аз ҳама дар соҳаи обу энергетика ва таъмини рушди устувор, баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иқдоми Дабири кулли СММ – ро доир ба «Энергияи устувор барои ҳама» «идомаи мантиқии саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ин самт» номида, аз пазируфта шудани Тоҷикистон чун яке аз 5 кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар ин барнома изҳори хушнудӣ намуд.

Хотиррасон гардид, ки тибқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд то соли 2030 ба 3 ҳадафи асосӣ дастёб шавад. Инҳо дастрасии умумӣ ба энергия, ду баробар зиёд шудани фоида аз самарабахшии энергетикӣ ва ду баробар афзун намудани истеҳсоли энергияи таҷдидшаванда дар ҷаҳон мебошанд. Дар ин муддат бояд дастрасӣ ба нерӯи барқ барои 1,3 миллиард нафар ва ба сӯзишворӣ барои 2,7 миллиард кас аз аҳолии сайёра, ки ҳоло аз ин неъматҳои моддӣ маҳруманд, таъмин гардад.

Луис Горатсио Гомес Ечеверри ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу энергетика ва дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд низ ин кишвар дар сатҳи ҷаҳонӣ фаъолу ташаббускор хоҳад буд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Тоҷикистон чун кишвари пилотӣ (озмоишӣ) дар татбиқи иқдоми «Энергияи устувор барои ҳама» дар амалӣ намудани барномаҳои энергетикии худ аз кумакҳои фаровони ҷомеаи ҷаҳонӣ бархӯрдор хоҳад буд, зеро мардуми кишвар ба нерӯи устувори барқ дар ҳамаи фаслҳои сол дастрасӣ надоранд.

Мусоҳибон ба дурнамои рушди соҳаи гидроэнергетикаи Тоҷикистон баҳои баланд дода, таъкид доштанд, ки он яке аз манбаъҳои асосии энергияи таҷдидшаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тозаю безарар мебошад.

Дар мулоқот, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваччуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520